Функсияҳои асосии фарҳанг

Фарҳанг як қатор функсияҳои асосиро иҷро менамояд. Мо дар ин ҷо функсияҳои муҳимтарини фарҳангро баён наму­да, функсияҳои ҷузъии онро дар таркиби функсияҳои асосӣ ва муҳимтарини фарҳанг нишон хоҳем дод.Функсияҳои муҳимтарини фарҳанг инҳо мебошанд:

Якум, функсияи тағйирдиҳанда. Ин функсия яке аз функсияҳои муҳимтарин ба шумор меравад, зеро азхуд намудан ва дигаргун намудани муҳити атроф мақсад ва талаботи асосии инсон мебошад.

Дуюм, функсияи муҳофизаткунанда ва ё функсияи мувофиқ шудан ба муҳит мебошад. Ин функсия ҳам ба инсон ва ҳам ба ҳайвон хос аст. Албатта, инсони соҳибақл дар иҷрои ин функсия аз ҳайвон хеле пеш рафтааст, зеро инсон маҷбур буд, ки ба ду муҳиту вазъият, яъне муҳити табиӣ ва муҳити иҷтимоӣ мутобиқ шавад.

Ҳамаи он ҷизҳое, ки ба одами ибтидоӣ ва дертар ба инсо­ни тамаддуни барои ҳаёт кумак мерасонад ва маҳсули фарҳанг аст функсияи муҳофизаткунандаро иҷро менамояд. Аммо инсон на танҳо ба табиат мувофиқ мешавад, балки инчунин ба ҷамьият низ бояд мутобиқ шавад, ки он хеле мураккабтар аст. Васеъ гардидани доираи фаъолияти инсон ногузир боиси пайдоиш ва cap задани хатарҳои нав ба нав мегардад.

Ин бошад аз фарҳанг талаб менамояд, ки механизмҳои муҳрфизаткунанда – ба монанди хизмати тиббӣ, органҳои тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи муҳити зистро ташкил намояд. Таҳдиди фалокати экологӣ мавқеь ва мартабаи ин функсияро ба ҷои аввал мебарорад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сеюм, функсияи коммуникативии (робитавии) фарҳанг мебошад. Ин функсияи фарҳанг ба функсияи информативии фарҳанг алоқаи зич дорад. Функсияи коммуникативии фарҳанг тақозо менамояд, ки инсон ҳамчун мавҷудоти иҷтимоӣ барои расидан ба мақсадҳои мухталиф ба робита ва алоқа бо дигар одамон эҳтиёҷ дорад. Воситаҳои асосии функсияи комму­никативӣ инҳо забони оддӣ (забоне, ки мо бо он ҳарф мезанем), забонҳои махсуси санъат (мусикӣ, театр, санъати тасвирӣ, кино ва ғайра) мебошанд.

 Бо тарақиёти баланди илму техника, технология,  воситаҳои навтарини нақлиёт ва воситаҳои ахбори умум имкониятҳои коммуникативии фарҳанг, яъне қудрати нигоҳ доштан, расонидан на интишори боигариҳои фарҳанги хеле васеътар гардидаанд.

Чаҳорум, функсияи информативии (ахборотии) фарҳанг.

Инсоният танҳо ба воситаи фарҳанг метавонад донишу малакаҳои худро бой гардонад, паҳн намояд ва нигоҳ дорад. Вазифаи ин функсия, ҷамъоварӣ, нигоҳ доштан ва ба танзим даровардани ахборотҳо мебошад, ки раванди фарҳангии пай дар пай шаклҳои гуногуни прогресси таърихиро таъмин мена­мояд. Масалан, бостоншинос дар натиҷаи кофтуковҳои археологи пораҳои асбобу анҷоми қадимаро ёфта, аз рӯи он манзараи ҳаёти гузаштагонро муайян менамояд. Хамаи ин ахборотест, ки дониши инсонро пурра менамояд.

Панҷум, функсиии регулитивии (нормативии) фарҳанг ме­бошад. Ин функсия ба тартибандозанда, ба танзим дароваранда ва идоракунаидаи аъзоёни ҷамъият маҳсуб мешавад.

Он пеш аз хама ба воситаи низоми қонунҳо, қоидаҳо ва талаботҳои ҷамъиятӣ барои, ҳамаи аъзоёни ҷамъият дар тамо­ми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва, фаъолияти онҳо (меҳнат, ҳ0аёти маишӣ, муносибатҳои байни гуруҳҳо, синфҳо, миллатҳо ва шахсиятҳо) муайян карда мешавад. Аз ин рӯ, фарҳанг дар ҷомеа бо характери нормативии худ нақши бағоят бузургро мебозад.

Вазифаи асосии ин функсия нигаҳдории мувозинати иҷтимоӣ дар ин ё он сохти ҷамъиятӣ мебошад. Ин функсияи фарҳанг бо як қагор хусусиятҳо ва дараҷаҳои муайяни худ дар амал ҷорӣ мегардад. Дараҷаи баландтарини ин функсия меъёри (қоидаи) ахлоқӣ мебошад. Меъёри ахлоқӣ ин қонуну қоидаҳои шахшудамонда набуда, дар натиҷаи робитаҳои доимӣ аз як халқ ба халқи дигар мегузарад ва ҳамеша дар инкишофу тағйирёбист. Дар натиҷаи инкишоф ва бойтару ғанитар гардидани меъёрҳои ахлоқӣ он ба худ характери умумибашариро ме­гирад.

Сокинони сайёраи мо рӯз то рӯз бештар дарк ва эҳсос на­муда истодаанд, ки ҳамаи онҳо аз якдигар вобастаанд ва гуё дар як киштии умумиҷаҳонӣ шино доранд ва тақдири онҳо дар ҳамбастагӣ ва ягонагии онҳост. Аз ин рӯ, раванди гуфтугуи тамаддунҳо дар шароити имрӯза омили муҳимтарини расидан ба ризоият ва ваҳдату ягонагии халқҳои ҷаҳон мебошад.

Фарҳанг, бешубҳа, ифодагари рӯҳи миллӣ, расму русум, анъана ва хотираи таърихии ҳар халқу миллат мебошад. Аз фарҳангу ҳунар дида, башарият барои ба ҳам наздик кардани инсонҳо ва ваҳдати умум воситаи самараноктаре эҷод накардааст. Муассисаҳои қадимтарини идтимоӣ, ки меъёрҳои ахлоқиро эҷод менамоянд ва нигоҳ медоранд ин калисо, масҷидҳо, динҳои гуногун ва мазхабҳо мебошанд.

Бесабаб нест, ки талаботҳои ахлоқии аз тарафи динҳо ба вуҷуд овардашуда дар тамоми динҳои ҷаҳонӣ тақрибан ба як­дигар монанд ё наздик мебошанд. Бинобар ин дар ҷаҳони имрӯза муносибати ҳасанаи динҳо бояд пойдор бошад.

Қоидаҳои ахлоқӣ асосан ва бештар дар матнҳо ва ҳуҷҷатҳои динӣ, китобҳои муқаддаси динҳои ҷаҳонӣ ва дар эҷодиёту асарҳои ахлоқии мутафаккирони ҳар давру замон инъикос ёфтаанд.

Дараҷаи дигари ин функсия дар қоидаҳои (нормаҳои) ҳуқуқӣ инъикос гардидааст. Қоидаҳои ҳуқуқӣ дар асоси меъёрҳои ахлоқӣ тартиб дода шуда, дар конун ва конститутсияҳо дарҷ мегарданд. Дар натиҷаи ин қонунҳо на на танҳо қуваи ахлоқӣ, балки инчунин қувваи ҳуқуқӣ низ мегиранд.

Қоидаҳои ҳуқуқӣ вобаста ба шароитҳои конкретӣ- таърихии халқҳою миллатҳо ва дараҷаи фарҳангнокии онҳо мотанонанд гуногун бошанд ва аз якдигар фарқ кунанд. Қоидаҳои ҳуқуқӣ ҳатто метавонад дар як давлат барои ҳар як минтақаҳои алоҳидаи он гуногун бошад. Мисоли равшани гуфгаҳои болоро дар Штатҳои Мутаҳидаи Америкаро дида мебароем, ки меъёрҳои ҳуқуқии штатҳои он аз якдигар фарқ мекунанд.

Хусусият ва дараҷаи дигари ин функсия дар урфу одат ва маросимҳо зоҳир мегардад. Урфу одат ин низоми устувори рафтори одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳайёт ва дар шароитҳои гуногун мебошад, ки ба меъёр мубаддал гашта, аз насл ба насл мегузарад.

Урфу одат характери устувор ва консервативӣ дорад. Чунин урфу одатҳои қадимӣ ба монанди худойиҳо, қалингирӣ, қасди хун гирифтан ва як қатор идҳои динӣ ва тағйиротҳои иқтисодию иҷтимоӣ  ва сиёсӣ нигоҳ накарда, то имрӯз боқӣ мондаанд.

Меъёрҳои ҳуқуқиро вобаста ба шароитҳои конкретӣ- таърихӣ тағйир додан мумкин аст, вале урфу одатҳои устувор новобаста ба хама гуна шароитҳо тағйир намеёбанд.

Маросимҳо аз урфу одатҳо бо он фарқ мекунанд, ки онҳо асосан характери динӣ доранд ва ба ин ё он динҳо дахл доранд. Маросимҳо ин амали коллективонаи рамзӣ буда, асосан дар масҷиду калисоҳо гузаронида мешаванд.

Шашум, функсияи семиотикӣ (семиотика – маҷмӯи назарияҳои илмӣ, ки хосияти аломатҳои гуногунро тасдиқ мекунад) ва ё аломатӣ мебошад. Ин функсия яке аз функсияҳои муҳимтарин дар низоми Фарҳангшиносӣ ба шумор меравад. Бе омӯзиши низоми муайяни аломатҳо аз худ намудани дастовардҳои муҳими фарҳанги ҷомеаи башарӣ аз имкон берун аст.


Функсияхои асосии фарханг

ҚаблӣНавъҳо ва шаклҳои асосии фарҳанг
БаъдӣФаҳмиши фалсафии фарҳанг. Инсон эҷодкори фарҳанг