Мавзӯъ. Ҳаракати хун дар рагҳо, гардиши лимфа

Харакати хун дар рагхо, гардиши лимфа. Фишори хун. Набзи шарёни. Харакати хун дар рагхои варид. Гардиши лимфа


Фишори хун

Фишори хун дар деворҳои рагҳо аз ҳисоби қувваи кашишхӯриҳои меъдачаи дил пайдо мешавад. Фишор дар рагҳои гуногун як хел нест. Фишори хун дар шоҳраг аз ҳама баланд буда, 115-130 мм сутунчаи симобро ташкил медиҳад.

Чен кардани фишори хун бо ёрии тонометр
Расми 51. Чен кардани фишори хун бо ёрии тонометр

Аз сабаби ба шохаҳо ҷудо шудани рагҳои шарён фишор паст шуда, дар шарёнҳои борик 70-80 мм, дар мӯйрагҳо 20 мм-ро ташкил медиҳад.

Фишори хун дар рагҳои варид паст буда, дар рагҳои вариди холии ковокии қафаси сина ба 5-9 мм баробар аст ва онро фишори манфӣ меноманд, чунки аз фишори атмосфера паст аст.

Нобаробар будани фишор ҳаракати хунро таъмин менамояд. Суръати ҳаракати хун ҳам дар рагҳо гуногун мебошад: масалан, дар шоҳраг 50 см/ сония, дар мӯйрагҳо – 0,1-1 см/сония, дар рагҳои варид ба ҳисоби миёна 6-20 см/сония. Фишори хунро дар раги шарёни бозу ба воситаи асбоби махсус – тонометр ё сфигмоманометр чен мекунанд (расми 51). Фишори хуни одами ҷавону солим дар ҳолати муқаррарӣ дар рагҳои шарён ба 120 ба 80 мм/ст симоб баробар аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Набзи шарёнӣ

Ҳангоми ҳар маротиба кашиш хӯрдани меъдачаи чапи дил хун бо шаст ба деворҳои маҳками шоҳраг бар хӯрда, онҳоро меёзонад. Ин мавҷи лаппиш ба девори рагҳои шарён зуд паҳн мешавад. Дар ҷойҳое, ки рагҳои шарёни калон дар наздикии сатҳи бадан ҷой гирифтаанд (масалан, дар тарафи дохилии сарпанҷаҳои даст, чаккаҳо, паҳлуҳои гардан ва дигар ҷойҳо), лаппиши мавзуни девори рагҳо ҳис карда мешавад, ки онро набзи шарёнӣ меноманд (расми 52).

Набзи шарёнӣ

Ҳар як зарби набз ба як таппиши дил мувофиқ аст. Аз ҳамин сабаб, адади зарби дилро дар як дақиқа аз рӯйи зарбҳои набз ҳисоб кардан мумкин аст.


Ҳаракати хун дар рагҳои варид

Девори рагҳои варид нисбат ба девори рагҳои шарён хеле тунук ва хеле нарм аст.

Ҳаракати хунро дар рагҳои варид кашишхӯрии мушакҳои скелет, ки рагҳои варидро печонидаанд, таъмин мекунад (расми 53).

Ҳаракати хун дар рагҳои варидӣ
Расми 53. Ҳаракати хун дар рагҳои варидӣ

Хун тавассути рагҳои варид фақат ба дил ҳаракат мекунад. Даричаҳои ҳилолшакли дохили рагҳои варид намегузоранд, ки хун ба самти муқобил ҳаракат кунад. Дар организм ҳамеша хун аз рӯйи зарурат тақсим мешавад: хун вобаста ба эҳтиёҷоти оксиген ва моддаҳои ғизоӣ ба як узв камтар ва ба узви дигар бисёртар меояд. Тағйирёбии бо хун таъминшавии узв ба тағйироти фосилаи рагҳои он  вобаста аст. Танг шудани андозаи рагҳо ба кашиш хӯрдани деворҳои он ба таъсири асабҳои симпатикӣ ва системаи марказии асаб вобаста аст.

Ҳормонҳои адреналин рагҳои хунгардро танг мекунанд. Ҳамин тавр, фосилаи рагҳои хунгардро системаи асаб ва моддаҳои фаъоли биологӣ танзим мекунанд ва онҳо имконият медиҳанд, ки мувофиқи талаботи организм амал кунанд.


Гардиши лимфа

Системаи лимфа боиси хориҷ шудани моеи зиёдатии бофтаҳо мегардад (расми 54).

Системаи лимфа Точики
Расми 54. Системаи лимфа

Ҳамаи бофтаҳо дорои мӯйрагҳои лимфагии майдатарини сарбаста мебошанд. Ба онҳо моеи байниҳуҷайравӣ дохил шуда, лимфаро ба вуҷуд меорад. Мӯйрагҳои лимфагӣ ба рагҳои нисбатан калони лимфагӣ пайваст мешаванд. Рагҳои лимфагӣ ба мағзи тамоми узву бофтаҳо медароянд. Дар деворҳои дохили рагҳои лимфагӣ даричаҳои барои ба як самт равона кардани лимфа ҷойгиранд. Дар паҳлуи рагҳо гиреҳҳои лимфа ҷойгир мебошанд. Хусусан, онҳоро дар зери устухони бозу (бағал), дар ҷойи қатшавии зоную оринҷ, ковокии қафаси синаву шикам ва гардан дидан мумкин аст. Ҳамаи рагҳои лимфагӣ дар лимфароҳҳои қафаси сина ҷамъ шуда, ба рагҳои варидӣ кушода мешаванд.

Ба ин васила моеи ба бофта дохилшуда боз ба маҷрои хунгард бармегардад. Ҳамин тавр, хун моеи байниҳуҷайравӣ буда, якҷоя бо лимфа муҳити моеи дохилии организмро ташкил медиҳанд (расми 55).

Нақшаи алоқаи гардиши хун ва гардиши лимфа
Расми 55. Нақшаи алоқаи гардиши хун ва гардиши лимфа

Дониши худро санҷед:

  1. Ҳаракати хун ба чӣ вобаста аст?
  2. Фишори шарёниро бо кадом усул муайян мекунанд?
  3. Фишори хун чист?
  4. Фишор дар рагҳои хунгард чӣ гуна аст?
  5. Набзи шарёнӣ чист ва чӣ тавр онро муайян мекунанд?
  6. Хун дар кадом рагҳо аз ҳама суст ҳаракат мекунад?
  7. Лимфа чист ва дар организм чӣ аҳамият дорад?
ҚаблӣФишори хун
БаъдӣНабзи шарёнӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед