Ҳуқуқҳо ва вазифаҳои волидайн

Хукукхо ва вазифахои волидайн


Насли наврас тавассути роҳпаймоии аҳли оила дорои маълумоту касбу кори муайян мегарданд. Бинобар ин дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» нисбати ҳуқуқҳо ва вазифаҳои волидайн ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд, чунин ҳуқуқҳо дода шудаанд:

а) барои кӯдакони нобилиғашон муассисаҳои таълиму тарбиявиро интихоб кунанд;

б) дар кори мақомоти худидораи ҷамъиятии муассисаҳои таълимию тарбиявӣ иштирок намоянд;

в) дар мақомоти давлатии идоракунӣ ва ҷамъиятии худидора оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи бачагон муроҷиат намоянд;

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

г) манфиатҳои қонунии фарзандони худро дар мақомоти давлатӣ ва додхоҳии дахлдор ҳимоя кунанд.

Ва шахсоне, ки онҳоро иваз менамоянд, вазифадоранд, ки:

а) барои сиҳатии ҷисмонӣ ва равонии бачаҳо пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити зарурӣ муҳайё созанд;

б) ҳуқуқ ва қадру қимати бачагонро ҳимоя намоянд;

в) фарзандонро дар рӯҳияи башардӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳисси нақукорӣ, муносибати боэҳтиромона нисбати аҳли хонавода, забони модарӣ, адабиёту таърих, эҳтиром нисбати арзишҳои миллӣ, таърихӣ, фарҳангии дигар ҳалқҳо тарбия намоянд;

г) ба бачаҳо барои гирифтани маълумот дар муассисаҳои таълимию тарбиявӣ мусоидат намоянд ва ё дар хона шароит муҳайё созанд, ки дар сатҳи талаботи давлатӣ маълумот гиранд;

д) фарзандонро дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун, ҳуқуқ ва озодии инсон, риояи қоидаҳои ҳаёт тарбия намоянд.

Волидайн ва шахсони онҳоро ивазкунанда, ки садди роҳи маълумотгирии фарзандон мешаванд, ба тарбияи онҳо беэътиборӣ зоҳир мекунанд, мутобиқи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд[1].


Мавзӯи пурра >> Тарбияи ҳуқуқӣ ва вазифаҳои он


[1] Ниг. Моддаи 35 – и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

ҚаблӣВатан (Ватан вайрона аз ёр аст)
БаъдӣМавзӯи 19. Тарбияии эстетики хонандагон