Мафхум ва мохияти андоз (реферат андоз)

Мафҳум ва моҳияти андоз, реферат скачать бесплатно, мафхум ва мохияти андоз иншо


Нақша

Сарсухан

  1. Мафҳум ва моҳияти андоз.
  2. Таснифоти андозҳои умумиҷумҳуривӣ

Хулоса

Руйхати адабиётҳои истифодашуда


САРСУХАН

Таърихан ба миён омадани андозҳо ба давраи ҷудошавии ҷомеа ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва пайдоиши давлатҳо рост меояд. Андозҳо аз худ яке аз усулҳои асосии сафарбар намудани даромадҳои давлатро муаррифӣ менамоянд. Дар шароитҳои моликияти хусусӣ ва муносибатҳои бозорӣ андозҳо усули асосии ҷамъоварии даромадҳо ба буҷети давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамчун як қисми муносибатҳои тақсимотии ҷомеа андозҳо қонуниятмандии истеҳсолотро инъикос менамояд. Ивазшавии форматсияҳои ҷамъиятиву иқтисодӣ, тағйир ёфтани вазифа ва нақши давлат ба шаклҳои мушаххаси андозситонӣ таъсир мерасонад. Дар замони феодализм ҷамъоварии ҳар гуна амволи натуралӣ ва атоати аҳоли дастболо буд. Бо васеъ гаштани вазифаи давлати феодалӣ, ташаккул ёфтани давлатҳои марказонидашуда нақши андозҳои пулӣ дар ташаккули хазинаи давлат ботадриҷ меафзояд.

Ҳоло чумхурии мо дар мархилаи гузариш ба иктисоди бозоргонӣ карор дорад. Дар шароити имрузаи иктисоди ислохоти андоз яке аз омилхои асосии бомуваффакият сипарӣ шудани ин мархилаи хассос мебошад. Зеро системам^андоз аз унсурхои асосии иктисоди бозоргонӣ буда, заминаӣ дастовардхои иктисоди махсуб мешавад.

Қабули Кодекси андози Чумхурии Точикистон аз чониби Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон мохи ноябри соли 2004 икдоми мухиме дар бозсозии системаи андози чумхурӣ мебошад.

Системаи андози чумхурӣ бояд ба рущди сохибкорӣ мусоидат намояд ва тартибу воситахои дар чахрн маъмули шакли андозбандиву андозситониро инъикос намояд.

Х,амзамон макомоти андози Чумхурии Точикистон бо мутахасси-сони дороӣ донишхои мукаммал ниёзманд аст. Ва макотиби олии мо бояд чунин мутахассисониро омода созад.

Омузиши бо мувофакияти мавзуи мазкур ичозат меди^ад, ки донишхои гирифташуда дар коркхоӣ  амалии молиявӣ истифода бурда шавад.

Системаи андози Чумхурии Точикистон

Системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чумхурии Точикистон пас аз истикдолият се мархилаи ислохоти андозро аз cap гузаронид. Мархилаи якум – солхои 1991-1998. Дар ин мархила дар чумхурӣ 18 намуди андоз амал мекард ва аз руи хар як намуди андози амалкунанда конун кабул шуда буд. Мархилаи дуюм – солхои 1999-2004. Яъне давраи амал намудани Кодекси андози ^умхурии Точикистон. Дар ин мархила 17 намуди андоз дар чумхурӣ амал мекард, ки аз онхо андозхои умумидавлатӣ – 14 намуд, андозхои махаллӣ – 3 намуд. Ба таври озмоиш ва бо максади хавасманд намудани хочагихои кишоварзӣ дар чумхурӣ солхои 2003-2004 андози нав – андози ягона барои истехсолкунандагони махсулоти кишоварзӣ дар чор нохияи чумхурӣ чорӣ карда шуд.

1.МАФХУМ ВА МОҲИЯТИ АНДОЗҲО

Таърихан ба миён омадани андозҳо ба давраи ҷудошавии ҷомеа ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва пайдоиши давлатҳо рост меояд. Андозҳо аз худ яке аз усулҳои асосии сафарбар намудани даромадҳои давлатро муаррифӣ менамоянд. Дар шароитҳои моликияти хусусӣ ва муносибатҳои бозорӣ андозҳо усули асосии ҷамъоварии даромадҳо ба буҷети давлатӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳамчун як қисми муносибатҳои тақсимотии ҷомеа андозҳо қонуниятмандии истеҳсолотро инъикос менамояд. Ивазшавии форматсияҳои ҷамъиятиву иқтисодӣ, тағйир ёфтани вазифа ва нақши давлат ба шаклҳои мушаххаси андозситонӣ таъсир мерасонад. Дар замони феодализм ҷамъоварии ҳар гуна амволи натуралӣ ва атоати аҳоли дастболо буд. Бо васеъ гаштани вазифаи давлати феодалӣ, ташаккул ёфтани давлатҳои марказонидашуда нақши андозҳои пулӣ дар ташаккули хазинаи давлат ботадриҷ меафзояд.

Дар шароитҳои муносибатҳои бозорӣ ва бахусус дар давраи гузариш ба бозор низоми андозбандӣ яке аз тамзимгари муҳими иқтисодӣ, асоси механизми молиявию қарздиҳии ба танзим гирифтани иқтисодиёти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Аз он ки то кадом дараҷа низоми андозбандӣ дуруст ба роҳ монда шудааст, ба ҳамон андоза самарабахши фаъолияти тамоми хоҷагии халқ вобастагӣ дорад. Маҳз низоми андоз дар марҳилаи имрӯза, эҳтимол, предмети асосии баҳс дар хусуси роҳҳо ва усулҳои ислоҳот қарор дошта, ба ҳамон андоза мавриди танқид гаштааст.

Дар тӯли якчанд соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши бузурги иқтисодӣ – гузариш аз идоракунии нақшавии хоҷагии халқро дар бобати истифода намудани механизмҳои тараққиёти иқтисодӣ аз сар мегузаронад. Олотҳои нави низомҳои иқтисодӣ бо унсурҳои боқимондаи низоми пешинаи иқтисодӣ ва анъанаҳои дар тафаккури субъектҳои муносибатҳои иқтисодӣ чуқур решадавондашуда, боқӣ мондаанд.

Ҷараён бо чунин вазъияте мураккаб мегардад, ки дар мамлакат бо иқтисодиёти гузаранда дар як маврид ислоҳот дар соҳаи хуқуқ, сиёсат ва иқтисодиёт ногузир мегардад. Дар айни замон амалан аз ҷониби ҳама эътироф мегардад, ки ислоҳоти самарабахши сиёсати андоз ва низоми мақомотҳои андоз дар мамлакат омили ҳалкунанда дар бобати гузарондани иқтисодиёт ба роҳи бозорӣ мебошад.

