Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Ишроқ

Ишроқ вожаи арабӣ буда, маънии он дурахшидан, равшан шудан, баромад ё тулӯи офтоб мебошад. Ба маънии истилоҳӣ бошад, номи ҷараёни фалсафии асримиёнагии форс-тоҷик аст, ки моҳияти он шарҳу тавзеҳ ва шинохти олам дар шакли нур аст. Ишроқиён ё ишроқиюн пайравони фалсафаи ишроқро гӯянд. Дар Ғарб саромади ишроқиён Суқрот ва Афлотунро мегӯянд. Дар Шарқи исломӣ Шаҳобиддини Сӯҳравардӣ (1155-1191), ки бо лақаби «Шайхи Мақтул» маъруф аст, забардастарин намояндаи он мебошад. Ҳикмати ишроқ яке аз мактабҳои махсуси фалсафаи Шарқ аст. Асоси ин назарияро ду поя-завқ ва истидлол ташкил медиҳад. Мурод аз ин ҳикмат ошноӣ ба завқи фитриву покии замир мебошад. Пайдоиши ҳикмати ишроқ ба замони эҳёи фалсафа, ҳикмати хусравонӣ-паҳлавии Эрони бостонӣ, ҳикмати ирфонии Юнон ва ҳикмати исломӣ рост меояд. Чунончи, яке аз намояндагони мумтози ин равия Шаҳобуддини Сӯҳравардӣ, ки худро вориси ду суннати фикрӣ-юнонӣ ва эронӣ медонад, мебошад. Вай кулли ҳакимони қадимро тафсиргари ҳақиқати маънавӣ меҳисобид. Ҳикмати ишроқро метавон омeзиши маърифати Эрони Бостон ва ирфону ҳикмати ислом номид. Ҳакимони ин мактаб (аз ҷумла Сӯҳравардӣ) чунин ақида доштанд, ки нури Муҳаммадӣ дар асоси ҳақиқати малакутӣ, паёми ҷамъи динҳо, ҳикмати пешиниёни олами моддӣ, аз ҳакимони юнонӣ то Зардушту ҳакимони Форс буда, дар ҳоли як нури равшанкунандаи торикиҳо фароҳам омадааст ва манбаи ҳамаи онҳо Қуръони карим мебошад. Ҳикмати ишроқ як ҳикмати рамзист, ки фаҳмиши он завқи хос мехоҳад ва тавассути истидлол нофаҳмиданист. Инсон то натавонад ба олами ботини худ сафар кунад, ба таъвили рамузи вуҷуди даруни худ сарфаҳм равад, наметавонад дарки ҳикмати ишроқ намояд.

Навиштаҳои Сӯҳравардӣ, зиёда аз панҷоҳ китобу рисоларо ташкил медиҳанд, ки ба масоили фалсафиву ҷаҳоншиносӣ ва ҳикмату ирфон бахшида шудаанд. Таълифотҳои Сӯҳравардиро метавон ба чор гурӯҳ тақсим кард:

  1. Китобҳои сирфан фалсафии ӯ, ки ба забони арабӣ навишта шуда ва иборатанд аз: «Талвиҳот», «Муқовимот», «Маториҳот» ва «Ҳикмат-ул-ишроқ». ӯ дар се китоби нахуст, масоили фалсафиро аз дидгоҳи машшоиён матраҳ намуда ва дар мавридҳои зиёде ба шеваи худи онҳо ба эшон интиқод кардааст. Ин китобҳо бартарияти комили Сӯҳравардиро ба ҳикмати машшоия   ошкор месозанд. Китоби чорум ё «Ҳикмат ал-ишроқ», муҳимтарин асари фалсафии ӯ ба шумор меравад ва фалсафаи ҷадидеро шомил мешавад. Сӯҳравардӣ дар ин китоб аз усули машшоиён фаротар меравад ва ба орзуи Ибни Сино дар заминаи таҳаққуқ бахшидан ба ҳикмати машриқӣ ҷомаи амал мепӯшонад.
  2. Рисолаҳои ирфонии ӯ, ки ба забонҳои форсӣ ва арабӣ таълиф шуда ва фарогири ҳикоятҳои пуррамзу розе ҳастанд, ки дар онҳо марҳилаҳои сайру сулук аз олами табиат то бартарин мартабаҳои ҳаётӣ ва майл ба растагорӣ ба тариқаи ишроқӣ тавсиф шудааст. Ин рисолаҳо иборатанд аз: «Ақли сурх», «Овози тири ҷабраил», «Луғати муғон», «Сафири симурғ», «Ҳаёкил-ан-нур», «Алвоҳи омодӣ», «Калимат-ат-тасаввуф» ва ғайра.
  3. Тарҷума ва шарҳҳое, ки Сӯҳравардӣ бар китобҳои пешиниёни худ, Қуръони Маҷид ва ҳадисҳо навиштааст, монанди тафсирҳое бар чанд сураи Қуръон ва баъзе ҳадисҳо, тарҷумаи форсии «Рисолат- ат-тайр»-и Ибни Сино, шарҳе ба «Ишорот ват-танбеҳот» ва ғайра.
  4. Дуоҳо ва муноҷотномаҳое ба забони арабӣ ки «ал-Воридот ва ат-тақдисот» номида шудааанд.

Ҳикматал-ишроқ навъи баҳс аз вуҷуд аст, ки танҳо ба нерӯи ақл ва тартиби бурҳонӣ иктифо намекунад, балки усули истидлолии маҳзро бо сайру сулуки қаблӣ ҳамроҳ месозад. Файласуфи ишроқӣ мекӯшад ҳар ончиро дар мақоми баҳсу назар ва бар пояи бурҳонҳои қавии ақлӣ устувор мекунад, ба таҷрибаи дарунӣ дарёбад ва ба зоиқаи дил низ бирасонад.


Калидвожаҳо: Ишрок, Хикматал-ишрок, Шахобиддини Сухраварди, Шайхи Мактул, чараёни фалсафи

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣҶалолуддин Муҳаммади Балхӣ. Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна
БаъдӣФалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Абдурраҳмони Ҷомӣ