МУКАДДАСОТИ МИЛЛИ

Дар олам халқу миллатҳои зиёде мавҷуд аст. Ҳар миллат дорои забон, хат, рамзҳои ба худ хос ва расму анъанаҳои гуногун мебошад.

Хушбахтона, халқи тоҷик дар ҳама давру замон ҳастии худро ба воситаи забони шево нигоҳ дошта, бо сеҳри қалами аркони суханаш дили аҳли фарҳанги сайёраро тасхир намудааст.

Истиқлолият давраи нави эҳёи тамадуни халқи тоҷик ба шумор меравад. Миллат тавассути даврони мустақилият бод арки амиқ ватандорӣ бо эъмори давлати дунявӣ ва демократӣ иқдом намуд.

6-уми ноябри соли 1994 бори нахуст Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардум қабул гардид. Ин шиносномаи миллат роҳи рушди минбаъдаи давлати Тоҷикистонро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дод. Аъди таъсиси Ҳукумати воҳид рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд.

гимн, гимни точикистон, суруди милли, иншо,

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби Пачам, Нишон, Суруди миллӣ гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахшро халқи тоҷик бо ризоияти том истиқбол намуд.

Забон ва пули миллӣ низ мисли рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ шинохта мешаванд. Имрӯз забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, воҳиди пули мамлакат Сомонист. Ифтихор аз муқаддасоти миллӣ ва эҳтироми он вазифаи ҳар сокини Тоҷикистони азиз аст.

Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қалами шоири халқии Тоҷикистон Гуназар Келдӣ мансуб буда, орзуву ормони ин миллати куҳанбунёдро фаро мегирад. Оҳанги Суруди Миллӣ маҳсули заҳмати Сулаймон Юдаков аст. Шоир Гулназар бо арки баланди масъулият дар иншои ин матн саҳми муассир дорад. Моҳияти асосии Суруи Миллӣ дар маънии фарох ва калимаву ибораҳои тоҷиконаи он аст. Банду басти ҳиҷо. Калима ва ибораҳо ҳамто надорад. Инак, банди авали онро ба ёд меорем:

 Диёри арҷманди мо,

 Ба бахти мо сари азизи ту баланд бод,

Саодати ту, давлати ту, бегазанд бод.

Зи дурии замонаҳо расидаем, расидаем,

Ба зери парчами ту саф кашидаем, кашидаем,

      Зинда бош, эй Ватан,

      Тоҷикистони озоди ман!

Мавзӯи муқаддасоти миллат дар эҷодиёти шоирони тоҷик мавқеи хоса дорад. Доир ба гиромидошти он навиштаҳои зиёде рӯи кор омада, саҳифаи даврони Истиқлолияти мамлактро зиннат доданд.

 Шоир Парчами Тоҷикистонро бахти миллат ва монанди Шамси мунир ба қалам додааст:

    Парчами Тоҷикистон,

    Чун бахт ёвари мост.

    Хуршедсон ҳамеша,

    Тобанда бар сари мост.

 Муқаддасоти миллӣ аз ҳастии ҳар як милати соҳиб тамаддун олам гувоҳ гувоҳӣ медиҳад.


Калидвожаҳо: donishju tj, донишҷӯ тҷ, донишчу, студент, мавзуи озод, мавзухои озод, мавзӯи озод, иншо, иншохо, сайти точики, сайти омузиши, сомонаи точики, сомонаи тоҷикӣ, сайтхои точики, сайти donishju tj, сайти донишчу тч, сомонаи омӯзишӣ, мукаддасоти милли, мукаддасоти Точикистон, парчами Точикистон, нишони Точикистон, Суруди милли Точикистон.

ҚаблӣРОБИАИ БАЛХӢ
БаъдӣОДОБИ СУХАНГӮӢ