Фалсафа ҳамчун илм. Мақсад, предмет ва вазифаҳои он

Фалсафа таърихи қадим дошта, дар ибтидо тамоми донишҳои инсониро фаро мегирифт. Баробари пешравии тамаддуни инсонӣ аз дохили он дигар илмҳо тадриҷан ҷудо гаштаанд. Истилоҳи фалсафа ҳамчун илм тақрибан 2500 сол пеш дар Юнони Қадим пайдо шудааст. Фалсафа  калимаи юнонӣ буда, аз ду таркиб филео – дӯст доштан, муҳаббат ва софия – ҳикмат иборат аст, ки ҳамчун муҳаббат ба ҳикмат, ё ҳикматдӯстӣ тарҷима мешавад.

Муродифи фалсафа, файласуф дар забони тоҷикӣ ҳикмат, ҳаким маҳсуб меёбад.

Фалсафаро ҳакимони Юнони қадим Суқрот ва Афлотун ҳамчун «дониш дар бораи ҳақиқат, ё ҷустуҷӯи ҳақиқат», Арасту онро чун илм «дар бораи сабабҳо ва оғозҳо» донистаанд. Ниёгони мо бошанд, аз ҷумла, Ибни Сино ва Насириддини Тӯсӣ онро ҳамчун «илм бар ҳақоиқи ашё ба андозаи тавоноии инсон», ё «ҳикмат донистани чизҳо чунон ки ҳаст ва қиём намудан ба корҳо чунон ки бояд, ба қадри тавоноӣ то нафси инсонӣ ба камоле, ки майл дорад, бирасад», тавсиф кардаанд.

Дар замони муосир, фалсафа ҳамчун олитарин сатҳи таҷрибаи ақлониву маънавӣ ва инчунин яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ, ки қонунҳои куллии тараққиёти табиат, ҷамъият ва тафаккури инсониро меомӯзад, шинохта шудааст.

Дар заминаи таърифҳои ниёгон ва муосир фалсафаро метавон чунин тавсиф намуд: фалсафа яке аз куллитарин шакли шуури ҷамъиятӣ ва олитарин сатҳи таҷрибаи ақлонӣ ва маънавии башар буда, ба шинохти моҳияти ҳастӣ ва коркарди усули маърифат ва амал ба таври боистанӣ нигаронида шудааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Фалсафа ҳамчун умумитарин шакли шуури ҷамъиятӣ мазмун ва хусусияти ҷаҳоншиносӣ дорад, яъне робитаи куллии (умумитарин) байни «ҳастӣ ва инсон», ё «олам ва инсон»-ро ошкор месозад.

Фалсафа дониши илмӣ, ақлӣ мебошад, ки бар пояи мантиқ ва шинохти таҷридӣ (абстрактӣ)-ю мақулавӣ (категориявӣ) устувор аст. Фалсафа масъалаҳоро на дар асоси  ахбор, нақлу ривоят (чун дар динҳо) ва на дар шакли  образҳо (чун дар асотиру адабиёт), балки дар асоси бурҳону ҳақиқат қиёс ва тафаккури ақлию мантиқӣ бо мафҳумҳои куллӣ баён менамояд. Ин аст, ки шуури фалсафӣ шуури абстрактӣ  буда, сатҳи баланди шуури ҷамъиятии инсон аст ва дастёбӣ ба ин навъ шинохт, шинохти ҳастӣ ва худшиносии инсонро осон мекунад.
Инак, вазифаи назарии фалсафа ҳамчун олитарин таҷрибаи маърифати ақлони  ва чун ҷаҳонбинӣ ва мафкураи илмӣ, иборат аз шинохти моҳият ва қонунҳои куллии ҳастӣ ва ҳадафи амалии он, коркарди усули равиши маърифат ва амал, роҳҳои ба даст овардани камоли маънавии инсон ва саодати башар аст.

Мавзӯи фалсафа шинохти ҳақиқати ҳастӣ ва объекти он тамоми ҳастӣ: табиат, ҷамъият, инсон ва қобилияти маърифатии вай аст.
Илмҳои табиатшиносӣ ва инсоншиносӣ ягон соҳаи табиат ё ҷамъиятро меомӯзанд, аммо фалсафа тамоми олами атроф ва муносибати «ҳастӣ ва инсон»-ро фаро мегирад. Ба ибораи дигар мавзӯи фалсафа умуман куллият (универсум) дар системаи муносибати Инсон ва Ҳастӣ (Олам), ё бо ибораи дигар тафаккури инсон ва олам аст.
Мақсади фалсафа шинохти қонунҳои куллии ҳастӣ ва дарёфти роҳи камолот ва саодати башар аст. Аммо дар ниҳоят ҳадафи фалсафа худшиносии инсон аст. Инсон , мақсуди оливу ниҳоии ҳастист. Фалсафа илмест, ки худ аз дастовардҳои инсон буда, тибқи талаботи худшиносии ӯ ба вуҷуд омадааст.