Дар солҳои фаъолияти низомҳои андоз миқдори зиёди тағйирот ба қонунгузорӣ дар бобати андоз дохил карда шуд, то ки он бо ҷараёнҳои дар ҳаёти ҷомеа баамаломада мувофиқ кунонида шавад.

Ба маънои томаш зери мафҳуми андоз дар асоси маҷбурсозии давлатӣ, ки хусусияти ҷазодиҳӣ ва ё ҷуброни ҳатмиро надорад пардохтҳои бебозгашти ҳатмӣ фаҳмида мешавад.

Дар адабиёти муосир дар бораи андоз миқдори зиёди таърифҳои гуногун оварда мешаванд. Дар ин маврид дар ҳамаи таърифҳо бетағйир қайд мегардад, ки андоз – пардохти ҳатмӣ мебошад. Ба тарзи дигар, пардохтҳое, ки барои пардохткунандагон ҳатмӣ нестанд, ба андозҳо нисбат надоранд. Ба андоз ҳама гуна пардохтҳо, саҳмгузориҳо ва баровардҳои соҳибихтиёрона тааллуқ надоранд.

Андозҳо пардохтҳое мебошад, ки бебозгашт татбиқ меёбанд, яъне пардохти онҳо дар назди давлат ягон хел ӯҳдадории мушаххасро дар нисбати шахсе, ки ин пардохтҳоро мегузаронад, муқаррар намекунад. Ҳамин тавр, ба андозҳо пардохтҳое, ки бо сабаби бо пардохткунанда бастани ӯҳдадории онҳо бо давлат, мақомотҳои давлатӣ ё намояндагони дигари давлатӣ вобаста мешаванд, нисбат додан лозим аст.

Ба андозҳо ҳамчунин пардохтҳои хусусияти ҳатмидоштае, ки ба сифати ягон хел муҷозат, ҷаримаҳо, ҳамчунин ҳар гуна пардохтҳои хусусияти ҷубронидошта (масалан пардохтҳо доир ба ҷуброни зарари расонидашуда) ситонида мешаванд, тааллуқ надоранд.

Моҳияти иқтисодии андозҳо дар муносибати байниҳамдигарии давлат ва субъектҳои хоҷагидорӣ дар бобати ташаккул ёфтани молияи давлатӣ ифода меёбад.

Ҳамин тавр, чуноне ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд ёфтааст: «Системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи дар ҳамин Кодекс пешбинишудаи андозҳо, принсипҳо, шаклу усулҳои муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардан, пардохтан ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пардохти онҳо, инчунин шаклу усулҳои назорати андоз ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории андоз иборат аст».

Андозҳо ду вазифа доранд: фискалӣ (хусусияти хазинаи давлатидошта) ва батанзимгиранда.

Вазифаи асосии андозҳо фискалӣ мебошад, яъне онҳо аз он иборат мебошанд, ки давлатро бо воситаҳои пулӣ таъмин намоянд. Ба воситаи вазифаи фискалӣ таъминоти асосии андозҳо – ташаккул додани захираҳои молиявии давлат, ки дар фондҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ҷамъ оварда мешаванд, татбиқ карда мешавад.

Маблағҳои бо ёрии андозҳо ситондашуда аз ҷониби давлат нигоҳ доштани дастгоҳи маъмурию идоракунанда, амният, татбиқи сиёсати дохилию берунӣ, пардохтҳо марбут ба қарзи давлатӣ, соҳаи иҷтимоӣ сарф карда мешаванд.

Вазифаи батанзимгирандаи андозҳо зоҳирёбии худро дар шартҳои тафриқаёбандаи андозбандӣ ифода мекунад. Давлат андоз ситонида, ҳамеша ба амалиёти субъектҳои иқтисодӣ – шахсони воқеиву ҳуқуқӣ таъсир мерасонад. Давлат метавонад барои дараҷаҳои гуногуни пардохткунандагон барои татбиқи худи ҳамон намуди фаъолияти ягона дар худудҳои алоҳида шартҳои гуногуни андозбандиро муқаррар намояд.

Таъсири шартҳои андозситонӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ хеле ҳам гуногунанд. Андозҳоро ба тариқи анъанавӣ ҳамчун воситаи сиёсати демографӣ истифода мебаранд; давлатҳои гуногун бо ёрии имтиёзоти андоз кӯшиш мекунанд ба афзоиши аҳолӣ ё паст намудани он мусоидат намоянд.

Мафҳум ва истилоҳоте, ки дар низоми андоз ба кор бурда мешавад.

Андозсупорандагон шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие ба ҳисоб мераванд, ки ба онҳо мутобиқи Кодекси андози амалкунанда пардохт намудани андоз вогузор карда мешавад.

Бо тартибе, ки дар Кодекси андоз дар назар дошта шудааст, гурӯҳи шахсони ҳуқуқии ҷудокардашуда ӯҳдадориҳои ин шахсонро дар бобати пардохти андоз (андозсупорандагон эътироф мегарданд) мутобиқи маҳали маскунии (воқеӣ, амалӣ) ин гурӯҳҳои ҷудокардашуда ба иҷро мерасонанд.

Объекти андозбандӣ ва (ё) объекте, ки бо андозбандӣ алоқаманд аст, объекте мебошад, ки дорои тавсифи арзишӣ, миқдорӣ ё физикӣ буда, ҳангоми мавҷудияти он (объект) қонунгузории андоз нисбати андозсупоранда (субъект) ӯҳдадориҳоро доир ба пардохти андоз муайян менамояд.

Объекти андозбандӣ ва (ё) объекте, ки бо андозбандӣ алоқаманд аст, метавонад аз амвол, даромад, фоида, амалиёт доир ба таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ), арзиши молҳои таҳвилшуда (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), воридоти (содироти) мол ба (аз) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар объекте, ки Кодекси андоз муқаррар намудааст, иборат бошад.

Ҳар кадом андоз объекти мустақили ба худ хос дорад.

Манбаи андоз аз баҳои арзишӣ, физикӣ ё дигар шакли арзёбии  объекти андозбандӣ ва (ё) объекти ба андозбандӣ алоқаманд иборат буда, дар асоси он маблағи андозе, ки бояд ба буҷет пардохта шавад, муайян мегардад.

Меъёри андоз ин бузургии ҳисобкардашудаи маблағи андозҳо мебошад, ки нисбати воҳиди ченаки манбаи андозбандӣ истифода бурда мешавад.

Меъёри андоз бо фоиз ё (ва) маблағи мутлақ нисбати воҳиди ченаки манбаи андозбандӣ муқаррар карда мешавад.

Таҳти мафҳуми давраи андоз муддате дар назар дошта шудааст (соли тақвимӣ, семоҳа, моҳ, даҳрӯза ё дигар мӯҳлат), ки нисбати андозҳои алоҳида мутобиқи Кодекси андоз муқаррар гардидааст ва ҳангоми гузаштани он (ба  охир расидани он) манбаи андоз муайян ва маблағи андози ба буҷет супоридашаванда ҳисоб карда мешавад. Давраи андоз метавонад аз як ё якчанд давраҳои ҳисоботӣ (семоҳаҳо, моҳҳо, даҳрӯзаҳо ва дигар мӯҳлатҳо)  иборат бошад, ки бо гузаштани (ҷамъбасти) онҳо пешпардохтҳо (пардохтҳои ҷорӣ) сурат мегиранд.

2.ТАСНИФОТИ АНДОЗХОИ УМУМИЧУМХУРИЯВИ

Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси андоз, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар асоси он ва мутобиқи он қабулшуда ва шартномаҳои байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо дохил мешаванд:

  1. андози даромад аз шахсони воқеӣ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ);
  2. андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
  3. андоз аз арзиши иловашуда;
  4. аксизҳо;
  5. андози иҷтимоӣ;
  6. андози замин;
  7. андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин;
  8. андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
  9. андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад;
  10. андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
  11. боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;
  12. боҷи давлатӣ;
  13. андоз аз фурӯш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);
  14. андози ҳадди ақал аз даромади корхонаҳо;
  15. андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо;

дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ


СУПОРАНДАГОНИ АНДОЗ АЗ ДАРОМАДИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ ВА ОБЪЕКТИ АНДОЗБАНДӢ

Шахсони воқеии резидент ва ғайрирезидент, ки объекти андозбандишаванда доранд, супорандагони андоз аз даромад мебошанд.

Объекти андозбандии даромад барои резидентҳо даромади андозбандишавандаи онҳо ба ҳисоб меравад, ки он ҳамчун фарқи байни даромади умумӣ дар соли тақвимӣ ва маблағи тарҳшудаи хароҷоти пешбининамудаи Кодекси андоз барои ҳамин давра муайян карда мешавад.

Андозсупоранда – ғайрирезидент, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ фаъолият менамояд, нисбати даромади андозбандишавандае, ки ба муассисаи доимӣ алоқаманд аст ва ҳамчун фарқи байни даромади умумии соли тақвимӣ аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба муассисаи доимӣ ва маблағи нигоҳдошташудаи (хароҷоти) пешбининамудаи Кодекси андоз нисбати чунин даромад барои ҳамин давра муайян карда мешавад, супорандаи  андоз аз даромад мебошад.

Даромади умумии ғайрирезидент бояд аз манбаи пардохт бе нигоҳ доштани маблағ (бе тарҳкунии хароҷот) андозбандӣ карда шавад.

Шахси воқеӣ-ғайрирезидент, ки аз манбаи воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меҳнати кироя ё аз фурӯш ё додани амволе, ки ба муассисаи доимиаш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд намебошад, даромад мегирад, нисбати даромади умумии чунин намуд дар соли тақвимӣ бо кам кардани он ба маблағи нигоҳдошташудаи (хароҷоти) пешбининамудаи Кодекси андоз ва марбут ба чунин даромад барои ҳамин давра, супорандаи  андоз аз даромад ба ҳисоб меравад.

Соҳибкорони инфиродӣ, ки супорандаи андоз аз даромад дар асоси патент ё дигар низоми соддакардашуда нестанд, бояд бо ин андоз фаро гирифта шаванд. Дар ин ҳолат ба соҳибкори инфиродӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ дода мешавад.

Меъёрҳои андоз аз даромади шахсони воқеӣ

Миқдори даромади андозбандишаванда

(ба ҳисоби миёна дар як моҳ)

Меъёр ва маблағи андоз
1. На зиёда аз музди меҳнати ҳадди ақалли моҳона Аз даромад андозбандӣ намешавад (меъёри сифрӣ)
2. Зиёда аз музди меҳнати ҳадди ақалли моҳона то 100 сомонӣ 8 фоиз аз маблағи даромади андозбандишавандаи зиёда аз музди меҳнати ҳадди ақалли моҳона
3. Зиёда аз 100 сомонӣ Маблағи андози сатри 2 ҷамъ 13 фоиз аз маблағи даромади андозбандишавандаи зиёда аз 100 сомонӣ

Барои мақсадҳои андозбандӣ ҳам маблағи даромади андозбандишаванда ва ҳам маблағи тарҳшаванда аз аввали сол ба тариқи афзоянда ҳисоб карда мешавад.

АНДОЗ АЗ ФОИДАИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ СУПОРАНДАГОН,  ОБЪЕКТИ МЕЪЁРҲО ВА ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗ АЗ ФОИДАИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ.

Супорандагони андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ (минбаъд – “андоз аз фоида”) корхонаҳои резидентӣ ва корхонаҳои хориҷӣ мебошанд.

Ҳама гуна субъекти хориҷие, ки шахси воқеӣ намебошад ва ба сифати корхона баррасӣ мегардад, агар исбот накунад, ки вай бояд мутобиқи моддаи 189 Кодекси андоз чун соҳибии муштарак баррасӣ гардад. Дар моддаи 189 Кодекси андоз чунин маълумотҳо ҳаст: Ҳангоми аҳду паймон (ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ) барои соҳибии муштараки амвол ё якҷоя анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар аҳду паймон, ки на камтар аз ду соҳибро бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ пешбинӣ мекунанд, даромад ва тарҳҳо тибқи аҳду паймон нисбати ҳар як соҳиб сурат гирифта, онҳо мувофиқи ҳиссаи иштирокашон андозбандӣ карда мешаванд.

Объекти андозбандии корхонаи хориҷие, ки тавассути муассисаи доимӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд, фоида аз чунин фаъолият ба ҳисоб меравад, яъне даромади умумии он аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба муассисаи доимӣ, ки ба маблағи тарҳшаванда нисбати чунин даромад пешбининамудаи Кодекси андоз кам карда шудааст.

Фоидаи корхона, ки тибқи муқаррароти моддаи 160 Кодекси андоз ба маблағи зарари ба давраи дигар гузаронидашуда кам карда шудааст, аз рӯи меъёри 25 фоиз андозбандӣ мегардад.

Фоидаи корхонаи хориҷӣ тибқи меъёри 25 фоиз андозбандӣ мешавад.

Аз андозбандӣ аз фоида инҳо озоданд:

1) ташкилотҳои динӣ, эҳсонкорӣ, буҷетӣ, созмонҳои байниҳукуматӣ ва байнидавлатии (байналмилалии) ғайритиҷоратӣ, ба истиснои фоидае, ки онҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ мегиранд. Ҳамзамон чунин ташкилотҳо бояд баҳисобгирии ҷудогонаи фаъолияти асосӣ (фаъолияте, ки аз андоз аз фоида озод аст) ва фаъолияти соҳибкориро пеш баранд;

2) маблағгузарониҳои ройгон ва амволи ройгон, аъзоҳаққиҳо, хайрия ва грантҳое, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мегиранд;

3) Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он;

4) суди саҳмияҳое (дивидендҳое), ки корхонаҳои резидентӣ аз корхонаҳои резидентӣ мегиранд;

5) корхонаҳое, ки дар онҳо дар як вақт дар соли ҳисоботии андоз:

а) на камтар аз 50% шумораи кормандонро маъюбон ташкил медиҳанд, ва

б) на камтар аз 50% маблағҳои музди меҳнат ва дигар таъминоти моддӣ, аз ҷумла натуралӣ, барои эҳтиёҷоти маъюбон сарф карда шудааст;

6) корхонаҳои наве, ки дар соҳаи истеҳсоли молҳо таъсис меёбанд, дар соли бақайдгирии давлатӣ ва аз соле, ки баъди соли бақайдгирии ибтидоии давлатӣ фаро мерасад, ҳангоми аз ҷониби муассиси онҳо бо назардошти ҳаҷмҳои ҳадди ақали инвеститсияҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба фонди оинномавии чунин корхонаҳо ворид намудани ҳаҷмҳои дар поён зикргардидаи инвеститсияҳо ба мӯҳлати:

АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА СУПОРАНДАГОНИ АНДОЗ ОБЪЕКТ ВА МЕЪЁРИ АНДОЗБАНДӢ

 Андоз аз арзиши иловашуда шакли ба буҷет гирифтани қисми арзиши дар ҷараёни истеҳсол ва муомилоти мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иловашуда, инчунин қисми арзиши тамоми молҳои андозбандишавандаи ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда мебошад. Андоз аз арзиши иловашуда ҳамчун андози ғайримустақим бояд дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолот, муомилоти молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ пардохта шавад.

Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз амалиёти андозбандишаванда пардохта шавад, ҳамчун фарқи байни маблағи андоз, ки аз чунин муомилот ҳисобу зам карда шудааст ва маблағи андозе, ки бояд тибқи ҳисобнома – фактураҳои андоз оид ба андоз аз арзиши иловашуда ҳисоб карда шавад, муайян мегардад. Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз воридоти андозбандишаванда пардохта шавад, бо роҳи зарби воридоти андозбандишаванда ба меъёри андоз аз арзиши иловашуда муайян карда мешавад.

Супорандаи андоз аз арзиши иловашуда шахсе мебошад, ки ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шудааст  ё ӯҳдадор аст ба  чунин сифат ба қайд гирифта шавад.

Шахси ғайрирезидент, ки бидуни қайд барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба иҷрои корҳо ва хизматрасоние, ки бояд бо муқаррароти Кодекси андоз андозбандӣ шавад, машғул аст, оид ба чунин кору хизматрасониҳо супорандаи андоз аз арзиши иловашуда мебошад.

Ду ё зиёда шахсоне, ки фаъолияти соҳибкориро муштарак, бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, дар асоси шартномаи фаъолияти якҷоя мувофиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бе шартномаи хаттӣ анҷом медиҳанд ва дар натиҷаи он ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёдтар аз 12 моҳи муттасили (паӣ дар пайи) пурраи тақвимӣ аз дараҷаи ҳадди ақал (мутобиқи қисми 1 моддаи 202 Кодекси андоз) зиёд шавад, бояд барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шаванд. Ҳамзамон ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда нисбати муомилоте, ки дар рафти фаъолияти муштарак анҷом дода шудааст, дар мақоми андози маҳали фаъолияти муштарак яке аз шахсони дар чунин фаъолият иштироккунанда бояд ба қайд гирифта шавад.

Таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ аз тарафи ғайрирезидент ҳангоми муайян кардани арзиши умумии амалиёти андозбандишаванда ба эътибор гирифта мешаванд,  агар онҳо танҳо тавассути муассисаи доимии ин ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда шаванд.

Молҳои ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда ё воридшуда (ба истиснои молҳое, ки мутобиқи моддаи 211 Кодекси андоз аз андоз аз арзиши иловашуда озод шудаанд), ки мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон  бояд  дар эъломия зикр шаванд, воридоти андозбандишаванда ба ҳисоб мераванд.

Ҳангоми фарқияти манфӣ арзиши амалиёти андозбандишаванда барои ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда баробари сифр қабул карда мешавад.

Арзиши воридоти андозбандишаванда арзиши гумрукии молҳо, ки мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд, инчунин ҷамъи маблағи боҷҳо ва андозҳое, ки ҳангоми воридоти молҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд супорида шаванд, аммо  бе назардошти ААИ, мебошад.

АКСИЗҲО МАФҲУМ ВА СУПОРАНДАГОНИ АКСИЗҲО

Аксиз (андози аксиз) андози ғайримустақим буда, ба нархи фурӯши молҳои зераксизӣ дохил карда мешавад.

Истеҳсол дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) воридоти молҳои зераксизӣ, ба истиснои ҳолатҳои озод кардани онҳо аз ин андоз, бояд бо аксизҳо андозбандӣ шаванд.

Супорандагони аксизҳо тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки молҳои зераксизиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мекунанд ва (ё) ворид менамоянд.

Дар ҳолатҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон молҳои зераксизӣ аз ҳисоби ашёи хоми таҳвилкардаи (додаи) фармоишгар истеҳсол мешаванд, супорандаи аксизҳо истеҳсолкунандаи молҳои зераксизӣ мебошад, ки он ӯҳдадор аст ба фармоишгар молҳои зераксизии аз ашёи хоми вай истеҳсолкардаашро (маҳсулоти тайёрро) бо нархи фурӯше, ки он аксизро мутобиқи Кодекси андоз дар бар мегирад, супорад, чуноне ки агар ин ашёи хоми додашуда ба молистеҳсолкунанда тааллуқ дошта бошад.

Супорандагони аксизҳо ҳамчунин шахсони зерин мебошанд:

1) онҳое, ки молҳои зераксизии мусодирашуда, бесоҳиб, инчунин молҳои зераксизии тибқи ҳуқуқи меросгузорӣ гузашта ва ройгон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти давлат дода шударо таҳвил медиҳанд;

2) онҳое, ки ба вайроншавӣ, нестшавии молҳои зераксизӣ роҳ додаанд.

Супорандагони аксизҳо инчунин шахсони ҳуқуқӣ-ғайрирезидентҳо ва воҳидҳои махсуси онҳо мебошанд.

ОБЪЕКТҲОИ АНДОЗБАНДӢ

Объекти андозбандӣ амалиётҳои андозбандишавандаи  зерин мебошанд:

1) нисбати молҳои зераксизие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, амалиёти андозбандишаванда баровардани молҳои зераксизӣ берун аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ (сехҳо) мебошад, аз ҷумла:

а) таҳвили молҳои зераксизӣ, ба истиснои таҳвил барои содирот;

б) супоридани молҳои зераксизӣ барои коркард дар асоси ашёи фармоишгар;

в) таҳвили (супоридани) молҳои зераксизие, ки маҳсулоти коркард аз ашёи хом ва маводи фармоишгар мебошанд, аз ҷумла ашёи хом ва маводи зераксизии додашуда;

г) саҳми молҳои зераксизӣ ба фонди (сармояи) оинномавӣ;

д) истифодаи молҳои зераксизӣ ҳангоми пардохти натуралӣ;

е) фиристодани молҳои зераксизӣ аз ҷониби истеҳсолкунанда ба воҳидҳои махсуси худ;

ж) молҳои зераксизии истеҳсолкардаашро барои эҳтиёҷоти истеҳсолии худ истифода бурдани истеҳсолкунанда.

2) ҳангоми воридот амалиёти андозбандишаванда воридоти молҳои зераксизӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории гумрукӣ мебошад;

3) таҳвили (супоридани) молҳои зераксизии мусодирашуда ва (ё) бесоҳиб, тибқи ҳуқуқи мерос ба давлат гузашташуда ва ройгон ба моликияти давлат супоридашуда;

4) вайроншавӣ, нобудшавии молҳои зераксизӣ.

 МЕЪЁР ВА ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗИ АКСИЗ

Аз супоридани аксиз инҳо озод мебошанд:

1) нӯшокиҳои спиртдор, ки шахсони воқеӣ дар доираи номгӯӣ ва  меъёри  муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеъмоли худӣ истеҳсол мекунанд;

2) ворид намудани як литр нӯшокии спиртӣ, як баста (200 дона) сигор аз тарафи шахси воқеӣ барои истеъмоли худӣ, инчунин сӯзишвории автомобил мувофиқи ғунҷоиши зарфи сӯзишвории автомобил барои шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути автомобил ворид мешаванд;

3) молҳое, ки ба таври транзит тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кашонида мешаванд;

4) воридоти муваққатии молҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои молҳое, ки барои реэкспорт таъин шудаанд;

5) воридоти молҳои барои реэкспорт пешбинишуда, дар ҳолати таъминоти кафолати гарав тибқи тартиби пешбиникардаи қонунгузории гумрукӣ;

6) молҳои зераксизӣ, ба ғайр аз маснуоти спиртдор ва тамоку, ки дар доираи кӯмаки башардӯстона ворид мешаванд, инчунин молҳои воридшаванда барои беподош додан ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаҳо, фалокатҳо ва барои беподош додан ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

7) содироти молҳои зераксизӣ.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи номгӯи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ номгӯи молҳои зераксизиро  муайян карда, меъёрҳои андози аксизро ба онҳо муқаррар менамояд.

Молҳои зераксизӣ инҳо мебошанд:

1) спирт, нӯшокиҳои беспирт ва спиртдор;

2) тамокуи коркардшуда ва маҳсулоти саноатии ивазкунандаи тамоку;

3) сӯзишвории минералӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо; моддаҳои битуминозӣ; шамъҳои минералӣ;

4) шина ва покришкаҳои пневматикии резинии нав, шина ва покришкаҳои пневматикии резинии барқароршуда ё пештар истифодашуда; шина ва покришкаҳои яклухт ё нимпневматикӣ, протекторҳои шинагӣ ва лентаҳои ҳошиядори резинӣ;

5) автомобилҳои сабукрав ва ҳама гуна васоити нақлиёти мотордоре, ки барои кашонидани одамон таъин шудаанд;

6) маҳсулоти ҷавоҳирот аз тилло, платина ё нуқра.

Меъёрҳои аксизҳо мумкин аст бо фоизҳо (адвалорӣ) нисбати арзиши молҳои зераксизӣ ва (ё) бо маблағи муайян (мутлақи) ба воҳиди ченаки молҳои зераксизӣ дар ифодаи натуралӣ муқаррар карда шаванд.

Меъёрҳои аксизҳо ба маҳсулоти спиртдор вобаста аз намуди чунин маҳсулот ё ин ки вобаста аз ҳаҷми спирти беоби дар таркибаш мавҷудбуда (садфоиза) тасдиқ карда мешаванд.

Ҳангоми истеҳсоли молҳои зераксизӣ аксизҳо аз амалиётҳои андозбандишавандае, ки дар ҳар як давраи ҳисоботӣ (андоз) содир шудаанд, на  дертар:

– аз рӯзи 13 моҳ – барои даҳрӯзаи аввали моҳ;

– аз рӯзи 23 моҳ – барои даҳрӯзаи дуюми моҳ;

– аз рӯзи 3 моҳи минбаъда – барои қисми боқимондаи моҳи ҳисоботӣ бояд супорида шаванд.

Тамғаҳои аксиз. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон молҳои зераксизӣ, ватанӣ ва воридотиро, ки бояд тамғаҳои акзисӣ гузошта шаванд, муқаррар менамояд. Воридот ва (ё) фурӯши чунин молҳои зераксизӣ бе тамғаҳои аксизӣ манъ аст. Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд тибқи тартиби муқарраргардида чунин молҳои зераксизиро, ки ба фурӯш бе тамғаҳои аксизӣ бароварда шудаанд, мусодира намоянд.

Тамғаҳои аксизӣ ҳуҷҷатҳои ҳисоботдиҳии қатъӣ буда, дорои дараҷаи муайяни ҳифозат мебошанд. Тартиби таҳия ва муомилоти онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

АНДОЗИ ИҶТИМОӢ МАФҲУМ ВА СУПОРАНДАГОНИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ

Андози иҷтимоӣ маблағсупории ҳатмӣ мебошад, ки барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоӣ аз ҷониби супорандагони андози иҷтимоӣ мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси андоз нисбати маблағи музди меҳнат ё дигар манбаи андоз мутобиқи ҳамин боб пардохта мешавад.

Супорандагони андози иҷтимоӣ инҳо мебошанд (моддаи 259):

1) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – корфармоён, аз ҷумла муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳое, ки ба шахсони воқеӣ-резидентҳо, ки ҳамчун коргарони кироя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, музди меҳнат медиҳанд;

2) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳое, ки дар рафти фаъолияти соҳибкории худ ба шахсони воқеӣ-резидентҳо дар асоси шартномаҳои дорои хусусияти гражданию ҳуқуқӣ ё бе шартнома ҳаққи хизматашонро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, медиҳанд;

3) шахсони воқеии дар бандҳои 1) ва 2) номбаршуда, ки пардохт мегиранд;

4) шахсони воқеӣ-резидентҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ машғуланд.

Супорандагони дар банди 1) ва 2) зикршуда минбаъд суғуртакунандагон номида мешаванд, супорандагони дар банди 3) зикршуда – суғурташудагон номида мешаванд.

