Фаҳмиши фалсафии фарҳанг. Инсон эҷодкори фарҳанг

Моҳияти мафҳумҳои «культура» ва «фарҳанг»

Илми Фарҳангшиносӣ дороӣ хусусиятҳои хоси фалсафӣ мебошад. Фарҳанг системаи донишҳо дар бораи қонуниятҳои зиндагию ҳаёти инсон буда, бо қонунҳои табиат алоқаи ногусастанӣ дорад. Дар раванди фаъолияти бошууронаи дигаргунсозандагии табиат ва ҷамъият ҳар як насли инсон таҷрибаи андухтаи ниёгонро аз бар менамояд ва дар баробари ин сарватҳои моддӣ ва маънавӣ меофарад, роҳ ва усулҳои истеҳсоли онҳоро такмил медиҳад.

Мутафаккирон ва маорифпарварони Ғарб ба фалсафаи фарҳанг такони ҷиддие ворид карданд, ки боиси дар асри XX хеле ташаккул ёфтани он гардид. Фаҳмиши фалсафии фарҳанг аз дигар фаҳмишҳо фарқи ҷиддӣ дорад. Масалан, фаҳмиши «ҷамъият» чӣ маънӣ дорад? Мо «ҷамъият»-ро дида наметавонем. Мо одамон, нақлиёт, хонаҳоро мебинем, вале ҷамъиятро намебинем. Мо онро дарк мекунем.

Фаҳмиши фалсафии фарҳанг дар он зоҳир мегардад, ки мо ба воситаи тафаккур ба моҳияти масъалаҳо сарфаҳм меравем. Кулли фикру ақидаҳои мутафаккирони оламро ҷамъбаст карда, ба фарҳанг чунин таъриф додан мумкин аст:

Тамоми дастовардҳои моддию маънавие, ки инсон дар тули фаъолияти дуру дарози таърихии худ ба вуҷуд овардааст маданият ва ё фарҳанг номида мешавад. Ҳаммаънои «маданият» «культура» аст ва аз рӯи моҳият ҳарду дар як поя меистанд. «Культура» калимаи лотини буда, маънои «кишт кардан» «зироагкорӣ намудан», «парварншу тарбия» ва «парваридану руёиидан»-ро дорад. Истилоҳи култура аз асри XVIII инҷониб дар Европа истифода мешавад.

Истилоҳи маданият чӣ маънӣ дорад? Маданият аслан калимаи арабӣ буда, маънои шаҳрдорӣ, яъне сокини шаҳр ва шаҳрвандро дорад.

Дар мамлакатҳои Шарқ тарзи зисти шаҳриёнро бо мафҳуми маданият ва тамаддун хаммаъно медонистанд.

Истилоҳи «Фарҳанг» бошад аввалин маротиба дар китоби дини зардуштиён «Авесто» ёдоварӣ мешавад ва аз ду бахш «фар» ва «ҳанг» иборат буда, бахши «фар» маънои комёбиҳои давраи пеш, бахши «ҳанг» маънои овардан ва ё аз насл ба насл гузаштан комёбиҳои давраи пешро дорад.


Фахмиши фалсафии фарханг. Инсон эчодкори фарханг. Мохияти мафхумхои «культура» ва «фарханг»

ҚаблӣФунксияҳои асосии фарҳанг
БаъдӣСанъат ҳамчун унсури фарҳанг