Ташхиси инкишоф

Дар таҷрибаи педагогии муосир талабот нисбати ташхиси фавран муайянкунии сатҳи пешрафту инкишофи талабагон бештар ҳис карда мешавад. Ин ба самаранок идоракунии ра­ванди ташаккулёбии шахсият, ки барои муайян кардани умқи дониш, суръат ва хусусиятҳои хоси тағйирёбӣ ба миён омадааст. Дар ин хусус ҳанӯз К. Д. Ушинский ишора карда буд: «Агар педагогика хоҳад, ки одамро ҳамаҷониба тарбия кунад, он бояд, пеш аз ҳама, ӯро ҳам аз ҳар ҷиҳат донад». Аз ин рӯ, ташхис дар раванди таълиму тарбия хеле зарурат пайдо кардааст.

«Ташхис» истилоҳи арабӣ буда, маъноҳои муайян кардани фарқияти байни чизҳо; дар илми тиб муайян кардани дард ва бемориро ифода мекунад. Ин ҷо гуфтаи зайли Ҷалолиддини Румиро оиди алоқадории касбҳо ба хотир овардан ҷоиз аст:

Ақл қувват гирад аз ақли дигар,

Пешагар комил шавад аз пешагар.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ташхис – воситаи умумии афзалияти ахборотгирӣ нисбати раванди таълим аст. Дар соҳаи илми тиб ташхис сари вақт ва дақиқ муайянкунии хусусиятҳои саршавии маризиҳоро муайян ме­кунад ва сипас ба муолиҷа мепардозад. Ташхиси нодуруст на фақат кӯшиши духтуронро беқадр мекунад, ҳамчунин умеди табобатёбии касалро ҳам барбод медиҳад. Ҳамаи ин гуфтаҳо ба соҳаи беҳбудии ҷисмоният ва саломатии рӯҳӣ низ тааллуқдор аст. Барои ҳамин ташхисонӣ дар соҳаи инкишоф ниҳоят муҳим мебошад ва он дараҷаи баланди касбӣ ва масъулиятро талаб мекунад.

Дар раванди таълиму тарбияи мактабиён ҳам ташхис нахуст зуд сабабҳои рӯйдиҳии нуқсон, ғалат ва камбудиҳоро ифшо намуда, баъд ба ислоҳи онҳо шурӯъ карда мешавад.

Роҷеъ ба инкишофи ҷисмонии инсон ташхисонӣ нисбатан осон аст. Барои ин дар тамоми ҷаҳон аз тестҳои махсус (меъёрҳо), ки дараҷаи сифати инкишофи умумӣ ва махсусро муйян мекунанд, истифода мебаранд. Вобаста ба онҳо одам ба супориши додашуда дар амал чӣ тавр ӯҳда мекунад, хулосаи дақиқ мебароранд. Маълумотҳои гирифташуда ба имкониятҳои синну сол мувофиқ кунонда мешавад. Ба ин тести (санҷиши) инкишофи ҷисмонии ба ҳамагон маълуми комплекси ГТО, ки вазифаҳои мушаххас ва меъёри нишондодҳои ҳар гурӯҳи синнусолиро фаро мегирад, мисол шуда метавонад.

Бояд гуфт, ки инкишофи маънавӣ ва иҷтимоиро ташхисонидан хеле мушкил аст. Ба ин матлаб истифода бурдани методика ҳоло мураккаб ва бомашақкат, на ҳама вақт хулосаҳоро бехато таъмин мекунад. Барои баланд бардоштани ташхиси боэътимод комплекси муоинаи ҳолати саломатӣ, ҷамъ ва муқоисаи антропометрӣ, иҷтимоӣ ва психологӣ кардани маълумотҳо лозим аст, ки клиника ва лабораторияи махсуси таҷҳизонидашуда ва ҳайати таёйркардашударо талаб мекунад. Дар таҷрибаи педагогии ҳақиқӣ ва муаллимони мактаб сифатҳои алоҳидаи ташхисии шах­сиятро меомӯзанд, вале таҳти натиҷаи ин хел тадқиқотҳо ба қисматҳои инкишофи умумӣ баҳо додан мумкин нест.

Аз худ кардани методикаи оддии ташхиси паҳлуҳои алоҳидаи инкишофи мактабиён тайёрии қисми муҳими касбӣ педагогӣ мебошад. Майлу рағбати асосӣ барои муаллимон ва тарбиятгарони мактаб ташхиси фаъолияти ақлии талабагон, мотивонии рафтор, дараҷаи кӯшиш, таъсирбахшӣ, инкишофи рафтори ҷамъиятӣ ва чанде дигар сифатҳои муҳим пешниҳод карда мешавад. Методи бештар маъмулгашта омӯхтани ҷудокунии сифатҳо – тесткунонӣ мебошад.


Ташхис чист?

ҚаблӣФаъолият ҳамчун омили инкишоф
БаъдӣХусусияти инкишофи синнусолӣ ва фардӣ