Ҷумлаи дутаркиба чист?
Ҷумлае, ки дар он ҳар ду сараъзо (мубтадо ва хабар) омадаанд, ҷумлаи дутаркиба номида мешавад:
- Нӯшервон гуфт.
2.Саъдӣ саёҳатро дӯст медошт (Адабиёти тоҷик).
3.Ман фарзандони ватани худро дӯст медорам (Кӯҳзод).
Баъзе ҷумлаҳо як сараъзо доранду бас: 1. Маро ба Норак ба кор таъйин карданд (Ю.Акобиров) 2. Оҳанро дар гармиаш мекӯбанд. 3. Карим -деҳқон аз саволи ногаҳонии Қодирбобо ва нигоҳи кунҷковонаи ҳамроҳони ӯ бесаранҷом шуда гуфт:
–Ҳаст. Дина ба номи хоҳаракаш хат гирифтем (Ҷ.Акобиров).
Давоми матн пас аз блоки реклама
Ҷумлаи яктаркиба чист?
Ҷумлае, ки як сараъзо дорад, ҷумлаи яктаркиба номида мешавад. Мисол: Баҳор. Ҳама ҷо сабзу хуррам.
Ҷумлаҳои дутаркиба ва яктаркиба, Чумлаи дутаркиба чист? Чумлаи яктаркиба чист?