Ҳиҷо, рукн ва вазни шеър

Ҷумла аз калима ва ибораҳо сохта шуда фикри томро ифода мекунад. Калима бошад, аз ҳиҷо ва овозҳо сохта мешавад. Масалан, калимаи адабиётро гирем. Ин калима аз чор ҳиҷо иборат аст: а-да-би-ёт. Ҳамин тавр, дар калима миқдори ҳиҷоҳо ба миқдори садонокҳо вобаста аст. Бинед, дар калимаи адабиёт чор садонок омадааст (а, а, и ва ё) ва калима ҳам аз чор ҳиҷо таркиб ёфтааст. Калимаи рӯзгор аз ду ҳиҷо, қоматбаланд аз чор ҳиҷо, чашм аз як ҳиҷо таркиб ёфтаанд, ки миқдори онҳо ба садонокҳои он баробар мебошанд.

Ҳиҷоҳо бошанд ҳам дар асарҳои назмӣ ва ҳам насрӣ якхеланд. Масалан, «Маёсой аз омӯхтан як замон» ин мисраъ аз даҳ ҳиҷо иборат аст, зеро он дорои 10 садонок мебошад.

«Дарахти зардолу гул резонд»

Ин ҷумла аз 9 ҳиҷо иборат аст ва садонокхояш ҳам 9-то мебошанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Вале бояд хотиррасон кард, ки дар назм ҳиҷоҳо ба кутоҳ дароз ва якуним ҳиҷоӣ тақсим мешаванд. Садонокҳои о, у, ё ва ӣ ҳиҷоҳои дарозро ташкил медиҳанд.

Садонокҳои а, у, и, ю бошанд, ҳиҷоҳои кутоҳро месозанд. Чунончи:

Бад-он куш то зуд доно шавӣ,

Чу доно шавӣ, худ воло шавӣ.

Дар мисраи якум ду ҳиҷои кутоҳ ва дар мисраи дувум се ҳиҷои кутоҳ омадааст. Ҳиҷоҳои боқимонда ҳиҷоҳои дароз (ба ғайри хичоҳои д-он ва куш) маҳсуб меёбанд. Ҳиҷоҳои д-он ва куш аз якуним ҳиҷогӣ таркиб ёфтаанд.

Дар шеър як низоми муайян вуҷуд дорад ва бо махсусиятҳои хоси худ аз наср фарқ карда меистад.

Ҳамин тавр, бо як низоми муайян омадани ҳиҷоҳои дарозу кутоҳ зада, оҳангу сабтиёти марғуб вазни шеърро ташкил медиҳанд. Дигар, ҳангоми қироати шеър ё сурудани мутрибон шунаванда ба порчаҳои тараннумӣ, яъне рукн тақсим шудани мисраю байтҳоро хуб эҳсос менамояд, ки ҳамаи ин мизони шеър ва муқаррароти онро ташкил мекунанд. Дар маҷмуъ дар фанни шеър онро вазн бигуянд. Дар вазн порчаҳои тараннумӣ, яъне рукн мақоми воло дорад. Маҳз вазни шеър аз рӯи рукнҳо муайян мегардад.

Масалан:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Низ н-омӯзад зи хеҷ омӯзгор.

Ҳамин тавр, байти устод Рӯдакӣ аз шаш рукн иборат аст.

– v – – | – v – – | – v – –

– v – – | – v – – | – v – –

Дар адабиёти шифоҳӣ ва китобӣ аз замонҳои қадим ду вазн мавриди истифода қарор дошт ва имрӯз ҳам мавриди истифода қарор дорад ё маъмул аст. Бештари назми шифоҳӣ (фолклор) бо вазни ҳиҷо эҷод шудаанд. Моҳияти вазни ҳиҷо он аст, ки бояд миқдори ҳиҷоҳои мисраъҳо ё байтҳо баробар бошанд. Чунончи:

Олуча гули бодом, – 7 ҳиҷо.

Ман духтараки додом. – 7 ҳиҷо.

Додом шинад, чой нӯшад, – 7 ҳиҷо.

Ман чойрезаки додом. – 7 ҳиҷо.

Баъзе шоирон асарҳои хешро бо вазни ҳиҷо иншо кардаанд. Масалан, адиби тоҷик Мирсаид Миршакар шеъри бачагонаи хубе дорад, ки бо вазни ҳиҷо онро эҷод кардааст:

Гумон набаред, – 5 ҳиҷо,

Ки ман хурд ҳастам. – 5 ҳиҷо

Ана мебинед, – 5 ҳиҷо,

Чорӯб дар дастам. – 5 ҳиҷо

Бо ин ҷорӯбам, – 5 ҳиҷо

Хона мерӯбам. – 5 ҳиҷо

Дегу табақро, – 5 ҳиҷо

Худам мешӯям. – 5 ҳиҷо.

Вазни ҳиҷо дар байни мардуми мо таърихи қадимӣ дорад. Як қисми китоби муқаддаси «Авесто», махсусан фасли Готҳо ва Яштҳо, достони «Ёдгори Зарирон» низ бо ҳамин вазн гуфта шуда, ҳар мисраи он аз 6 ҳиҷо иборат аст.


Хичо, рукн ва вазни шеър, вазни шеър чи гуна аст, вазни шер.

ҚаблӣЛуқмони ҳаким
БаъдӣШеърҳо аз эҷодиёти Абуабдуллохи Рудаки