Миқдори Иттилоот (Ченкунии информатсия)

Одамон ҳангоми ҳалли масъалаҳои гуногун бештар аз захираҳои иттилоотӣ (дониш) истифода мебаранд. Агар ин ё он руйдод, ҳодиса ё объект ҳар кадар пурратар омухта шуда, доир ба он ҳар чӣ бештар иттилоот ҷамъ шуда бошад, он гол ҳалли масъалаи ба он дахлдор низ ҳамон кадар осонтар ёфта мешавад. Масалан, донистани тарзи истифодаи чор амали арифметикӣ имконият медиҳад, ки қимати ифодаи арифметикии дилхоҳ ҳисоб карда шавад. Барои аз як забони гуфтугуйии маъмулӣ ба дигар забон тарҷума кардани ягон матн бошад, донистани миқдори муайяни мафҳуму калимаҳои ин забонҳо ва қоидаҳои мушаххаси грамматикӣ кифоя аст.

Тавре аён гашт, дар ҳар ду маврид низ барои иҷрои ин ё он амалу мақсад (ҳисобкунии қимати ифодаи арифметикӣ ё тарҷумаи матн) ба ғайр аз донистани ному тарзи навишти амалҳои арифметикӣ, ададҳо ё мафҳуму калимаҳои забонҳо, боз донистани қоидаҳои мушаххаси иҷрои ин амалҳо талаб карда мешавад. Қоидаҳои зикршуда тули солҳои дароз дар ҳалли ҳамин гуна масъалаҳо ба одамон хизмат карда, ба дониш табдил ёфтаанд. Ин донишҳо як ҳиссачаи хурди дониши умумии инсониятро ташкил мекунанд. Онҳо ҳамчун захираи иттилоотӣ дар хотираи одамон, китобҳо ва дигар навъи барандагони иттилоот нигаҳдорӣ шуда, аз як насл ба насли дигар бемайлон интиқол дода мешаванд. Бо гузашти вақт ин қоидаҳо ончунон мукаммал ва суфта гаштаанд, ки барои ҳалли синфи масъалаҳои ба онҳо мувофиқ, зарурат ба ҷалби ягон миқдор дониши иловагӣ (иттилооти нав) дигар боқӣ намондааст.

Миқдори иттилооти аз ягон манбаъ паҳншаванда мутлақо бузургии инфиродӣ буда, барои ҳар фард ба таври алоҳида муайян карда мешавад. Қимати ин бузургӣ, мувофиқан, ба дараҷаи навӣ, муҳиммӣ, мукаммалӣ, рӯзмаррагӣ, шавқоварӣ ва саҳеҳии маълумоти дарёфтнамудаи фард вобаста аст. Аз ин рӯ миқдори иттилооти аз як манбаъ паҳншуда барои гурӯҳи одамони онро дарёфта ҳеҷ гоҳ якхела шуда наметавонад.

Масалан, аз намоиши телевизионӣ ё хабари радиоӣ ҳар кас барои худ миқдори муайяни иттилоот гирифта метавонад. Айнан ҳамин тавр, аз хондани мақолаи рӯзнома яке метавонад миқдори зиёди иттилоот дарёбад, дигаре ҳеҷ. Чаро ин тавр аст? Барои он ки то чопи мақола дониши ҳар фард нисбат ба ваҷҳҳои дар мақола дарҷёфта дар сатҳҳои гуногун қарор дошта метавонад. Аз ин рӯ яке аз мутолиаи он барои худ иттилооти зиёд мебардорад, вале дигаре ба маълумоти қаблии хеш заррае ҳам иттилооти нав зам карда наметавонад.

Дар натиҷаи дарёфти иттилооти зарурӣ номуайяниҳои зеҳнӣ (нопуррагии дониш) оид ба масъалаи барои мо муҳим ҳатман кам мегардад. Агар дар натиҷаи қабул ва коркарди маълумот (иттилоот) тарзи ҳалли масъалаи омухташаванда пурра равшан гардад, яъне номуайяниҳои зеҳнӣ ба пуррагӣ аз байн раванд, он гоҳ мегӯянд, ки доир ба масъалаи мазкур иттилооти мукаммал дастрас шудааст. Дар ин маврид ба дарёфти иттилооти иловагӣ зарурат боқӣ намемонад. Баръакс, агар бо дарёфт ва коркарди маълумот дар ҳалли масъалаи таҳқиқшаванда номуайяниҳои зеҳнӣ боқӣ монанд (маълумоти дастрасшуда ё нав набошад ва ё ба масъалаи таҳқиқотӣ дахл надошта бошад), он гоҳ мегӯянд, ки доир ба масъалаи мазкур ягон миқдор иттилоот гирифта нашудааст.