ОБЪЕКТИ АНДОЗБАНДӢ

Дар ҳолатҳои пешбининамудаи банди 1) қисми 1 моддаи 259 Кодекси андоз объекти андозбандӣ маблағи супоридашавандаи музди меҳнат ба кормандони кироя мебошад. Дар ҳолатҳои дар банди 2) қисми 1 моддаи 259 Кодекси андоз пешбинишуда объекти андозбандӣ маблағи супоридашавандаи музди меҳнат ба шахсони воқеӣ мебошад, чуноне агар ин шахсони воқеӣ кормандон бошанд.

МЕЪЁР ВА ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ

Аз супоридани андоз озод карда мешаванд (ба объекти андозбандӣ дохил карда намешаванд):

1) даромади шахсоне, ки дар муассисаҳои дипломатӣ ва (ё) консулгарӣ кор мекунанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд;

2) маблағҳое, ки ҳангоми корношоямии муваққатӣ аз маблағҳои буҷетии барои суғуртаи иҷтимоӣ ҷудошуда  дода мешаванд.

Доир ба андози иҷтимоие, ки ба буҷет гузаронида мешавад, барои суғуртакунандагон меъёри 25 фоиз ва барои суғурташудагон 1 фоиз татбиқ мегардад.

МЕЪЁРҲОИ АНДОЗИ ЗАМИН БАРОИ ЗАМИНҲОИ ШАҲРҲО ВА ШАҲРАКҲО ВА БЕРУН АЗ ЗАМИНҲОИ ШАҲРҲО ВА ШАҲРАКҲО

Мутобиқи моддаи 266 Кодекси андоз меъёрҳои андоз барои заминҳои шаҳрҳо ва шаҳракҳо дар ҳаҷмҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

1) дар шаҳри Душанбе  – 500 сомонӣ аз ҳар гектар;

2) дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб – 375 сомонӣ аз ҳар гектар;

3) дар шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва шаҳри Хоруғ — 250 сомонӣ аз ҳар гектар;

4) дар дигар шаҳр ва шаҳракҳо — 180 сомонӣ аз ҳар гектар.

Заминҳои истифодаи кишоварзӣ ва зери ҷангалу буттазорҳои шаҳрҳо ва шаҳракҳо тибқи минтақаҳои кадастрии моддаҳои 267 ё 308 Кодекси андоз андозбандӣ карда мешаванд.

Ба истиснои заминҳои аз андоз озод, ба масоҳати андозбандишавандаи замин ҳамаи заминҳои вобасташуда, аз ҷумла заминҳои зери сохтмон, иншоотҳо, қитъаҳое, ки барои нигоҳубини онҳо заруранд, минтақаҳои санитарию муҳофизатии объектҳо, минтақаҳои техникӣ ва дигар минтақаҳо дохил мешаванд.

Замин барои сохтмони манзили истиқоматии шахсони воқеӣ дар шаҳр ва шаҳракҳо бояд тибқи тартиби зайл андозбандӣ гарданд:

– ҳисоби маблағи андози замин тибқи тартиби зайл вобаста ба ҳаҷми қитъаи замин, ки ба истифодабарандаи замин вобаста карда шудааст, анҷом дода мешавад:

а) то 800 метри мураббаъ – тибқи меъёри андоз барои заминҳои шаҳрҳо ва шаҳракҳо;

б) бештар аз 800 метри мураббаъ то 2000 метри мураббаъ – маблағи андоз, ки тибқи зербанди а) ҳисоб шудааст, ҷамъи маблағи бо назардошти меъёри 2-каратаи андози барои заминҳои шаҳрҳо ва шаҳракҳо ҳисобшуда, барои майдоне, ки аз 800 метри мураббаъ зиёд аст;

в) беш аз 2000 метри мураббаъ – маблағи андозе, ки тибқи зербанди б) ҳисоб карда шудааст, ҷамъи маблағи бо назардошти меъёри 5-каратаи андози барои заминҳои шаҳрҳо ва шаҳракҳо ҳисобшуда барои майдоне, ки аз 2000 метри мураббаъ зиёд аст.

Мутобиқи моддаи 267 Кодекси андоз меъёрҳои миёнаи андоз аз як гектар замин дар минтақаҳои  кадастрӣ ва намудҳои замин, ғайр аз заминҳое, ки бо андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ андозбандӣ мешаванд, ба андозаи зерин муқаррар мешаванд (бо сомонӣ):

Ҷадвали 7.1.

Меъёрҳои миёнаи андози замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

                      Намудҳои

замин

(қитъаҳо)

Номи

минтақаи

кадастрӣ

Заминҳои кишт ва дарахтзорҳои бисёрсола: обӣ/ лалмӣ Чарогоҳҳо Алафзорҳо Роҳ, кӯчаҳо, иморати ҷамъиятӣ, бешаҳо, майдонҳо, каналҳо, ҷӯйҳо ва заҳбурҳо Дигар заминҳое, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода намешаванд
Суғд, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳӣ 60,0/11,0 2

4

4

6

7

6

1

0,8

Ҳисор, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳӣ 64,0/26,0 4

4

5

5

6

5

1

0,8

Рашт 52,0/38,0 4 6 6 0,8
Кӯлоб, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳӣ 66,0/31,0 3

4

5

6

6

5

1

0,8

Вахш, аз ҷумла минтақаҳои кӯҳӣ 93,0/23,0 2

4

4

4

7

5

1

0,8

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (бе минтақаи Мурғоб) 18,0/8,0 2 3 3 0,8

Андози замин бо роҳи зарб задани объекти андозбандӣ (масоҳати қитъаи замин) ба меъёрҳои дахлдори андози замин алоҳида ба ҳар як қитъаи замин ҳисоб карда мешавад.

АНДОЗҲО АЗ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ҚАЪРИ ЗАМИН СУПОРАНДАГОНИ АНДОЗҲО АЗ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ҚАЪРИ ЗАМИН

Супорандагони пардохтҳои махсуси истифодабарандагони қаъри замин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки амалиётро оид ба истифодаи қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (истифодабарандагони қаъри замин) содир менамоянд, аз ҷумла истихроҷи канданиҳои фоиданок аз ташкилаҳои  техногении минералӣ.

БОНУСҲО

Бонусҳо пардохтҳои устуворонаи истифодабарандагони қаъри замин мебошанд ва дар шакли пулӣ, тибқи ҳаҷм ва тартиби дар қарордоди истифодаи қаъри замин муқарраргардида супорида мешаванд.

Истифодабарандагони қаъри замин, бо дарназардошти шартҳои инфиродии истифодаи қаъри замин намудҳои зерини бонусро месупоранд:

1) бонуси обунавӣ;

2) бонуси кашфи тиҷоратӣ;

3) бонуси истихроҷ.

Мутобиқи самаранокии иқтисодии қарордодҳои имзошаванда мумкин аст дар онҳо як ё якчанд намуди бонусҳо муқаррар карда шавад.

Бонуси обунавӣ. Бонуси обунавӣ пардохти яккаратаи устуворонаи  истифодабарандаи қаъри замин барои ҳуқуқи фаъолият ҷиҳати истифодаи қаъри замин дар ҳудуди қарордодӣ мебошад ва ҳангоми бастани қарордод мувофиқи тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Бонуси кашфи  тиҷоратӣ. Бонуси кашфи тиҷоратӣ маблағсупорӣ барои ҳар як кашфи тиҷоратӣ дар ҳудуди қарордодӣ, аз ҷумла барои кашфи канданиҳои фоиданок дар рафти гузаронидани кофтукови иловагии конҳо мебошад, ки боиси афзоиши захираҳои дар ибтидо муқарраршудаи истихроҷшаванда мегардад.

Бонуси кашфи тиҷоратӣ тибқи қарордодҳо барои кашфи конҳои канданиҳои фоиданоке, ки истихроҷи минбаъдаи онҳоро пешбинӣ намекунанд, муқаррар карда намешавад.

Кашфи тиҷоратӣ – ин захираҳои навъҳои алоҳидаи канданиҳои фоиданок мебошад, ки дар доираи ҳудуди қарордодӣ кашф шуда, мувофиқи тартиби муқарраршуда тасдиқ гардидаанд ва барои истихроҷ аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранок мебошанд.

Бонуси истихроҷ. Бонуси истихроҷ пардохти устуворона буда, мунтазам, ҳангоми расидан ба дараҷаи ҳаҷми истихроҷ, ки дар қарордод муайян шудааст, аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин супорида мешавад.

Тартиби ҳисоб намудани бонуси истихроҷро доир ба гурӯҳҳои канданиҳои фоиданок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ҳаҷми бонуси истихроҷро қарордод барои истифодаи қаъри замин муқаррар менамояд.

Эъломияи оид ба бонуси истихроҷ аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин ба мақоми андоз дар маҳалли баҳисобгирии худаш на дертар аз мӯҳлати муқарраршуда барои супоридани бонуси истихроҷ пешниҳод карда мешавад.

РОЯЛТИ

Роялти пардохте мебошад, ки истифодабарандаи қаъри замин дар алоҳидагӣ, доир ба ҳар як намуди (доир ба тамоми намудҳои) канданиҳои фоиданоки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истихроҷшаванда месупорад, новобаста аз он, ки онҳо ба харидорон (қабулкунандагон) таҳвил (бор карда фиристода) шудаанд ё барои эҳтиёҷоти  худӣ истифода гардидаанд.

Роялтие, ки дар қарордод барои истифодаи қаъри замин муқаррар шудааст, дар шакли пулӣ супорида мешавад.

Дар рафти фаъолият тибқи қарордод шакли пулии пардохти роялти  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар асоси созишномаи иловагии истифодабарандаи қаъри замин бо мақоми салоҳиятдор муваққатан  пурра ё қисман ба шакли  пардохти натуралӣ, ки ба шакли пулӣ баробар аст, иваз карда шавад.

Супорандагони роялти истифодабарандагони қаъри замине мебошанд, ки канданиҳои фоиданок, аз ҷумла канданиҳои фоиданокро аз ташкилаҳои минералии техногенӣ истихроҷ менамоянд, сарфи назар аз он, ки таҳвили (бор карда фиристодани) онҳо дар давраи ҳисоботӣ  сурат гирифтааст ё на.

Ҳаҷми роялти дар асоси объекти андозбандӣ, заминаи ҳисобкунӣ ва меъёр муайян карда мешавад.

Барои ҳисоб намудани роялти:

1) объекти андозбандӣ доир ба ҳамаи намудҳои канданиҳои фоиданок  аз ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ё ҳаҷми маҳсулоти молии якуми аз истихроҷи аслии канданиҳои фоиданок гирифташуда, ки дар асоси воҳидҳои дахлдори натуралии ченак муайян шудааст, иборат мебошад.

Ҳамзамон маҳсулоти молии якум метавонанд инҳо бошанд:

а) худи канданиҳои фоиданок:

– нафт, гази табиӣ ва конденсати газ;

– ангишт ва слансҳои сӯзишворӣ;

–  маъданҳои молӣ;

– обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла аз коркарди аввалин гузашта;

– слюда, асбест, ашё барои истеҳсоли маводи сохтмон;

– ашёи хоми ғайримаъданӣ барои металлургия;

б) металлҳои қиматбаҳо ва (ё) металлҳои софи химиявӣ дар қум, маъданҳо, консентратҳо;

в) консентрати металлҳои сиёҳ, ранга, нодир ва радиоактивӣ, ашёи кимиёвии кӯҳӣ;

г) сангҳои қиматбаҳо, ашёи сангҳои ороишӣ ва пьезооптикии аз  коркарди якум гузашта;

д) оид ба дигар канданиҳои фоиданок – ашёи минералии аз коркарди якум гузашта;

2) заминаи ҳисоби роялти арзиши канданиҳои фоиданок мебошад;

3) меъёри роялти дар ҳар як қарордод ба таври инфиродӣ, вобаста аз самаранокии иқтисодии лоиҳа алоҳида доир ба ҳар намуди (доир ба ҳамаи намудҳои) канданиҳои фоиданок, ба истиснои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ, тибқи тартибе, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти муқаррароти Кодекси андоз муайян намудааст, муқаррар карда мешавад. Дар баробари ин меъёри ҳадди ақали роялти доир ба ҳама гуна канданиҳои фоиданок бояд на камтар аз 0,5 фоиз бошад.

Роялти  аз ҷониби инҳо пардохта намешавад:

1) аз ҷониби шахсони воқеӣ доир ба обҳои зеризаминие, ки дар қитъаҳои замини ба онҳо барои истифода вобасташуда ё истифодаи умрбоди меросӣ додашуда истихроҷ карда мешаванд, ба шарте агар чунин обҳо ба дигар шахс таҳвил дода ё барои истеҳсолот ва эҳтиёҷоти технологӣ ҳангоми фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда нашаванд;

2) аз ҷониби ташкилотҳои давлатие, ки обҳои зеризаминиро барои эҳтиёҷоти хоҷагидории худ истихроҷ менамоянд;

3) аз ҷониби истифодабарандагони қаъри замин ҳангоми баргашта бо обҳои зеризаминии ҳамроҳ истихроҷшуда пур кардани ҷои онҳо барои нигоҳдории фишори қишри замин.

АНДОЗ АЗ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД СУПОРАНДАГОНИ АНДОЗ ВА ОБЪЕКТИ АНДОЗБАНДӢ

 Супорандагони андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард шахсони зерин ба ҳисоб мераванд, ки даромади умумиашон бе назардошти ААИ ва андоз аз фурӯши чакана дар оғози соли андоз аз 600 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад:

1) корхонаҳои резидентӣ;

2) корхонаҳои хориҷие, ки тавассути муассисаҳои доимиашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд;

3) соҳибкорони инфиродӣ.

Объекти андозбандӣ маблағи тарҳҳои (хароҷоти) дар давраи ҳисоботии андоз кардашуда дар ҳаҷми пурра, бе назардошти маҳдудиятҳо ба тарҳҳо, (хароҷот), ки боби 19 Кодекси андоз муқаррар намудааст, ба ҳисоб меравад.

               МЕЪЁР ВА ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗ

Бо ин андоз инҳо андозбандӣ  карда намешаванд:

1) ташкилотҳои буҷетӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он;

2) иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ,  ба истиснои фаъолияти соҳибкории онҳо.

Меъёри андоз дар ҳаҷми 2 фоизи манбаи андоз муқаррар карда мешавад.

Меъёри андоз барои корхонаҳои савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурӯш дар ҳаҷми 0,5 фоизи манбаи андоз муқаррар карда мешавад.

Манбаи андоз бо роҳи ҷамъ намудани ҳамаи тарҳҳои (хароҷоти) дар давраи ҳисоботии андоз кардашуда дар ҳаҷми пурра, бе назардошти маҳдудиятҳо ба тарҳҳо (хароҷот), ки боби 19 Кодекси андоз муқаррар намудааст, ҳисоб карда мешавад.

Давраи андоз, мӯҳлати пардохт ва тартиби пешниҳоди эъломия ба монанди онест, ки барои андоз аз арзиши иловашуда муқаррар гардидааст.

ХУЛОСА

Дар шароитҳои муносибатҳои бозорӣ ва бахусус дар давраи гузариш ба бозор низоми андозбандӣ яке аз тамзимгари муҳими иқтисодӣ, асоси механизми молиявию қарздиҳии ба танзим гирифтани иқтисодиёти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Аз он ки то кадом дараҷа низоми андозбандӣ дуруст ба роҳ монда шудааст, ба ҳамон андоза самарабахши фаъолияти тамоми хоҷагии халқ вобастагӣ дорад. Маҳз низоми андоз дар марҳилаи имрӯза, эҳтимол, предмети асосии баҳс дар хусуси роҳҳо ва усулҳои ислоҳот қарор дошта, ба ҳамон андоза мавриди танқид гаштааст.

Дар тӯли якчанд соли охир Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши бузурги иқтисодӣ – гузариш аз идоракунии нақшавии хоҷагии халқро дар бобати истифода намудани механизмҳои тараққиёти иқтисодӣ аз сар мегузаронад. Олотҳои нави низомҳои иқтисодӣ бо унсурҳои боқимондаи низоми пешинаи иқтисодӣ ва анъанаҳои дар тафаккури субъектҳои муносибатҳои иқтисодӣ чуқур решадавондашуда, боқӣ мондаанд.

Дар солҳои фаъолияти низомҳои андоз миқдори зиёди тағйирот ба қонунгузорӣ дар бобати андоз дохил карда шуд, то ки он бо ҷараёнҳои дар ҳаёти ҷомеа баамаломада мувофиқ кунонида шавад.

Дар адабиёти муосир дар бораи андоз миқдори зиёди таърифҳои гуногун оварда мешаванд. Дар ин маврид дар ҳамаи таърифҳо бетағйир қайд мегардад, ки андоз – пардохти ҳатмӣ мебошад. Ба тарзи дигар, пардохтҳое, ки барои пардохткунандагон ҳатмӣ нестанд, ба андозҳо нисбат надоранд. Ба андоз ҳама гуна пардохтҳо, саҳмгузориҳо ва баровардҳои соҳибихтиёрона тааллуқ надоранд.

Андозҳо пардохтҳое мебошад, ки бебозгашт татбиқ меёбанд, яъне пардохти онҳо дар назди давлат ягон хел ӯҳдадории мушаххасро дар нисбати шахсе, ки ин пардохтҳоро мегузаронад, муқаррар намекунад. Ҳамин тавр, ба андозҳо пардохтҳое, ки бо сабаби бо пардохткунанда бастани ӯҳдадории онҳо бо давлат, мақомотҳои давлатӣ ё намояндагони дигари давлатӣ вобаста мешаванд, нисбат додан лозим аст.

Моҳияти иқтисодии андозҳо дар муносибати байниҳамдигарии давлат ва субъектҳои хоҷагидорӣ дар бобати ташаккул ёфтани молияи давлатӣ ифода меёбад.

Ҳамин тавр, чуноне ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд ёфтааст: «Системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмӯи дар ҳамин Кодекс пешбинишудаи андозҳо, принсипҳо, шаклу усулҳои муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардан, пардохтан ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пардохти онҳо, инчунин шаклу усулҳои назорати андоз ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории андоз иборат аст».

Вазифаи батанзимгирандаи андозҳо зоҳирёбии худро дар шартҳои тафриқаёбандаи андозбандӣ ифода мекунад. Давлат андоз ситонида, ҳамеша ба амалиёти субъектҳои иқтисодӣ – шахсони воқеиву ҳуқуқӣ таъсир мерасонад.


РУЙХАТИ АДАБИЁТҲО

  1. Конститутсияи (Сарконуни) ^умхурии Точикистон, Душан­бе, Шарки Озод, 2003.
  2. Кодекси андози Чумхурии Точикистон, Душанбе, Шарки Озод, 2005.
  3. Кодекси гумрукии Чумхурии Точикистон, Душанбе, Шарки Озод, 2005.
  4. Конуни Ч^умхурии Точикистон «Дар бораи бочи давлатй», ш.Душанбе, аз 12 феврали соли 2004 №491.
  5. Карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 25 октябри соли 2003 №450 «Дар бораи тарифи гумрукии Ч|умхурии Точикистон».
  6. Карори Хукумати Чумхурии Точикистон аз 2 апрели соли 2005 №126 «Дар бораи мукаррар намудани меъёри андози акси-зхр барои баъзе молхри дар Чумхурии Точикистон истехсолша-ванда ва ба Чумхурии Точикистон воридшаванда».
  7. Законодательные и нормативные акты по налогам и налого­обложению. Душанбе, 1994.
  8. Шомуродов Ф. Словарь-справочник налогоплательщика, Издание первое, Душанбе, 2001
  9. Шомуродов Ф. Барнома аз фанни «Андоз аз корхона ва шахрвандон» (барои донишчуёни тахассуси «Андоз ва андоз-бандй») Душанбе, 2004.
  10. Шомуродов Ф. Барнома аз фанни «Андоз аз шахсони хукукӣ ва вокей» (барои донишчуёни тахассуси «Хукукшиносй») Душанбе, 2004.
ҚаблӣАвзои Мовароуннахру Хуросон пас аз давлати Сомониён
БаъдӣАсосхои муносибатхои байналхалкии асъор