Худшиносӣ барои инсон чун тааммули дарунӣ (рефлексия), ки қабл аз меҳнат буда, барои таҳаввули ӯ ба инсони оқил сабаб ва омили асосӣ аст.
Аз назари фалсафаи марксистӣ масъалаи асосии фалсафа ин муносибати тафаккури инсон ба ҳастӣ, шуур ба материя, робита ва таносуби моддиёт ва маънавиёт аст. Ин масъала ду паҳлӯ дорад: онтологӣ ва гносеологӣ.

Паҳлӯи якум оиди муайян кардани он ки материя, модда аввал аст ё шуур? Аз рӯи ҳалли ин масъала файласуфон ба якчанд гурӯҳ тақсим мешаванд. Онҳое, ки аввал будани материя (модда) ва дуюм будани шуурро эътироф мекарданд, материалист (моддагаро) маҳсуб меёфтанд. Мутафаккироне, ки тарафдори аввалияти шуур ва дуюм будани модда буданд, идеалист (ғоягаро) ном доштанд. Онҳоеро, ки мавҷудият ва мустақилияти ҳам мабдаи моддӣ ва ҳам мабдаи рӯҳиро эътироф мекарданд, дуалист (дугаро) мегуфтанд. Онҳое, ки як мабдаъ, ё мабдаи моддӣ ё рӯҳониро эътироф мекарданд, монист (ваҳдатгаро) маҳсуб меёфтанд.

Тарафи дуюм, гносеологии масъалаи асосии фалсафа ба донисташаванда ё донистанашаванда будани олам алоқаманд аст. Онҳоеро, ки оламро маърифатпазир меҳисобиданд, гностик, оптимист меномиданд.

Мутафаккироне, ки оламро донистанашаванда мегуфтанд, агностик (лоадрӣ) ё пессимист ном доштанд. Файласуфоне, ки ба маърифатпазирии олам шубҳа мекарданд, скептик (шаккок) ном гирифтаанд.

Ба ақидаи мутафаккирони муосири амрикоӣ масъалаи асосии фалсафа «шинохти маънои зиндагии инсон ва ҷаҳоне ки ӯ худро дар он мебинад; сиришти ҷаҳоне, ки ӯ дар он мезияд чист ва ба сарнавишти одамӣ чӣ алоқае дорад», маҳсуб меёбад.

Баҳсҳо дар атрофии ҳадаф ва масъалаи асосии фалсафа гуногунанд. Аммо масъалаи асосии фалсафа дарёфти роҳи дигаргунсозии олам, ободу оростани он, тариқи ба камоли матлуб расонидани ҷомеаи инсонӣ аст. Аз ин лиҳоз, ҳақ бар ҷониби Карл Маркс, ки фармудааст: «файласуфон (собиқ) танҳо дар шаклҳои гуногун оламро эзоҳ медоданд, аммо ҳақиқати амр дар он аст, ки вайро дигаргун бояд кард».

Муҳимтарин вазифаи фалсафа вазифаи ҷаҳонбинӣ аст. Вай моҳияти ҳастӣ, инсон, раванди инкишофи табиат ва ҷамъият, мақоми маънавиёту фарҳангро дар сайри такомули инсон дарк намуда, ҷаҳонбинии ягонаи устувор ба усул ва арзишҳои бунёдии башариро эҷод мекунад.
Тарзи тафаккуре, ки як мактаби фалсафӣ, ё мазҳабӣ ё шахси алоҳида дар бораи ҳастӣ ва инсон дорад бар пояи афкори муайяне устувор аст, ки инро ҷаҳонбинӣ меноманд. Ҷаҳонбинӣ умуман чун фишурдаи худшиносӣ ва ҳастишиносии инсон, иборат аз маҷмӯи нуктаи назарҳо, эътиқодҳо, арзёбиҳо, меъёрҳо, ормонҳоест, ки муносибати инсонро ба ҳастӣ муайян намуда, раҳнамои зиндагии ҳаррӯзаи вай мебошад.

