Зиндагиномаи Мухаммад Авфии Бухорои

Ҳаёт ва фаъолияти Муҳаммад Авфии Бухороӣ (1172- 1242). Зиндагиномаи / хаёт ва фаъолияти Мухаммад Авфии Бухорои.


Муҳаммад Авфии Бухороӣ яке аз нависандагон ва адабиётшиносони номдори тоҷику форс мебошад. Ӯ аввалин тазкиранигори адабу фарҳанги гузаштаи мост. Тазкираи «Лубоб-улалбоб»-и Авфӣ дар ҳалли бисёр масъалаҳои илмӣ-адабӣ сарчашмаи боэътимод буда, дар кушодани бисёр гиреҳҳои сарбастаи ҳаёту эҷодиёти адибони тоҷику форс ба адабиётшиносон кумаки калон расонд ва оянда ҳам суд мерасонад.

Авфӣ соли 1172 дар шаҳри Бухоро ба дунё омадааст. Гузаштагони нависанда аз аҳли уламои замони худ буданд. Аз ин хотир Авфӣ дар Бухоро бо мададу дастгирии волидайн ва кумаки ҷадди донишмандаш Шарафуддини Абутоҳир илмҳои маълуми замонашро дар мадрасаҳои Бухоро, назди орифону фозилони маъруф омӯхт ва ҳифз намуд. Пас аз ин барои такмили дониш, ошноӣ пайдо кардан бо шоирон, аҳли илм, машоихи дини мубини ислом ба сафар баромад. Ӯ шаҳрҳои Мовароуннаҳру Хуросон, Самарқанд, Хоразм, Марв, Нишопур, Ҳирот, Исфизор, Исфароин (Исфара), Сиистон, Фараҳ, Ғазнин, Лоҳур, Деҳлӣ ва дигар шаҳрҳову вилоятро дид, аз бузургони илму фарҳанг донишашро такмил дод ва барои кори ояндаи хеш мавод ҷамъ намуд. Пас аз бозгашт ба Самарқанд назди тағояш Шарафуззамон, ки яке аз надимони султони Салчуқӣ Қилич Тамғочхон буд, омад ва ба воситаи ӯ ба хизмати писари Қилич Арслон – Нусратиддин Усмон камар баст. Дар он рӯзгор шоҳзодаро султон валиаҳди хеш эълон карда буд. Ба ҳамин хотир шоҳзода нисбати бародарони дигар мукаррамтар буд.

Муҳаммади Авфӣ маҳз дар ҳамин давраи ҳаёташ ба иншои тазкираи «Лубоб-ул-албоб» оғоз кард. Маҳсули сафарҳояшро, ки бо аҳли қалам вохӯрда, суҳбатҳо дошт, ба қалам дод. Чанд сол бо ҳамин минвол дар болои асар кор мекарду хизмати шоҳзодаро низ ба ҷо меовард. Чанд сол мегузарад, вале бо сабабҳои номаълум валиаҳдро тарк мекунад ва боз барои ҷамъ намудани мавод ва суҳбат бо адибон ба саёҳати шаҳру вилоёти Мовароуннаҳру Хуросон мебарояд. Авфӣ дар ин сафарҳояш ба Шаҳринав омада мехоҳад, ки ба ҳузури Насруддиншоҳи Кабудҷома шарафёб гардад, аммо мулозимон ба Авфӣ роҳ намедиҳанд. Баъд Авфӣ рубоии зерро навишта ба дасти муқаррабони подшоҳ медиҳад ва илтимос мекунад, ки онро ба подшоҳ расонанд:

Эй шоҳ, ба базл баҳру кони дигарӣ,
Дар қолаби мулку адл ҷони дигарӣ.
З-он рӯй Кабудҷома мехонандат,
К-аз рифъату қадр осмони дигарӣ.

Ба подшоҳ рубоӣ писанд афтод ва ба мулозимонаш фармуд:

–Равед ва аз ӯ пурсед, ки аз нигоштани ин абёт чӣ мурод дорад?

Омаданд ва сухани подшоҳро ба Авфӣ расониданд. Шоир ба мулозимон ҳарфе назад ва боз хома ба даст гирифту байти зерро эҷод кард ва баъд онро ба мулозимон дод, то онро ба шоҳ бирасонанд:

Ҳарчанд, ки бар бисоти шатранҷи ҳунар
Имрӯз, шаҳам, пиёда мебояд рафт.

Подшоҳ байтро хонд ва ба истеъдоди шоир офарин хонд. Аспи хубе бо сару абзол ороста, наздаш оварданд. Муҳаммади Авфӣ сару либоси шоҳона пӯшид ва болои маркаб савор шуд ва роҳи хешро идома дод.

Шоир боз ба Бухоро омад, аммо дар ҳамин айём Чингизи хунхор азми Бухоро кард. Аз тарси ҷон Муҳаммади Авфӣ ҳам дар қатори садҳо мардум ва аҳли уламою удабо роҳи ғурбатро пеш гирифт, ба Ҳиндустон рафт ва дар дарбори ҳокими Синд Носируддини Кубоча (1206-1228) ба хизмат пардохт.Ӯ дар ин ҷо низ ҳамчун надим, ки забони хушу гуфтори ширин дошт, диққати аҳли дарборро бештар ба худ ҷалб намуд.

Авфӣ маҳз дар ҳамин ҷо маводи ҷамънамудаашро ба тартиб овард ва иншои тазкираи «Лубоб-ул-албоб»-ро соли 1222 ба анҷом расонид ва онро ба вазири соҳибмаърифат Фахриддин Ҳусайн Ибни Шарафулмулк бахшид. Рафта-рафта мақому манзалаташ дар дарбор зиёд гардида, ҳаёти оилавиаш низ рӯ ба беҳӣ овард. Муҳаммади Авфӣ имконият пайдо кард, то ба нигоштани «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт ва лавомеъ-ур-ривоёт» оғоз намояд. Он чи дар ҷамъомаду суҳбатҳо мегуфт, акнун он қиссаву ҳикоёту нақлу ривоётро ба риштаи таҳрир меовард.

Пас аз Синд Авфиро ба Деҳлӣ даъват намуданд. Ӯ дар ин ҷо ҳам яке аз надимони хоссаи султон Шамсуддини Илтутмиш қарор гирифт. Ӯ дар ҳамин ҷо асари насрии худ «Ҷомеъул-ҳикоёт»-ро соли 1232 ба анҷом расонид. Дар оянда то поёни рӯзгор Муҳаммади Авфӣ дар Деҳлӣ дар дарбори султонҳои таҳҷойӣ зиндагӣ кард. Ӯ хоҳони бозгашт ба ватан, ба Бухоро буд. Вале истилои муғул барои бозгашти нависанда имкон надод. Балки аллакай як қисми лашкари чингизиён бар сарзамини Ҳинд пойи номубораки хешро гузошта буданд. Дигар натавонист дидори ёру ошно, пайвандон ва наздикони хешро бубинад. Ҳамин тавр, соли 1242 дур аз ватан дар Деҳлӣ вафот намуд.


Мероси илмӣ ва адабии Муҳаммад Авфии Бухороӣ


Савол ва супориш

  1. Кӯдакию наврасии Муҳамади Авфӣ чӣ хел гузашт?
  2. Сабаби ба сафар баромадани нависанда дар чӣ буд?
  3. Кадом шаҳру вилоятҳоро дид? Ин шаҳрҳоро аз харита ёбед.
  4. Сабаби тарки ватан намудани адиб дар чӣ буд?
  5. Поёни рӯзгори адиб дар Деҳлӣ чӣ хел гузашт?
ҚаблӣМаълумоти умумӣ дар бораи санъати Тарсеъ (адабиёт)
БаъдӣМероси илмӣ ва адабии Муҳаммад Авфии Бухороӣ