Хашароти пахнкунандаи барангезандаи беморихои инсон ва муфтхури чорвои кишоварзи. Магаси хонаги. Пашаи варача. Хашароти муфтхури чорвои кишоварзи.
Ҳашароти паҳнкунандаи бемории инсон
Дар ин гурӯҳи ҳашарот аз ҳама паҳншудааш магаси хонагӣ ва пашаи вараҷа (малярия) аст.
Магаси хонагӣ
Магаси хонагӣ дар панҷаҳояш ҳар гуна микробҳои хавфноки касалиоварро аз ҷойҳои ифлос гирифта, дар маҳсулоти ғизоӣ паҳн мекунад.
Масалан, микробҳое, ки касалиҳои тиф, исҳоли хунин (дизентерия) ва дигар касалиҳои вазнини инсонро ба вуҷуд меоранд аз ҷумлаи инҳоянд. Кирминаҳои ин магас пой надоранд, онҳо дар пору, ҷойҳои ифлос афзоиш мекунанд. Магаси хонагӣ дар фаслҳои гарми сол зиёда аз 10 бор насл медиҳад.
Пашаи вараҷа
Пашаи вараҷа (расми 110). Модинаи ин паша микробҳои ангезандаи касалии вараҷаро ҳангоми макидани хуни инсон ба ӯ мегузаронад. Пашаи вараҷаро аз пашаи муқаррарӣ бо тарзи нишастанаш фарқ мекунанд.

Пашаи вараҷа ҳангоми нишаст қисми ақиби баданро боло мекунад, пашаи муқаррарӣ бада нашро нисбат ба ҷойи нишаст ба таври мувозӣ нигоҳ медорад (расми 110).
Афзоиш ва инкишофи пашаҳо дар об мегузарад. Аз ҳамин сабаб, шумораи онҳо дар назди ботлоқҳо, кӯлҳо ва ҳавзҳо зиёд аст. Кирминаи пашаҳо микроорганизмҳо, пасмондаҳои органикии дар об афтидаро мехӯранд, оксигени ҳаворо нафас мекашанд, зочаи пашаҳо ҳаракатнок буда, шакли вергулро дорад. Пашаҳо зимистонро дар таҳхонаҳо, оғилхонаҳо, партовҷойҳо ва дар ковокии кундаи дарахтҳо мегузаронанд. Мубориза ба муқобили пашаи вараҷа аз хушк кардани ботлоқҳо, заҳбурҳо, қамишзорҳо, парвариш кардани моҳии гамбузия, ки зоча ва кирминаи пашаро мехӯрад, иборат аст. Парандаҳои ҳашаротхӯр ва сӯзанакҳо низ миқдори пашаҳоро хеле кам мекунанд.
Ҳашароти муфтхӯри чорвои кишоварзӣ
Ба соҳаи чорводорӣ бӯгалак, ғӯрмагас (аз қатори дуболаҳо) зарари калон мерасонанд. Модинаи бӯгалак (кӯрпаша) хуни ҳайвонро макида, онро тавассути халидани узви даҳониаш беҳаловат мекунад. Агар миқдори ҳашароти хунмак зиёд бошад, чорво камшир ва худи чорво лоғар мешавад.
Бӯгалакҳо микробҳои касалиоварро низ дар байни чорво паҳн мекунанд. Кирминаи бӯгалак дар хокҳои намнок, ва ботлоқу қамишзорҳо афзоиш мекунанд. Тафовути ғӯрмагас аз бӯгалак дар он аст, ки узви даҳониии ғӯрмагас инкишоф наёфтааст ва дар вақти болиғӣ хӯрок намехӯрад. Модинаи ғӯрмагас (расми 111) тухмашро дар пӯсти гов мегузорад. Кирминаҳои аз тухм баромада пӯстро сӯрох карда, ба зери он даромада, чун муфтхӯр ғизо мегиранд. Ҳамин ки кирмина инкишоф ёфт, аз зери пӯст баромада, ба хок меафтад ва дар зери хок зоча мешавад.

Дар меъдаи асп кирминаи ғӯрмагаси асп муфтхӯрӣ мекунад. Модинаи ин ҳашарот тухмашро дар мӯйинаи асп мемонад. Аз тухм кирминаҳои майда мебароянд. Асп дар вақти бо дандонҳояш хоридани бадан кирминаҳоро лесида фурӯ мебарад. Кирминаҳо дар девори меъда мечаспанд. Пеш аз зоча шудан кирминаҳои ғӯрмагас аз рӯдаи асп тавассути саргин баромада, ба хок меафтанд.
Баъзе намуди ҳашарот дар ҳолати болиғӣ ва кирминагӣ фақат аз ҳисоби «хӯҷаин» зиндагӣ мекунанд. Ба ин гурӯҳ ҳашарот намудҳои гуногуни шабушк (масалан, шабушки одам, шабушки хук, гов, саг) дохил мешаванд. Онҳо хуни «хӯҷаин»-ро макида, организмро камқувват мекунанд, хориш ва бемадоршавии инсонро ба вуҷуд меоранд. Шабушк ангезандаҳои касали хавфноки инсон ва ҳайвонро паҳн мекунад.
Саволҳо
- Магаси хонагӣ дар ҳаёти инсон чӣ аҳамият дорад?
- Пашаи вараҷа ба инсон чӣ зарар расонида метавонад?
- Чӣ гуна усулҳои мубориза ба муқобили ҳашароти паҳнкунандаи касалиҳо вуҷуд доранд?
- Афзоиши онҳоро чӣ гуна пай бурдан мумкин аст?


















