Квадрат ва куби адад (Тарзи ёфтани квадрат ва куб)

Таърифи 1. Ҳосили зарби ду адади бо ҳам баробар квадрати адад ном дорад. Масалан, квадрати адади 2 ба 2•2=4, квадрати адади 8 ба 8•8=64, квадрати адади 1 ба 1•1=1, квадрати адади 0 ба 0•0=0 баробаранд.

Дар ҳолати умумӣ, квадрати адади a-ро ин тавр менависанд:

a•a=a2

Дар ин ҷо адади 2 дар шакли нисбат ба a хурдтар дар кунҷи рости болои адади a навишта мешавад: 22=4, 32 =9, 42 =16 ва ғайра.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Таърифи 2. Ҳосили зарби се адади бо ҳам баробар куби адад ном дорад.

Масалан, куби адади 2 ва 2•2•2=8, куби адади 3 ба 3•3•3=27, куби адади 1 ба 1•1•1=1, куби адади 0 ба 0•0•0=0 мебошанд.

Дар ҳолати умумӣ, куби адади a-ро ин тавр менависанд:

a•a•a=a3

Дар ин ҷо адади 3 дар шакли нисбат ба a хурдтар дар кунҷи рости болои адади a навишта мешавад: 23=8, 33=27, 43=64 ва ғайра.

Дар дарсҳои минбаъда мо мебинем, ки масоҳати квадрати тарафаш a ба a2 баробар аст. Бинобар ҳамин, навишти a2 «квадрати адади a» ё «a дар квадрат» хонда мешавад. Ҳаҷми куби теғааш a ба a3 баробар аст. Бинобар ҳамин, навишти a3 «куби адади a» ё «a дар куб» хонда мешавад.

Тақсими бобақия (Амали таксим бо бакия)

ҚаблӣШеър дар васфи Тирамох
БаъдӣМисол ва масъалахои математика оиди Квадрат ва куби адад

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед