Фишори хун дар деворҳои рагҳо аз ҳисоби қувваи кашишхӯриҳои меъдачаи дил пайдо мешавад. Фишор дар рагҳои гуногун як хел нест. Фишори хун дар шоҳраг аз ҳама баланд буда, 115-130 мм сутунчаи симобро ташкил медиҳад.

Аз сабаби ба шохаҳо ҷудо шудани рагҳои шарён фишор паст шуда, дар шарёнҳои борик 70-80 мм, дар мӯйрагҳо 20 мм-ро ташкил медиҳад.
Фишори хун дар рагҳои варид паст буда, дар рагҳои вариди холии ковокии қафаси сина ба 5-9 мм баробар аст ва онро фишори манфӣ меноманд, чунки аз фишори атмосфера паст аст.
Нобаробар будани фишор ҳаракати хунро таъмин менамояд. Суръати ҳаракати хун ҳам дар рагҳо гуногун мебошад: масалан, дар шоҳраг 50 см/ сония, дар мӯйрагҳо – 0,1-1 см/сония, дар рагҳои варид ба ҳисоби миёна 6-20 см/сония. Фишори хунро дар раги шарёни бозу ба воситаи асбоби махсус – тонометр ё сфигмоманометр чен мекунанд (расми 51). Фишори хуни одами ҷавону солим дар ҳолати муқаррарӣ дар рагҳои шарён ба 120 ба 80 мм/ст симоб баробар аст.
Мавзӯи пурра >> Ҳаракати хун дар рагҳо, гардиши лимфа