Формати GIF (бо забони точики)

Формати GIF (graphics interchange format – формати мубодилаи графикӣ) яке аз форматҳои маъмули графикӣ ба ҳисоб рафта, ба сахтафзорҳои компютерӣ вобастагӣ надорад. Ин формат барои дар шакли фишурда (зич) нигоҳ доштани тасвирҳои растрӣ пешбинӣ шудааст.

Дар як парвандаи он якчанд тасвирро нигоҳ доштан мумкин аст. Аз ин рӯ онро бештар барои сохтан ва нигаҳдории тасвирҳои аниматсионӣ (маҷмӯи кадрҳо) ва расмҳое истифода мебаранд, ки заминаи онҳо шаффоф аст. Формати GIF-ро рассомон барои дастӣ кашидани расмҳо хеле зиёд истифода мебаранд.

Маҳдудияти асосии формати GIF – ин миқдори нисбатан камтари рангҳои (то 256-то) дар тасвир истифодашавандаи он мебошад. Ин миқдор ранг барои корбурди интернетӣ пурра басанда аст, вале барои иҷрои корҳои касбии полиграфӣ, албатта, кифоя нест.


Муфассал >> Графикаҳои растрӣ ва векторӣ

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣГрафикаи растрӣ
БаъдӣФормати JPEG (бо забони точики)