Муҳтавои “Гоҳон”

“Гоҳон” аз баёни қонуни асосӣ ва гавҳари аслии дини маздопарастӣ буда, дар он гӯяндаи он – Зардушт ҳамчун шоир ва ҳаким бо жарфбинӣ бунёдитарин пурсишҳоеро, ки дар замони вай дар баробари одамӣ истода буданд ва имрӯз ҳам меистанд, ба миён мегузорад ва аз пайи ҷустуҷӯю дарёфти ҷавоб ба онҳо мешавад.

авесто бо забони точики
Авесто

Муҳтавои асосии “Гоҳон”-ро баёни бовар ба Худовандии Аҳурамаздо офаридгори ягона ва вуҷуди ду “мену”-и ҳамзод ва оғозини офариниш – “Спента Маинйу” (Менуи варҷованди офариниш) ва “Ангра Маинйу” (Менуи ситеҳандаву душман) ташкил медиҳад.

Мувофиқи таълимоти Зардушт/Аҳурамаздо раҳнамуни офаридагон ба растагорӣ ва беҳрӯзӣ буда, набарди ду менуи носозгор – Спанта ва Ангра мавзӯи аслии ҳастӣ ва дарунмояи офариниш мебошад. Дар ин кашмакаши гарон ҳамаи офаридгори нек ҳавохоҳу пуштибони Спентамену ҳастанд ва ӯро дар баробари Анграмену то пирӯзии вопасин ёрӣ мекунанд.

Ҷаҳонбинии Зардушт ба носозгории менуи дугона, бар фаъолиятҳои фурӯзаҳои ҳафтгона ва се ниҳод “маниши (андешаи) нек”, “гӯиши (гуфтори) нек” ва “куниши (кирдори) нек” устувор аст.

“Гоҳон” сарфи назар аз муҳтавои диниашон дар асл маҷмӯи сурудҳо дар тараннуми некӣ, зебоӣ, ростӣ, зиндагӣ, хирад, дониш, рӯшноӣ, ободӣ, адолат, ватандорӣ ва дар мазаммати бадӣ, зиштӣ, дурӯғ, ҷаҳл, нодонӣ, торикӣ, ноободӣ, зулм ва марг мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Гохон дар Авесто маълумот мухтавои гохон Гохон кисмати Авесто

Пайдоиши дини зардуштӣ ва Авесто

ҚаблӣАвесто ва ахамияти адабии он
БаъдӣДарахти Асуриг

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед