Муҳити зисти ҳайвонот

Муҳити зисти ҳайвонот. Ҳамаи он чӣ ки ҳайвонотро дар ҷойи сукунаташон иҳота мекунанд, муҳити зист ном дорад. Ҳайвонот ҳам ба монанди рустанӣ, занбӯруғ, бактерия дар шароити гуногун ӯ зиндагӣ мекунанд. Харчанг, моҳӣ дар об, гамбӯск, шапалак ва бисёр парандаҳову дарандаҳо дар Замину ҳаво, кирми лойхӯрак, кӯрмуш дар хок зиндагӣ мекунанд. Барои баъзе ҳайвонот муҳити зист организми одам ва дигар намуди ҳайвонот аст. Дар узвҳои ҳайвонот ва одам миқдори зиёди намудҳои кирмҳои муфтхӯр, кана ва ғайраҳо зиндагонӣ мекунанд. Баъзе ҳайвонҳо дар ду муҳит, масалан, қурбоққа ҳам дар об ва ҳам дар хушкӣ, муши саҳроӣ дар болои Замин ва зери он зиндагӣ мекунанд (расми 8).

Расми 8. Муҳити зисти ҳайвонот

Ҷойи зиндагии ҳайвонот. Ҳайвонот дар ҳар як муҳит ҷойи ба худ мувофиқро интихоб мекунанд. Масалан, харчанги дарёӣ дар дарё ва кӯли обаш тозае, ки соҳилҳояш ҷар ва тагшониаш аз лойқа иборат аст, вомехӯрад. Харчангҳои дараҷаи паст дар қабатҳои миёнаи оби баҳр, моҳии камбала дар қаъри баҳр зиндагӣ мекунанд.

Марзи мушаххаси ҷойи зисте, ки дар он ҳайвонот зин дагӣ мекунанд, ҷойи зисти ҳамин ҳайвонот номида мешавад. Ҳайвонҳои калонҷусса, одатан, ҷойи калонро ишғол мекунанд. Масалан, барои кит муҳити зист баҳру уқёнус, барои бузи кӯҳӣ кӯҳҳои баланд, ҷойи зисти ҳайвонҳои майда тарқиши деворҳо, зери санг, навда ва пояи дарахт, бадани ҳайвонот ва одам аст. Гамбӯскҳои пӯстлоқхӯр дар зери пӯстлоқи дарахт ва аскарида дар рӯдаи одам ҳаёт ба сар мебаранд. Дар  ҳар  як муҳити зист намуди  гуногуни ҳайвонҳо зиндагонӣ мекунанд. Дар кӯлу дарё, дар як вақт инфузория, гидра, харчангҳои гуногун, моҳӣ, парандагони обӣ ва дигар ҳайвонотро дидан мумкин аст. Дар ҷангале, ки заргӯш бошад, дар он ҷо рӯбоҳ, гург ва дигар ҳайвонҳо умр ба сар мебаранд.

Мутобиқшавии ҳайвонот ба ҷойи зист. Ҳайвонот ба муҳити зисти худ ба хубӣ мутобиқ мешаванд. Масалан, ранги малахҳои боғӣ ва баъзе қурбоққаҳо сабз буда, дар байни рустаниҳои сабз зиндагӣ карда, барои душман ноаёнанд. Ҳайвонҳое, ки дар ҷангал зиндагӣ мекунанд, аз қабили хирси малла, хуки ёбоӣ, хирси сафеди қутби шимол ва ғайраҳо рангашон ба муҳити атроф монанд аст.

Расми 9. Мутобиқшавиҳои монанд дар об

Мутобиқшавии ҳайвонот ба муҳити зист на фақат бо ранги бадан, балки бо сохти бадан ва тарзи ҳаётгузаронӣ ҳам мушоҳида мешавад. Шакли бадани қурбоққа, моҳӣ ва дигар ҳайвонот дар вақти шино кардан муқобилияти обро кам мекунад. Дар байни панҷаҳои пойҳои парандагони обӣ пардаи шиноварӣ ҳаст, чашм ва сӯрохии бинии қурбоққа, тимсоҳ, баҳмут дар ҷойи баландии сар ҷойгиранд (расми 9). Аз ҳамин сабаб, онҳо метавонанд аз ҳавои атмосфера нафас кашида, туъмаро дошта гиранд ва ё аз об набаромада, душманро мушоҳида намоянд. Ин гуна хусусияти бадан дар дигар ҳайвонҳои обию хушкӣ ҳам мушоҳида мешавад. Уқоб нохунҳои чангакмонанди тез ва нӯли каме қатшуда дорад ва тавассути нохунҳои панҷаҳояш туъмаро дошта, бо нӯлаш онро пора мекунад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Дар парандаи эзорсурхак нӯли исканамонанди пурқувват мавҷуд буда, тавассути он пӯстлоқи дарахтро сӯрох карда, кирминаи ҳашаротро мегирад. Лаклак пой ва гардани дароз дорад, аз ҳамин сабаб вай метавонад дар соҳили обанбор истода, баданашро тар накарда шикор кунад.

Дар бисёр мавридҳо сохти ҳайвонот ба ҷойи сукунату рафтор чунон монанд аст, ки аз намуди зоҳирии ҳайвон дар куҷо зиндагӣ кардан, чӣ гуна ҳаракат намудан, чиро хӯрдани он ва ғайраҳоро муайян кардан мумкин аст.


Саволҳо

  1. Хайвонхо дар кадом мухити зист зиндаги мекунанд?
  2. Чойи зисти хайвонот гуфта чиро меноманд?
  3. Ба мухити зист мутобик шудани хайвонхоро бо мисолхо фахмонед?

Мухити зисти хайвонот, мухити зист чист? Чойи зиндагии хайвонот, Мутобикшавии хайвонот ба чойи зист, Мутобикшавихои монанд дар об

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед