Худоҳои дигари зардуштӣ

Худохои дигари зардушти


Ҳарчанд, тибқи таълимоти Зардушт худои асосӣ Аҳурамаздо буд, вале ҳам дар Бохтар ва ҳам дар Суғду Хоразм ва Форс худоҳои Анаҳито ва Митраро низ мепарастиданд. Ин аз онҷо пайдост, ки дар ҳамаи ин минтақаҳои ёдшуда ҳайкалчаҳо ва мӯҳрҳои сурати Анаҳито дошта ба даст омадааст.

Дар Авесто (Яштҳо Х) нақши худои Меҳр (Митра) бисёр баланду олӣ нишон дода шудааст, то ҷое, ки худои асосӣ Аҳурамаздо иқрор мешавад: «Аҳурамаздо ба спитмон Зардушт гуфт: Эй спитмон! Бадон ҳангоме, ки  ман Меҳри фарохи чарогоҳро ҳастӣ бахшидам, ӯро дар шоистагии ситоиш ва барозандагии ниёиш баробар бо худ, ки Аҳурамаздоям, биёфаридам».

Аз ин порча маълум мегардад, ки ҳарчанд Меҳрро Аҳурамаздо офаридааст, лекин дар ҳама боб Меҳр бо Аҳурамаздо баробар аст. Ҷои қароргоҳи Меҳр фарози кӯҳи Албурз ҳоло (Элбрус, ки дар Кавказ воқеъ аст. Вале ба ақидаи олимони авастошинос зери номи кӯҳи Албурз-дар Авесто кӯҳҳои Ҳиндукуш дар назар мебошанд, на Элбруси Кавказ. Ин ақида дуруст ба назар мерасад). Аз он ҷост, ки он Меҳри бисёр тавоно бар ҳамаи хонумонҳои эронӣ бингарад. Он ҷо, ки рӯдҳои паҳновару навток ва бо анбуҳи хизобҳои хурӯшон ба Ишкату Пурӯт мехӯрад ва ба сӯи Ҳирот ва Суғду Хоразм мешитобад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Митра-худои офтоб буда, парастиши он аз замонҳои қадим дар аксари минтақаҳои олам ҷой дошт. Он дар шакли ҷавоне, ки аз атрофи сари ӯ ба ҳар ҷониб нурҳо баромада истодаанд, тасвир ёфта, намунаҳои ин тасвирҳо то ба замони мо омада расидаанд. Парастиши Митра дар замони Ардашери II (405-362 то мелод) ба ҳукми қонун дароварда шуда буд. Митраизм нафақат дар Осиёи Миёнаву Эрон, балки дар асрҳои I-II мелод дар ҷаҳони элинию империяи Рим низ васеъ паҳн гардида буд. Хусусан дар мавзеъҳои зисти лашкарҳои римӣ навиштаҷоти: «Ба худои мағлубнашавандаи офтоб-Митра» зиёд вомехӯрд. Митра худое буд, ки сарҳадоти кишвари Аҳурамаздоро аз душманон ҳимоя мекард. Он торикию зулмотро нест карда, бар душманон зарбаҳои сахт мезад. Рӯзи «таваллуди»  Митра ҳар сол дар рӯзи инқилоби зимистонаи офтоб рӯзи 25-уми декабр ҷашн гирифта мешуд.

Дар Авесто (боби 5 Яштҳо, обоняшт) ба Ардвисура Анаҳито-худои обҳою дарёҳо бахшида шудааст: «Бадон ҳангом, ки Ардвисура Анаҳито, он дорандаи ҳазор дарё (баҳру кӯл) ва ҳазор рӯд ҳар як ба дарозии чиҳилрӯза роҳи марди чобуксавор ба сӯи дарёи (баҳри) Фарохкарт равон мешавад, саросар каронаҳои он дарё ба ҷӯш дарафтад ва миёнаи он барояд».

Анаҳито дар Авесто дар шакли зани нозанине тасвир шудааст: «Эй Зартушт! Ардвисура Анаҳито аз сӯи офаридагор Маздо бармехезад. Бозувони зебо ва сапедаш, ки бо зеварҳои бошукӯҳу диданӣ ороста аст, ба сифати китфи аспе аст. Он нозанин бисёр нерӯманд равон мешавад».

Худоҳои дигари зардуштиён яке Тиштар (ситораи Сириус) ва дигарӣ худои ғалаба бар душманон Веретрагна (Баҳром) мебошанд, ки онҳо дар бобҳои 8 ва 14 Яштҳо тасвири худро ёфтаанд.

ҚаблӣМуҳоҷирати зардуштиён ба Ҳиндустон
БаъдӣДинҳои Мисри қадим