Ҳамин тарик, миқдори иттилооти дар хабар (маълумот) маҳфузбуда ба дараҷаи навӣ ва сатҳи шавқоварии он барои қабулкунанда вобаста мебошад. Бо дарёфти иттилооти зарурӣ сатҳи номуайянии дониш доир ба мавзӯи таҳқиқотӣ паст мегардад.

Миқдори иттилооти манбаъ, мувофиқан, аз рӯйи дараҷаи навӣ, муҳиммӣ, мукаммалӣ, рӯзмаррагӣ, шавқоварӣ ва саҳеҳии инфиродиаш муайян карда мешавад.

Рамзбандӣ чист?

Раванди шаклгирии тасвири иттилоотро рамзбандӣ мегӯянд. Одатан зери мафҳуми рамзбандӣ гузариш аз як тарзи тасвир ба дигар тарзро мефахманд, ки он барои нигаҳдорӣ, интиқол, ҳифз ва коркарди иттилоот созгортар аст.

Компютер танҳо намуди иттилоотеро кор карда баромада метавонад, ки он дар шакли рақамӣ тасвир шуда бошад. Ҳар гуна намуди дигари иттилоот — садо, наво, матн, график, расм, нишондоди афзор ва ғайра пеш аз коркарди компютериаш ҳатман ба шакли рақамӣ табдил дода мешавад.

Компютер ҳар гуна иттилоотро бо пайдарпайии ду рақами дуӣ — сифр (0) ва як (1) тасвир менамояд, ки ин рақамҳоро бит (binary digit — bit) мегӯянд.

Дар асл компютер, ҳамчун воситаи техникӣ, на бо рақамҳои дуӣ, балки бо ҷараёни электрикӣ кор мекунад. Дар ноқилҳои компютер шиддати ҷараёни электрикӣ яке аз ду вазъро дошта метавонад: будан ё набудан. Барои осонӣ, мавҷуд будани шиддати электрикиро рамзан бо рақами дуии як (1) ва мавҷуд набудани онро бо рақами дуии сифр (0) ишорат кардан одат шудааст.

Бит чист?

Бит (bit) хурдтарин воҳиди ченаки иттилоот буда, қимати он ба 1 ё 0 баробар аст.

Усули бо битҳо тасвир кардани иттилоотро рамзбандии дуӣ мегӯянд.

Дар амалия ҳангоми рамзбандии аломатҳо бештар аз бузургии калонтар — байт (byte) истифода мебаранд, ки он ба 8 бит баробар аст. Бо ёрии як байт 256 аломатро рамзбандӣ кардан мумкин аст. Мувофиқати байни байтҳо ва аломатҳо бо ёрии ҷадвалҳои махсус ба танзим оварда мешавад. Масалан, мувофиқи ҷадвали махсуси рамзбандии Koi8-R рамзи ҳарфи М ба 11101101, рамзи ҳарфи И ба 11101001 ва рамзи аломати «мавқеи холӣ» ба 00100000 баробар аст.

Иттилооти гуногун бо миқдори рақамҳои 0 ва 1 (битҳо)-и рамзҳояшон аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Миқдори битҳо андозаи иттилоотро муайян менамояд. Барои чен кардани миқдори иттилоот дар баробари бит ва байтҳо аз ченакҳои боз ҳам калонтар истифода мебаранд:

  • Кбайт (килобайт) = 1024 байт;
  • Мбайт (мегабайт) = 1024 Кбайт;
  • Гбайт (гигабайт) = 1024 Мбайт;
  • Тбайт (терабайт) = 1024 Гбайт;
  • Пбайт (петабайт) = 1024 Тбайт;
  • Эбайт (эксабайт) = 1024 Пбайт.

Мисолҳо доир ба андозагирии иттилоот:

1.Калимаи «хона» аз 4 ҳарф иборат аст. Барои як ҳарф як байт хотираи компютер ҷудо карда мешавад. Калимаи «хона» чанд бит иттилоот дорад?

Ҳал: Азбаски 1 байт = 8 бит ва 4 * 8 = 32 аст, пас калимаи «хона» дар худ 32 бит иттилоот дорад.

2.Миқдори иттилооти китобчаи 20 саҳифадоштаро, ки ҳар як саҳифааш 30 сатр ва ҳар як сатраш 40 аломат дорад, ин тавр ҳисоб мекунанд:

Як саҳифаи китобча 30 * 40 = 1200 байт иттилоот дорад. Пас, дар 20 саҳифа 1200 * 20 = 24000 байт ё 24000:1024=23,4 Кбайт ва ё 23,4:1024=0.023 Мбайт иттилоот мавҷуд аст.


Саволҳо

  1. Миқдори иттилоот чӣ тавр муайян карда мешавад?
  2. Рамзбандии иттилоот чист?
  3. Кадом ченакҳои иттилоотро медонед?

Иттилоот, Технология ва Дониш

ҚаблӣИттилоот, Технология ва Дониш
БаъдӣТехнологияи иттилоотӣ