Шеъри “Точмахал”-и Мирзо Турсунзода

Шеъри “Точмахал”-и Мирзо Турсунзода. Шеъри “Тоҷмаҳал”-и Мирзо Турсунзода.


Дар лаби рӯди Ҷамна дидам ман
Қасри монанди моҳ нурафкан.

Ёдгори қадим — мақбарае,
Пурҳашам, дилпазир манзарае.

Ҳар касе, ки ба ӯ назар андохт,
Соате чашми худ мунаввар сохт.

Дасти инсон ба бурҷи ин кишвар
Машъал афрӯхтаст аз мармар.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ба гумонам, ки осмон шуда паст,
Бар замин ё маҳи фалак биншаст,

Ё самову замин тагу рӯ шуд,
Моҳ ду паллаи тарозу шуд,

Ё дар ин мулк халқи бечора
Рух кунад равшан аз ду маҳпора,

Ё магар Агра — шаҳри вайрона
Гашта бо роҳи пурра ҳамхона,

Ё дили шаҳр солҳои дароз
Сӯзад аз доғи нозанин Мумтоз

Ёки аз “ишқу меҳри” Шоҳи Ҷаҳон
Шӯълае монда то ҳанӯз нишон.

Рост гӯям, на ину на он аст,
Ҳама осори дасти инсон аст.

Халқ афрӯхт аз ҳунар машъал,
Номи онро гузошт Тоҷмаҳал.

Аз лаби Ҷамна бар ту ин матлаб
Ба канори васеи баҳри Араб

Рав ҳикоят намой аз Бамбай,
Аз пурошӯб кӯчаҳои вай.

Бин, ки ғоратгарон ба макру фиреб
Шуда меҳмони Бамбай аз Мағриб.

Сохта дар канори баҳри кабуд,
Меҳмонхонае ба майли худ.

Номи онро ниҳода Тоҷмаҳал,
“Мекунад он ҳаёти ҳинду ҳал”.

Бамбайи беқарори пурғавғо
З-ӯ иваз шуд ба маркази савдо.

Маркази боби фитнаҷӯӣ шуд,
Ҳар кафандузду мурдашӯе шуд.

Байни савдогарони вискинӯш
Меравад рӯзу шаб харидуфурӯш.

На фақат мондаанд дар савдо
Буду нобуди халқи ҳиндуро,

Наякӣ карда шираи норанҷ,
Ҷустуҷӯ мекунанд симу ганҷ.

Ғарбию осиёии судхӯр
Ҳар ду бардошта сар аз як гӯр.

Як тараф қадбаланд амрикоӣ
Истода чу турки яғмоӣ,

Як тараф англиси бадбунёд
Мекунад ҳилаҳои нав эҷод.

Чанд аз ҳиндувони оқипадар,
Зархаридони қувваи доллар,

Дар миён чун ғуломи ҳалқабагӯш
Монда шаъни диёри худ ба фурӯш.

Монда ҳам хуну ҷони ҳиндуро,
Ҳам сафед устухони ҳиндуро.

* * *

Дар канори васеи баҳри кабуд,
Шаҳри Бамбай ситода нохушнуд

Меҳмонхона ё ки “Тоҷмаҳал”
“Менамояд ҳаёти ҳинду ҳал”.

Меравад рӯзу шаб бадин минвол,
Ин хариду фурӯши ҷоҳу ҷалол,

Аз канори халиҷи баҳри Араб
То ба он сӯи баҳрҳо ҳар шаб,

Киштиҳо мераванду меоянд,
Ҳеҷ аз рафтуо наёсоянд.

Баҳр мешӯраду намедонад,
Ки чӣ гуна таронае хонад.

Мевазад бод кӯр-кӯрона
Ҳам сӯи дӯст, ҳам ба бегона,

Зистан мурда-мурда дар олам
Чӣ қадар мушкил аст бар одам…

Дар ҷаҳон насли одам одамвор
Зиндагӣ мекунад фақат як бор.

Гар нахандат ба рӯи ту ватанат,
Гар напошад гул аз сарат чаманат,

Гар надонӣ фароғати меҳнат,
Лаззати обу нони беминнат,

Гар надонӣ, ки савти булбул чист,
Рангу бӯи шукуфтани гул чист,

Гар надонӣ кӣ мекашад нозат,
Ба кӣ таъсир дорад овозат,

Гар надонӣ, ки ёвари ту кист,
Чун граждан ҳуқуқҳои ту чист,

Кас нагӯяд, ки: комронӣ кард,
Зиндае буду зиндагонӣ кард…

Ман ки ҳастам гражданини СССР,
Узви хушбахти хонадони кабир,

Тобеи давлати ҳақиқатдӯст,
Адлҷӯянда то ба хуну пӯст —

Дида рӯзи сиёҳи ҳиндуро
Сӯхтам ман ниҳон зи сар то по…

Ватанам, кишварам ба ёд омад,
Ёди дунёи халқи шод омад.

* * *

Боз дидам манораҳои Кремл,
Нурафшон ситораҳои Кремл.

Ман шунидам садои соати он,
Хондани Гимни пуршаҳомати он,

Ман бидидам, ки гирди роҳнамо
Гирд биншаста халқҳои мо.

Менамоянд дар дили Маскав
Маслиҳат аз вазифаҳои нав.

Дар миёни бародарон хандон
Як нафар аз вакили тоҷикон

Мерасонад бузург хоҳиши халқ,
Чун депутат ҳама супориши халқ.

Аз дили халқ ҳар чӣ меояд,
Давлати мо ҳамон бифармояд.

* * *

Лек дидам чӣ гуна дар Бамбай,
Маслиҳат мекунанд пай дар пай.

Байни савдогарони вискинӯш
Меравад рӯзу шаб харидуфурӯш.

Ҳиндуи побараҳна дар паси дар
Мекунад пурғазаб ситода назар.

ӯ ҷавобан ба ин харидуфурӯш
Кард овози чархҳо хомӯш.

Зиндагӣ бозмонд аз ҳаракат,
Мухтасар гум шуд аз замин баракат.

Гуфт: “Ин аст зӯри коргарӣ,
Дар раҳи бахт ҷаҳди ранҷбарӣ.

Косаи сабри мо, ки лабрез аст,
Ғазаби мо чу теғи дамтез аст.

То кай овози мо надорад асар
То ба кай мо ғуломи фармонбар?

Дар лаби ҷӯю ташнаи обем,
Ёр дар хонаю намеёбем.

То кай ин ҷаҳдҳо амал накунанд,
Рӯдҳо роҳи худ бадал накунанд.

Тира то кай ситораи бахт аст,
Ганҷ дар хона, диданаш сахт аст.

Нашавад сер чашми дунёдор
Ҳеҷ аз симу ганҷи бемиқдор.

Аз қадим аст ин масал машҳур
Дар миёни ҷамоаи муздур:

“Чашми дунёпарастро танҳо
Мекунад сер хоки гӯри сиёҳ”.

Душмани пурфиреби дерина,
Ки ба рӯяст мисли оина,

Боз гӯям, ки ман ғуломи туам,
Мефурӯшад ба дигаре он дам.

Бояд онро зи мулк пеш кунем,
Фикри осудагии хеш кунем.

Қадами “ворисони” Шоҳи Ҷаҳон
Канда гардад зи хоки Ҳиндустон.

Душманон рафта дӯстон оянд,
Бо дили соф меҳмон оянд.

То кушоям ба наздашон шодон
Нозу неъматнисор дастурхон.

Ту фурӯзанда мон чу як машъал,
Дар лаби рӯди Ҷамна, Тоҷмаҳал!

Мирзо Турсунзода

ҚаблӣШеъри “Тара-Чандри”-и Мирзо Турсунзода
БаъдӣФактҳои ҷолиб дар бораи КУДАКОН