Дар таърифи ҷахонбинӣ ду сатҳи он ба назар мерасад: яке сатҳи назарӣ – шинохти ҳастӣ, дуюм сатҳи амалӣ, яъне муайян кардани меъёрҳои фаъолияти инсон дар зиндагӣ.

Ин аст, ки аз рӯи мувофиқат кардан ё накардан ба воқеият ҷаҳонбинӣ шаклҳои гуногун дорад. Аз ҷумлаи онҳо ҷаҳонбинии асотирӣ, динӣ ва фалсафӣ мебошанд.

Ҷаҳонбинӣ падидаи махсуси шуури инсон аст, ки ба ҳеҷ яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ айният надорад. Илм, ҳунар, адабиёт, фалсафа, ахлоқ ва ғайра ҳангоме маънӣ пайдо мекунад, ки агар ба ягон ҷаҳонбинӣ устувор ёбад.
Асотир (мифология) қадимтарин ҷаҳонбинӣ буда, аз дохили он дин пайдо шудааст. Ҷаҳонбинии фалсафӣ, илмӣ бошад дар дохили дин ташаккул ёфтааст. Асотир ва дин ҳодисаҳои оламро ба тарзи хаёлӣ, ба воситаи рамзу ривоятҳо ва ҳикоятҳои таърихӣ ифода менамояд. Фалсафа бошад, оламро ба воситаи санаду далелҳои мӯътамад ва бурҳонҳои қотеъ маънидод мекунад.

Фалсафа ҳамчун илми бузург ва бунёдӣ сохтори мураккаб дорад. Таърихан ва тадриҷан сохтори он бо ташаккулу такомули маънавиёти инсоният тағйир меёфт. Арасту фалсафаро ба чаҳор қисм тақсим кардааст. Қисмати назарӣ аз фалсафаи аввал (мобаъдуттабиа)– ҳастишиносӣ, илоҳиёт ва фалсафаи сонӣ – табииёт, биология, психология иборат аст. Қисмати амалӣ бошад, ахлоқ, иқтисодиёт, сиёсат, фалсафаи тасвирӣ – эҷодӣ, яъне шеършиносӣ (поэтика), хитоба (риторика) ва санъатро фаро мегирад.
Файласуфони гузаштаи мо ҳикматро ба ду қисм – назарӣ ва амалӣ ҷудо кардаанд. Ҳикмати назарӣ ҳастишиносӣ, илоҳиёт, илмҳои риёзӣ ва табииро дарбар мегиранд. Ҳикмати амалӣ иборат аз илми ахлоқ, тадбири манзил, сиёсати маданӣ аст.

Дар таълимоти ҳакимони давраи антиқа, аз он ҷумла, дар таърихи фалсафаи тоҷик як илми фалсафии дигаре вуҷуд дорад, ки онро мантиқ меноманд. Арасту мантиқро алифбо, муқаддимаи фалсафа ва тамоми илмҳо номидааст.

Дар давраи нав аз фалсафа риёзиёту табииёт ва дигар илмҳо ба тадриҷ ҷудо шуданд. Имрӯз сохтори фалсафа чунин қисмҳоро дар бар мегирад: таърихи фалсафа, назарияи фалсафа, онтология (илм дар бораи ҳастӣ), гносеология ё эпистемология (илм дар бораи дониш), диалектика (таълимот роҷеъ ба инкишоф), фалсафаи иҷтимоӣ (таълимот оид ба ҷамъият), антропологияи фалсафӣ ( таълимот оид ба инсон), аксиология (таълимот дар бораи арзишҳо), праксеология (таълимот оид ба амалияи ҷамъият), методология (таълимот дар бобати усули омӯзишу тадқиқот).

Фалсафа ҳамчун илм вазифаҳои гуногун ва муҳимро иҷро мекунад, ки аз ҷумла инҳо мебошад.

  1. Вазифаи ҷаҳонбинӣ.Фалсафа донишҳои мавҷударо дар бораи олам ҷамъбаст карда, ба таври зеҳнӣ (ақлӣ) ба воситаи мафҳуму мақулаҳо системаи ақидаҳоро оид ба ҳастӣ ва мавқеи инсон дар он эҷод менамояд. Ин вазифаро ягон илми алоҳида иҷро карда наметавонад, зеро ки вай танҳо ягон ҷиҳат, ҷузъи оламро меомӯзад. Фалсафа ба хулосаву комёбии дигар фанҳо такя карда, манзараи илмии оламро эҷод менамояд.
  2. Вазифаҳои гносеологӣ, маърифатӣ. Фалсафа масъалаи ҳақиқат ва меъёр, қонунҳои инкишофи диалектикии онро омӯхта, вазифаи гносеологиро иҷро карда, саҳми худро дар кори маърифат, дониш мегузорад.
  3. Вазифаи методологӣ. Фалсафа метод, роҳ ва услубу усулҳои илмии хусусӣ, умумӣ ва куллитарини илмӣ, маърифати усулҳои бунёдии дониш, роҳ ва тарзҳои умумитарини таҳқиқи оламро коркард менамояд.
  4. Вазифаи тавҳидӣ.Донишҳое, ки илмҳои алоҳида пешкаш менамоянд, хеле гуногун буда, ба як система даровардани онҳо зарур аст, ки ин вазифаро фалсафа иҷро мекунад. Вагарна муҳаққиқ дар олами маърифату дониш мавқеи худро ёфта наметавонад.
  5. Вазифаи интиқодӣ (танқидӣ).Фалсафа на танҳо донишҳои ба даст овардаи дигар илмҳо, инчунин донишҳои худашро низ мавриди танқид ва шакку шубҳа қарор медиҳад. Вай муносибати эҷодӣ ва диалектикиро нисбати донишҳои мавҷуда ва арзишҳои фарҳангию иҷтимоӣ тарбия менамояд. Бояд зикр кард, ки фалсафа танқиди солиму холисонаро, ки ба инкори диалектикӣ, на ба нигилизми муҷаррад асос менамояд, дар назар дорад.
  6. Вазифаи аксиологӣ(axia – калимаи юнонӣ – арзиш). Фалсафа ба арзишҳои муайян ҳидоят менамояд. Ҳар як таълимоти фалсафӣ объекти омӯхташавандаро аз мавқеи арзишҳои гуногун, аз ҷумла иҷтимоӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ, идеологӣ ва ғайра арзёбӣ менамояд. Ин вазифа хусусан дар марҳалаи гузариши тараққиёти ҷамъият, вақте ки зарурият ба интихоби роҳи нав ва нисбати он ки аз арзишҳои кӯҳна кадоме аз онҳоро бояд нигоҳ дошт ва кадомашонро бояд инкор кард, ба миён меояд.
  7. Вазифаи иҷтимоии фалсафагуногун буда, паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиро фаро мегирад. Фалсафа на танҳо ҳастии ҷамъиятиро маънидод мекунад, инчунин барои ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам маънавӣ дигаргун сохтани он мусоидат менамояд.
  8. Вазифаи пешгӯии фалсафа ин аст, ки вай дар шакли назарияҳои эҳтимолӣ тамоилҳои умумии тараққиёти ҷамъият ва инсонро пешниҳод мекунад. Эҳтимолияти амалӣ гаштани он вобаста ба ин аст, ки фалсафа ба кадом андоза ба илм асос менамояд. Фалсафа ҳаётро ба таври назарӣ инъикос карда, барои ташаккули ақида, андешаҳо ва ҷаҳоншиносии нав замина мегузорад. Бояд зикр кард, ки ҳамаи вазифаҳои фалсафа бо якдигар алоқаманд аст. Чунонки вазифаи ҷаҳонбинии онро аз методологӣ, методологиро аз маърифатӣ, иҷтимоиро аз пешгӯӣ наметавон аз ҳам ҷудо кард.

Ба ғайри ин ҳама фалсафа боз дигар вазифаҳоро, аз ҷумла, назарӣ, онтологӣ, фарҳангшиносӣ, мантиқӣ, эҳсосиву эстетикӣ, ахлоқӣ ва ғайраро иҷро мекунад.
Фалсафа ҳарчанд ки доир ба масоил ва мавзӯъҳои баҳси илмӣ ҷавобҳои ҳаммаъно, аниқро пешкаш накунад ҳам, вале андешидану маданияти тафаккурро мепарварад. Омӯзиши фалсафа барои ба низом овардану дигаргун сохтан, пухтаву мукаммал кардани ақидаҳое, ки номуташаккилу парешонанд, ёрӣ мерасонад.

Калидвожаҳо: Фалсафа хамчун илм. Максад, предмет ва вазифахои он, вазифахои илми фалсафа, предмети илми фалсафа, реферат аз фалсафа бо забони точики.

ҚаблӣОё медонед? – Пардохти таҳсил дар ИМА (Do you know?)
БаъдӣИдҳои Тоҷикистон