Ҳашароти зараррасони боғ ва ҷангал

Хашароти зараррасони бог ва чангал. Чорабинихо оид ба кам кардани микдори хашароти зараррасон, Ширинча, Шапалки кирми себ, Гулхураки себ. Хашароти зараррасони чангал.


Ҳашароти зараррасони боғ

Дар буттаю дарахтони меваи боғҳо аз ҳама зиёд ҳашароти зерин вомехӯранд: ширинча (қатори баробарболҳо), гулхӯраки себ (қатори гамбӯскҳо), шапалаки кирми себ (қатори пулакчаболҳо) ва ғайраҳо.

Ширинча

Ширинча шираи барг ва навдаҳои ҷавони дарахти себ, шафтолу, олу ва дигар дарахтони мевадиҳандаро мемакад. Барг печ хӯрда, рангаш тағйир меёбад, навдаҳои ҷавон қат мешаванд. Ширинча дар фасли баҳор аз тухмҳои бордоршудаи тирамоҳ гузошта пайдо мешавад. Шумораи ширинчаҳо хеле зиёд аст, чунки онҳо баҳорон ва тобистон даҳҳо маротиба насл медиҳанд.

Шапалки кирми себ

Шапалки кирми себ (расми 108 а) дар ҳама ҷо паҳн шудааст. Кирмаки ӯ дар себ инкишоф меёбад. Кирмак дар пилаи ғафс дар зери пӯстлоқи дарахти нисбатан пир замистонро аз сар мегузаронад. Баҳор зоча мекунад. Шапалакҳояшон пас аз гул кардани себ пайдо мешаванд.

Гулхӯраки себ

Гулхӯраки себ (расми 108 б) тухмашро дар ғунчаи гули себ мемонад. Кирминаҳои аз тухм баромада ғунчаи гулро хоида, ба он медароянд ва ғӯраки гул ва узвҳои ҷинсии онро мехӯранд. Ғунчаҳои осебдида кушода намешаванд. Кирмина дар дохили ғунча ба зоча табдил меёбад.

Расми 108. Гулхӯраки себ ва шапалаки кирми себ
Расми 108. Гулхӯраки себ ва шапалаки кирми себ

Ҳашароти зараррасони ҷангал

Дар Тоҷикистон ба ҷангал ҳашароти зиёде зарар мерасонад: гамбӯски тӯронӣ, гамбӯски холдор, гамбӯски саврӣ, гамбӯски бориктанаи писта, гамбӯски мӯйлабдарози шаҳрӣ, гамбӯски баргхӯри қарағочӣ, гамбӯски хартумчадори себ, гамбӯскҳои пӯстлоқхӯр, шапалаки дӯлона, шапалаки ҳалқаноки кӯҳӣ, куяи себ ва ғайраҳо. Намудҳои алоҳидаи ҳашарот ба ин ё он узви дарахт зарар мерасонанд. Масалан, агар кирмаки шапалак барги дарахтро хӯрад, гамбӯскҳои пӯстлоқхӯр – пӯстлоқи танаи дарахт (расми 109), гамбӯски саврӣ решаи дарахтро мехӯранд (ба расми 97 нигаред).

Расми 109. Пӯстлоқхӯрҳо ва Шоҳитанаки сибир
Расми 109. Пӯстлоқхӯрҳо ва Шоҳитанаки сибир

Чорабиниҳо оид ба кам кардани миқдори ҳашароти зараррасон

Якчанд даҳсолаҳо қабл чорабиниҳо оид ба кам кардани миқдори ҳашароти зараррасони соҳаи кишоварзӣ ва ҷангал қариб гузаронида намешуданд. Дар замони ҳозира миқдори зиёди корхонаҳои махсуси муҳофизати рустанӣ ташкил шудаанд. Дар ин корхонаҳо усулҳои мухталифи кам кардани миқдори ҳашароти зараррасон таҳия мешаванд. Дар байни ин усулҳо аз ҳама одитаринаш усули механикист: маҷақ кардани тухмҳои шапалаки карамхӯр, нест кардани малах тавассути кандани ҷӯйҳо, бурида нест кардани навдаҳое, ки дар онҳо кирмаки шапалаки ҳалқаноки кӯҳӣ пайдо шудааст ва ғайраҳо.

Дар мубориза ба муқобили ҳашарот усули аз ҳама муҳим усули агротехникӣ аст: кишти барвақти зироат, ки дар натиҷа рустанӣ то бедоршавии заррарасон    аз      хоби зимистонӣ фурсат ёфта инкишоф меёбад, пурқувват ва тобовар мешавад; сари вақт ҷамъ кардани ҳосил, то ки наслҳои ин ё он намуди зараррасон бе хӯ рок монанд: нест кардани алафҳои бегонаи атрофи замин, чун ки онҳо ҷойи тухмгузорӣ ва зимистонгузаронии ҳашароти зарарра сон ба ҳисоб мераванд.

Агар   шумор аи ҳашароти зараррасон аз ҳад зиёд бошад, усули муборизаи кимиёвиро истифода мебаранд. Заҳрҳои кимиёвиро дар шакли чанг ё маҳлули обӣ бо асбобҳои махсус мепошанд. Муборизаи кимиёвиро хеле эҳтиёткорона гузаронидан лозим аст, то ки одамон, ҳашароти фоидарасон, парандаҳо ва дигар организмҳои зинда осеб наёбанд.

Дар солҳои охир ба усули биологии мубориза ба муқобили ҳашароти зараррасон диққати хеле калон дода мешавад. Масалан, ҳифз ва ҷалб намудани парандаҳои ҳашаротхӯр, кӯршапарак, дар шароити махсус афзоиш ва зиёд кардани ҳашароти фоидарасон ва истифодаи онҳо дар киштзор, истифода бурдани дорувориҳои микробиологие, ки ҳашаротро ба каса лӣ гирифтор мекунанд ва ғайраҳо аз ҷумл аи чунин тадбирҳоеанд, ки ба муқобили ҳашароти зараррасон роҳан дозӣ мешаванд. Мубориза ба муқ обили ҳашароти зараррасон ҳамон вақт натиҷаи хуб ме ди ҳад, ки агар аз ҳама усулҳои мубориза – механикӣ, агротехникӣ, кимиёвӣ ва биологӣ ба таври омехта ва оқилона истифода бурда шаванд.


Саволҳо

  1. Дар бораи ҳашароти зараррасони боғ маълумот диҳед.
  2. Ҳашароти зараррасони ҷангалро номбар кунед.
  3. Ба усулҳои механикии мубориза бо ҳашароти зараррасон мисолҳо оред.
  4. Усулҳои биологии мубориза бо ҳашароти зараррасон гуфта чӣ гуна усулҳоро меноманд?
ҚаблӣҲашароти зараррасони саҳро ва обчакорӣ
БаъдӣҲашароти паҳнкунандаи барангезандаи бемориҳои инсон ва муфтхӯри чорвои кишоварзӣ