Пашаи вараҷа – магаси варача

Пашаи вараҷа – магаси варача.


Пашаи вараҷа (расми 110). Модинаи ин паша микробҳои ангезандаи касалии    вараҷаро ҳангоми макидани хуни инсон ба ӯ мегузаронад. Пашаи вараҷаро аз пашаи муқаррарӣ бо тарзи нишастанаш фарқ мекунанд.

Расми 110. Пашаҳо
Расми 110. Пашаҳо

Пашаи вараҷа ҳангоми нишаст қисми ақиби баданро боло мекунад, пашаи муқаррарӣ бада нашро нисбат ба ҷойи нишаст ба таври мувозӣ нигоҳ медорад (расми 110).

Афзоиш ва инкишофи пашаҳо дар об мегузарад. Аз ҳамин сабаб, шумораи онҳо дар назди ботлоқҳо, кӯлҳо ва ҳавзҳо зиёд аст. Кирминаи пашаҳо микроорганизмҳо, пасмондаҳои органикии дар об афтидаро мехӯранд, оксигени ҳаворо нафас мекашанд, зочаи пашаҳо ҳаракатнок буда, шакли вергулро дорад. Пашаҳо зимистонро дар таҳхонаҳо, оғилхонаҳо, партовҷойҳо ва дар ковокии кундаи дарахтҳо мегузаронанд. Мубориза ба муқобили пашаи вараҷа аз хушк кардани ботлоқҳо, заҳбурҳо, қамишзорҳо, парвариш кардани моҳии гамбузия, ки зоча ва кирминаи пашаро мехӯрад, иборат аст. Парандаҳои ҳашаротхӯр ва сӯзанакҳо низ миқдори пашаҳоро хеле кам мекунанд.


Мавзӯи пурра >> 

ҚаблӣҲашароти паҳнкунандаи барангезандаи бемориҳои инсон ва муфтхӯри чорвои кишоварзӣ
БаъдӣҲашароти муфтхӯри чорвои кишоварзӣ