Энеолит ва асри биринҷи Тоҷикистон

Саразм. Яке аз ёдгориҳои қадимтарини давраи энеолит ва аввали асри биринҷи Осиёи Миёна шаҳркадаи Саразм мебошад. Он дар Тоҷикистон 15 км  ғарбтар аз шаҳри Панҷакент ҷойгир буда, 100 гектарро дар бар мегирад ва ба солҳои 3400 – 2000 п.м. мансуб аст. Шаҳри Саразм дорои қаср ва маъбад, маҳаллаҳо ва кӯчаҳо буд. Саразмиҳо бо кишоварзӣ ва чорвопарварии хонагӣ машғул буданд. Истеҳсол ва коркарди фулузот низ хеле инкишоф ёфта буд, маъданро аз конҳои гирду атроф мегирифтанд. Ҳини ҳафриёт кӯрраҳои фулузгудозӣ, хумдонҳои сафолпазӣ ва 150 намуд ашёҳои биринҷӣ ба монанди корд, ханҷар, табарзин, нӯги найза, мӯҳри сурбӣ, ашёҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ ёфт шудаанд. Заргарӣ, чармгарӣ, ресандагӣ, бофандагӣ ва соҳаҳои дигар низ тараққӣ карда буд. Саразмиҳо бо  сокинони ҷанубу шарқии Туркманистон, шимоли Эрон ва Балуҷистону Сиистон иртиботи фарҳангӣ доштанд.

Асри биринҷи водиҳои Кӯлоб, Вахш ва Ҳисор. Асри биринҷ дар ҷануби Тоҷикистон дар охири ҳазорсолаи II п.м. сар шудааст. Дар Хатлон чор деҳкадаи асри биринҷ ёфт шудааст: Кангурттут, Баракиқуруқ ва Тегузак дар ноҳияи Данғара ва Даҳана дар ш. Норак. Ҳамаи онҳо дар шароити якхелаи табиӣ – адирҳои доманакӯҳ, ки барои чорводорӣ ва зироаткории лалмӣ хеле мувофиқанд, ҷойгиранд. Сокинони ин деҳаҳо дар каппаҳо ва хонаҳои хурду калони таҳкурсии сангин, оташдон ва чоҳҳои ғалла дошта, зиндагӣ мекарданд. Онҳо бо зироаткории лалмӣ машғул буда, ҷав ва гандум мекоштанд. Чорводорӣ низ инкишоф ёфта буд, гов, буз ва гӯсфандро парвариш мекарданд, асп, хар ва саг низ доштанд. Кулолгарӣ низ инкишоф ёфта буд. Урфияти хоси гӯркунӣ доштанд – дар қабрҳо зарфҳои сафолӣ ва ашёи дигар ҳастанд, аммо устухони мурдаҳо нестанд. Сабаби ин маълум нест.

Дар охири асри биринҷ дар поёноби Вахш, Қизилсу ва дар Бешкент чорводорони маҳаллӣ – бохтарӣ зиндагӣ мекарданд ва аз худ якчанд гӯристон боқӣ гузоштаанд. Гӯрҳо лаҳадӣ, буда мурдаҳоро якпаҳлу чангак мехобонданд ва дар паҳлуяш зарф, корд ва оинаҳои биринҷӣ ва дигар ашёҳоро мегузоштанд. Расми оташафрӯзӣ, мурдасузӣ ва гӯштро аз устухон тоза карда, пасон дар лаҳад, дар чуқуричаи сангӣ гузоштан мушоҳида карда мешавад. Гӯрҳои зарфдор, аммо бе ҷасад (кенотаф) бисёранд.

Дар водии Ҳисор кишоварзони маҳаллӣ, яъне бохтариҳо ва шумораи начандон зиёди ориёиҳои саҳронишини андроновӣ зиндагӣ мекарданд, ки аз худ се гӯристони ба асри XII – XI п.м.тааллуқ доштаро, боқӣ гузоштаанд. Дар паҳлуи мурдаҳо зарфҳои сафолӣ, ашёҳои биринҷӣ, аз ҷумла мӯҳра ва гӯшворҳо гузошта шудаанд.

Аксарияти сокинони ҷануби Тоҷикистонро дар охири асри биринҷ (а. XII – X п.м.) ориёиҳои маҳаллӣ, яъне бохтариён ва қисми камтарашро ориёиҳои саҳронишини андроновии аз ҷануби Урал ва Сибири ғарбӣ омада ташкил мекарданд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Асри биринҷи Помир. Дар Помири Шарқӣ дар охири ҳазорсолаи II п.м. ориёиҳои саҳронишини федоровӣ – андроновӣ зиндагӣ мекарданд. Онҳо аз худ калпҳо, қӯрғонҳо ва гӯристонҳо боқӣ гузоштаанд. Бештар бо чорводории мавсимӣ, ҳамчунин бо зироаткорӣ ва шикор, кулолгарӣ ва бофандагӣ машғул буданд. Мурдаҳояшонро дар хок гӯр мекарданд ё месӯзонданд.

Асри биринҷи шимоли Тоҷикистон. Дар соҳилҳои Сирдарё дар минтақаи Қайроқум дар ҳазорсолаи II п.м. мардумони маҳаллӣ ва ориёиҳои саҳронишини андроновӣ зиндагӣ мекарданд. Осори бошишгоҳои онҳо дар 70 мавзеъ кашф шудаанд. Онҳо дар хонаҳои қамишӣ-чӯбии лойандова зиндагӣ мекарданд. Бештар бо чорводорӣ машғул буданд, зироаткорӣ низ мавқеъи муҳим дошт, моҳигирӣ низ мекарданд. Ресандагӣ ва бофандагӣ низ вуҷуд дошт. Истеҳсол ва коркарди биринҷро хуб медонистанд. Кордҳои якдама ва дудама, дастмона, гушвор, ангуштаринҳои биринҷӣ месохтанд.

Дар пастиҳои шимоли Панҷакент дар асри XIII – XII п.м. ориёиҳои саҳронишини андроновии аз ҷануби Урал ва Сибири ғарбӣ омада, зиндагӣ мекарданд. Онҳо аз худ гӯристони Зардча Халифаро боқӣ гузоштаанд. Гӯрҳо лаҳадӣ буда, оташ дар маросими дафн аҳмияти калон дошт. Дар гӯрҳо зарф ва асбоби ороишӣ – мӯҳра, дастмона ва ғайра ёфт шудаанд.

ҚаблӣКашфи мисгудозӣ
БаъдӣЭнеолит ва асри биринҷ дар дигар минтақаҳои Осиёи Миёна