Хоини миллати Тоҷик Файзуло Хоҷаев

Файзулло Ходжаев Файзулло Хочаев

Хоини миллати Точик Файзуло Хочаев. Соли 1920. Дар майдони Регистони Бухоро зиёда аз 80 нафар устодони мадорис, мунаҷимон, хаттотон, шоирон ба марг ҳукм шуданд ва бо навбат 10-нафарӣ парронда мешуданд.

Дар ҳамин лаҳза ба Регистон Михаил Фрунзе бо Файзулло Хоҷаев ворид шуданд.

Яке аз он маҳкумшудагон, ки даст аз ҷон аллакай шуста буд, ба Файзулло Хоҷаев рӯй оварда гуфт:

– Эй хоини миллат, ватану халқатро ба аҷнабиён фурӯхтӣ, аммо чаро ба забони модариат, ки бо шири модарат ба вуҷудат ворид шудааст, тавонистӣ хиёнат кунӣ?

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Худоё, он хиёнате, ки дар нисбати забону миллат раво дидӣ худат онро бинӣ.

Ҳама маҳкумшудагон дасти дуо бардоштанд ва ва “ОМИН” гуфтанд.

Соли 1937 Файзулло Хоҷаев ба марг ҳукм шуд ва дар ҳабсхона пеш аз қатли худ он воқеаро бо пушаймонӣ ба хотир оварда буд.

Ин воқеаро банда аз шодравон Фаррух Қосимов,  ки дар варақе нависонда ба ман дод ва хоҳиш кард, ки онро ба назм дарорам ва ман “НЕ” гуфта натавонистам. Хоҳиши он раҳматиро ҳамон шаб иҷро кардам ва рӯзи дигар онро оварда супурдам.

Дар ҳамон лаҳза дар саҳна онро  бо оҳанг сароянда ва ҳунарманди мумтоз Ҳимматихудо суруданд.  Ман лозим донистам, ки ин ғазалро пешкаши хонандаи муҳтарам намоям.

ИНҚИЛОБЕ ДАР БУХОРО

Маҳшаросо дар Бухоро инқилобе даргирифт,
Аҷнабӣ[1] дасти дуо гӯё зи Искандар гирифт.

Саҳни Регистон, дареғо, пушта шуд аз куштаҳо,
Пуштаҳо ҷисми ба хун оғуштаҳо дар бар гирифт

Ҷои лафзи тоҷикӣ, к-олам мусаххар[2]буд аз он,
Шеваи туркона марзу буми ин кишвар гирифт,

Доғи нангин то кунун дар синаҳо бошад ниҳон,
Ки хиёнатро палиде чун алам бар сар гирифт.

Ӯ ба Регистон қадам бо хоҷагони нав ниход,
Маҳкуме[3] дидаш, мисоли ҳезуми тар даргирифт.

Гуфт: «Эй хоин, зи тарси  хоҷагони турки хеш,
Бал туро сар то ба пову ҷумлагӣ пайкар гирифт,

Қасди хуни мову қасди лафзи модар чун кунӣ,
Қасди он ҳарфе, ки момои ту аз модар гирифт.

Не Сикандар, не муғул, не тозӣ кардӣ инчунин,
Гарчи ҳар як ин ҷаҳонро ҷумла сар то сар гирифт.

Ай Худоё, ҳар чӣ бо мо кардӣ худ, бинӣ хамон,
Чоҳканро оқибат он чоҳи худ дар бар гирифт»

Ҷумлагӣ дасти дуо бар осмон бардоштанд,
То саморо «Омин»-у «Аллоҳ»-у ҳам «Акбар» гирифт.

Хоини миллат гаҳе чун чоҳкан шуд зери чоҳ,
Дар дил андешид: «Яқин, моро дуо дар бар гирифт»

Неку бад дар ёду миллат бо забонаш зинда аст,
Гарчи хасмаш борҳо аз  ӯ забону сар гирифт.

Навруз Гулзод, Душанбе, поизи соли 2008

  • [1]Аҷнабӣ- хориҷӣ; бегона.
  • 2Мусаххар- мутеъ сохташуда, тасарруф кардашуда.
  • 3 Маҳкум- бо ҳукм айбдоршуда

(Гирдоварандаи мавод гурӯҳи Оли Сомон)

ҚаблӣДиққат! Инро хонед ва ба 10 нафар равон кун, фардо ….
БаъдӣТаваррум ё инфлятсия чист?