Тарзи навиштани Қарордод (Шартнома, Договор, Контракт)

Қарордод ҳуҷҷатест, ки дар ҳуҷҷатнигории муосир ба номҳои гуногун – Созишнома (соглашение), Муоҳида (договор, соглашение), Шартнома (соглашение), Қарордод (контракт) ва ғ. мавриди истифода қарор гирифтааст. Ибораҳои «Шартномаи меҳнатӣ», «Созишномаи меҳнатӣ» дар забони тоҷикӣ услубан ғалатанд, ба табиати забони тоҷикӣ бегонаанд, чунки онҳо тарҷумаи тахтуллафзии ибораи «трудовое соглашение»-и русӣ мебошанд. Мақбултар, мо ибораҳои «Созишномаи иҷрои кор», «Шартнома оид ба иҷрои кор», «Қарордод»-ро медонем ва истифода аз онҳоро тавсия медиҳем.

карордод шартнома бо забони точики

Қарордод (созишнома, муоҳида) санадест, ки байни ду тараф (ҷониб) оид ба барқарор намудани муносибатҳо, яъне иҷрои коре баста мешавад ва шароити иҷрои кор, мушаххасоти муносибатҳои байниҳамдигарии тарафҳо (ҷонибҳо), ки яке «Корфармо» ва дигаре «Иҷрокунанда» ном мегиранд, сабт мегардад. Мавриди бастани Қарордод, Созишнома, Шартнома, Муоҳида (номгузорӣ ба салоҳдиди муассисаи корфармо) хеле зиёданд. Дар ин ҷо чанде аз онҳоро ном мебарем:

-ба кор даромадан ба корхона;

-дохил шудан ба мактаби олӣ;

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

-барои таҳсил ба литсей ва гимназия бурдани фарзанд;

-ба нашриёт супурдани дастнависи китоб, рисола ва ғ. барои ба табъ расонидан;

-гузоштани маблағи пул ба бонк ва ғ.

Хангоми ба коре шуруъ кардан дар муассиса ва ё корхонае албатта шартнома баста, онро ба имзо расонидан лозим аст. Агар кори муҳлатноки кутоҳмуддату хурд, масалан таъмири хона, иштирок дар кори савдо, ҳифзи амвол ва ғ. бошад ҳам, қарордод мебояд баст. Одатан, қарордод дар ду нусха таҳия мешавад. Як нусха дар дасти корфармо, нусхаи дигар дар дасти иҷрокунанда нигаҳ дошта мешавад. Агар қарордод баста нашавад, шахс қурбони фитнаву иғво, фиребу найранг мешавад ва барои кори иҷрокардааш маблағе намегирад. Агар иҷрокунанда дар даст як нусхаи қарордод дошта бошад, корро босифат, мувофиқи дар қарордод муайяншуда, дар муҳлати зикргардида ба анҷом расонида бошад, барои дархости маблағи кори худ метавонад ба мақомоти дахлдор, масалан додситон (суд) муроҷиат намояд.

Қарордод тақрибан ҷузъҳои зеринро дар бар мегирад:

  1. Номи ҳуҷҷат.
  2. Таърихи тартиб дода шудан (дар тарафи чапи варақ).
  3. Шумораи сабт (дар тарафи рости варақ).
  4. Маҳалли таҳияи қарордод.
  5. Номи тарафҳои ба ҳамдигар Қарордод мебастагӣ, муносибат барқарор мекардагӣ бо зикри вазифа, насабу номҳо ва номи падарашон (пурра, мувофиқи Шиноснома).
  6. Мавзуи Қарордод.
  7. Шароити кору хидмат, ки тарафҳо иҷрояшонро ба уҳда мегиранд. Ин ҷузъ худ матни Қарордод аст, ки дар он шартҳои пардохти музди меҳнат, кафолати иҷтимоӣ сабт мегарданд.
  8. Муддати эътибори Қарордод (агар Қарордод ба муҳлате пешбинӣ шуда бошад, муҳлатро нишон медиданд, агар бемуҳлат, доимӣ бошад, нишон додани муҳлат зарур нест).
  9. Насаб, ном, номи падар, нишонӣ, телефони тарафҳо ва муҳр (агар корхонаҳо бо ҳамдигар қарордод бибанданд). Агар тарафи дуюм, иҷрокунанда шахси алоҳида бошад, насаб, ном, номи падараш, мушаххасоти шиносномааш ва нишониаш навишта мешаванд ва имзо мегузорад.

Намунаи Шартнома/Қарордод:


Қарордод

Шумораи сабт №1

1 январи соли 2020           шаҳри Душанбе

Корхонаи, муассисаи, ширкати ___________________ (ном) дар шахси ____________________________________________ (вазифа, насаб, ном, номи падар), ки дар асоси Оиннома амал менамояд ва баъдан «Корфармо» ёд мешавад ва шаҳрванд __________________ (насаб, ном, номи падар), ки баъдан «Иҷрокунанда» зикр мешавад, дар ин бобат Қарордод бастанд:

1. Мавзуи Қарордод

1.1 Шаҳрванд ________________________________ (насаб, ном, номи падар) ба вазифаи _________________________ дар шуъбаи _____________________ пазируфта мешавад ва мутобиқи дастурамали вазифавӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва санадҳои меъёрӣ ва ҳамин Қарордод фаъолият менамояд.

2. Шароити истихдом

2.1 Қарордод аз рӯзи ба имзо расиданаш аз 1 январи соли 2020 амал менамояд. «Иҷрокунанда» аз рӯзи ба имзо расидани Қарордод ба иҷрои вазифаи худ шурӯъ мекунад.

2.2 Дар сурати тағйир ёфтани шароити кор ва самтҳои истеҳсолот ба Қарордод, аз ҷумла ба фасли «пардохти музди меҳнат» тағйирот ворид карда мешавад.

2.3 Амали ин Қарордод, ки бемуҳлат баста шудааст, метавонад пеш аз муҳлат бо ташаббуси ин ё он тараф қатъ карда шавад. Ташаббускори қатъи Қарордод ухдадор аст аз тасмими худ ба таври хаттӣ ду ҳафта пеш аз қатъи Қарордод тарафи дигарро огоҳ намояд.

2.4 Ҳангоми катъ карда шудани Қарордод бо ташаббуси «Иҷрокунанда» вай бояд ба «Корфармо» оид ба вазъи корҳои ба анҷомдодааш ҳисоботи мукаммал таҳия намояд, сабабҳои қатъи Қарордод ва санаи қатъро нишон бидиҳад. Дар сурати боварибахш дониста шудани сабабҳо ва узрпазир будани онҳо аз ҷониби «Корфармо», Қарордод метавонад қатъ карда шавад.

2.5 Қатъи Қарордод пеш аз муҳлат бо ташаббуси «Корфармо» бад-ин сабабҳо сурат мегирад:

а) иҷро нашудани вазифаҳои ба ухда гирифташуда аз ҷониби «Иҷрокунанда»;

б) вайрон карда шудани интизоми меҳнат аз ҷониби «Иҷрокунанда»;

в) дархости роҳбаре, ки «Иҷрокунанда» дар тобеъияташ мебошад;

г) хулосаи комиссияи аттестатсионӣ дар хусуси аз ҷиҳати тахассус мутобиқ; набудани «Иҷрокунанда» ба вазифаи ишғолкардааш.

«Корфармо» сабаб ва санаи қатъи Қарордодро нишон медиҳад.

2.6 Ҳангоми қатъи Қарордод бо ташаббуси «Иҷрокунанда» музди меҳнати ӯ барои ҳамаи рӯзҳои кор ва рӯзи қатъи Қарордод пардохта мешавад. Дар хатми соли кор музди меҳнату мукофотпулиҳои пешбинишуда пардохта намешаванд. Ин шартҳо ҳангоми қатъи Қарордод бо ташаббуси «Корфармо» низ амал менамоянд.

2.7 Ҳангоми аз ҷониби «Иҷрокунанда» канда шудани муносибатҳои корӣ бе қатъи Қарордод «Корфармо» метавонад нисбат ба ӯ барои дар доираи зарари овардааш даъво пешниҳод намояд.

2.8 Ҳангоми қатъи Қарордод дар ҳолати ба охир расидани муҳлати он ё пеш аз муҳлат «Корфармо» барои аз вазифа озод кардани «Иҷрокунанда» фармон содир менамояд.

2.9 Ҳангоми дигар шудани вазифаи «Иҷрокунанда» ва ё ҷадвали бастҳо мутобиқи вазифаи нав ва ё ҷадвали бастҳои нав Қарордод аз нав баста мешавад.

3. Шартҳои пардохти музди меҳнат

3.1 Барои иҷрои вазифаи ба уҳда гирифтааш ба «Иҷрокунанда» музди меҳнат дар ҳаҷми ___________ сомонӣ дода мешавад.

3.2 Ба «Иҷрокунанда» дар ҳудуди ҳаҷми таъиншуда дар Низомномаи корхона оид ба додани мукофот, мукофотпулӣ дода мешавад.

3.3 Дар охири сол ба «Иҷрокунанда» барои собиқаи кори дар ҳаҷми таъиншуда дар Низомнома мукофотпулӣ дода мешавад.

3.4 Дар охири сол «Иҷрокунанда» ба гирифтани мукофотпулии иловагии ҷамъбасти сол дар ҳаҷми пешбинишуда дар ______________________________ ҳуқуқ дорад.

3.5 Дар сурати ба рухсатӣ рафтан «Иҷрокунанда» ӯ барои гирифтани кумакпулии моддӣ мутобиқи Созишнома ҳуқуқ надорад.

4. Кафолати иҷтимоӣ

Ба ғайр аз кафолатҳои меҳнатӣ ва ҷубронпулиҳо, ки дар қонунҳо оид ба меҳнат пешбинӣ шудаанд, ба «Иҷрокунанда» боз кафолатҳои зерин дода мешаванд:

4.1 Ҳифз ва бехатарии меҳнатӣ мутобиқи тартиботи муқаррарӣ.

4.2 Барои зарари ба саломатӣ ва қобилияти кории ба «Иҷрокунанда» расида ҷубронпулӣ мутобиқи тартиботи таъиннамудаи қонун дода мешавад.

4.5 Ҳангоми рӯй додани ҳодисаи бадбахтӣ ва фавти Иҷрокунанда бо гуноҳи корхона, ба оилаи ӯ мутобиқи тартиботи таъиннамудаи қонун кӯмаки моддӣ расонида мешавад.

Баҳсу нафаҳмиҳо, ки ҳангоми иҷрои Карордод ба миён меоянд, мутобиқи тартиботи таъиннамудаи қонунгузориҳои ҷорӣ ҳал карда мешаванд.

«Корфармо» _____________________________ (насаб, ном ва номи падар)

«Иҷрокунанда» ______________________________ (насаб, ном ва номи падар)

(имзо)                                                     (имзо)

(Мухр)


ДИГАР МАВОДҲО:

Ариза (Заявление)


Тарзи навиштани Карордод/Шартнома/Договор/Контракт, Созишнома (соглашение), Муохида (договор, соглашение), Шартнома (соглашение), Карордод (контракт), Шартномаи мехнати, Созишномаи мехнати, Созишномаи ичрои кор, Шартнома оид ба ичрои кор, Карордод, Таёр кардани Шартнома барои ба кор гирифтан, Шартнома намуна бо забони точики.

ҚаблӣНусха аз протокол (намуна)
БаъдӣНамунаи Шартнома (Қарордод, Созишнома)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед