Шеърҳо аз эҷодиёти Абуабдуллохи Рудаки

Шеърхо аз эчодиёти Абуабдуллохи Рудаки, Шеъри Рудаки, Шеър аз Абуабдуллоҳи Рудаки


Дар бораи мардӣ, одамгарӣ ва омӯхтани таҷрибаи ҳаёт

Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар куру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ.

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис1 туро ба кор ояд.
Ҳар кӣ н-омухт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омузад зи ҳеҷ омӯзгор2.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад3,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,
Киштие соз, то бад-он гузарӣ.


Хушбахтӣ

Чахор чиз мар озодаро4 зи ғам бих(в)арад:
Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.
Ҳар он кӣ эзидаш5 ин ҳар чахор рӯзӣ6 кард,
Сазад7, ки шод зияд8 ҷовидону ғам нахварад.


Дар бораи дониш

То ҷахон буд аз сари одам фароз9,
Кас набуд аз роҳи дониш бениёз10.

Мардумони бихрад андар ҳар замон,
Роҳи донишро ба ҳар гуна забон

Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг андар ҳаме бингоштанд11

Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан12 аст.


Ба чашми дилат13 дид бояд ҷаҳон,
Ки чашми сари ту набинад ниҳон.
Бад-ин ошкорат бубин ошкор14
Ниҳонатро бар ниҳон гумор.

Эй дареғо, ки хирадмандро,
Бошаду фарзанд хирадманд не.
В-арчӣ адаб дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не.


Калимаю ибораҳои тоза

  1. Дафъи ҳаводис – бартараф кардани ҳодиса.
  2. Омӯзгор – устод, муаллим.
  3. Чашми хирад – ба маънои бофаросат, боақлу заковат.
  4. Мар – ҳиссачаи архаистиест, ки пеш аз калимаи пасоянддор омада, маънои таъин ва таъкидро мефаҳмонад.
  5. Эзид-Худо.
  6. Рӯзӣ-насиба.
  7. Сазад – меарзад.
  8. Зияд – аз калимаи зистан, яъне зиндагӣ кунад.
  9. Фароз – баланд, ин ҷо ба маънои аз қадим боз.
  10. Бениёз – беэҳтиёҷ, номуҳтоҷ, ба касе муҳтоҷ набудан.
  11. Бингоштан – навиштан.
  12. Ҷавшан либоси ҷангӣ.
  13. Чашми дил – маънои чашми хирадро дорад.
  14. Маънои мисраъ: – Он чашме, ки ту дорӣ бо он маънии ботинро дарк карда наметавонӣ, яъне бояд ба воситаи хираду дониш ба ҷаҳон нигарӣ ва ҳодисаҳои онро биомӯзӣ.

Шеърҳои бештар дар мақолаи дигар >>АЗ АШЪОРИ РӮДАКӢ


Шеърхо аз эчодиёти Абуабдуллохи Рудаки, Дар бораи марди, одамгари ва омухтани тачрибаи хаёт, шеърхои рудаки, аз шеърхои Рудаки, устод Абуабдуллохи Рудаки, Хушбахти, Шеърҳо аз эҷодиёти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

ҚаблӣҲиҷо, рукн ва вазни шеър
БаъдӣАз ашъори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

12 шарҳ

  1. Ман Разоқбердиева Муниса аз Республикаи Узбекистон вилояти Тошкент ноҳияи Бӯстонлиқ Ҳозира талабаи Институти шаҳри Чирчиқ филологияи забон ва адабиёти тоҷик курси 1 мебошам. Ман ба ҳаёт ва иҷодиёти Рӯдакӣ хеле завқ дорам.
    МЕҶӮСТАМ
    Гар ман хостам шеър гӯям,
    Бар Рӯдакӣ мегуфтам.
    Агар ғазалҳо ҷӯям,
    Аз Рӯдакӣ меҷӯстам.
    Сарвари адабиёт Рӯдакист.
    Оғози фалакиёт Рӯдакист.
    Агар устод ҷӯям,ки кист,
    Аз он Рӯдакӣ меҷӯстам.
    Ман ҳам як ошуфтае,
    Ба эҷодаш хуфтае,
    Дар оламу башаре,
    Ман Рӯдакӣ меҷӯстам.

  2. Хеле зебост ин гуфтахои шумо манхам мехохам ба мисли шумо барои Рудаки шеър нависам завкам омад ба шумо хеле хеле зебост

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед