Идеологияҳои сиёсии замони муосир

Фазои идеологии замони муосир ифодагари гуногунандешии сиёсӣ мебошад. Ин аст, ки дар ҷомеаи муосир дар як вақт назарияҳои мухталифи идеологӣ арзи ҳастӣ менамоянд. Бинобар ин, айни замон дар ҳар як ҷомеа фазои мураккаби идеологӣ ҳукмфармо мебошад.

Идеологияҳои сиёсии замони муосир аз қабили либерализм, консерватизм ва сотсиализм дар раванди пайдоиш ва рушду инкишофи тамаддуни Аврупои Ғарбӣ ба вуҷуд омадаанд. Идеологияҳои мазкур инъикоскунандаи мухолифат ва низоъҳои воқеие мебошанд, ки онҳо дар раванди барқароршавӣ ва рушду инкишофи ҷомеаи саноатӣ ба назар мерасиданд.

Либерализм. Пайдоиши либерализм ҳамчун идеология бо рушду инкишофи ҷомеаи капиталистии Ғарб алоқаманд буда, ба пайдоиши инқилобҳои буржуазии асрҳои XVIII-XIX рост меояд. Назариячиёни либерализми классикӣ Ҷон Локк (1632-1704), Адам Смит (1723-1790) ва Шарл Луи Монтеске (1689-1755) манфиатҳои табақаеро, ки бар зидди феодалон мубориза мебурданд, ифода мекарданд. Идеяҳои мутафаккирони мазкур асоси консепсияи демократияи либералиро ташкил медиҳанд.

Идеяи озодии фардӣ идеяи марказии либерализм мебошад. Либерализм худбаҳогузории шахсияти инсон ва ҳуқуқҳои ӯро ба мустақилона ҳифз карда тавонистани манфиатҳои шахсӣ мубаддал гардонид. Фардгароӣ дар замони Эҳё ҳамчун қобилияти мустақилона истифода бурда тавонистани ақлу хирад, қобилияти ташкил карда тавонистани муносибати оқилона бо воқеият ва қобилияти ташаккул дода тавонистани табиати инсони воқеӣ фаҳмида мешуд.

Доктринаи либералии ҳуқуқҳои табиии инсон оид ба ҳаёт, озодӣ ва моликият аз ҷомеаи онвақта талаб менамуд, ки барои худташаккулдиҳии инсон дараҷаи баланди озодии шахс таъмин карда шавад. Таъмини озодии дигарон воситаи ниҳоӣ ва роҳи ягонаи маҳдуд сохтани озодии фард ба шумор мерафт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Назарияи либералии «Шартномаи ҷамъиятӣ» мустақилияти халқҳоро ҳамчун сарчашмаи ҳокимият ва ташаккули давлатҳоро ҳамчун шартномаи байни халқ ва ҳукумат асоснок намуд. Ҳифзи амнияти шахсӣ ва таъмини ҳуқуқ ба моликият барои ташаккули шартномаи ҷамъиятӣ омили асосӣ ба шумор мерафт. Зеро дар натиҷаи бастани чунин шартнома ва дар амал татбиқ намудани тобеияти шаҳрвандон бо ҳукумат муттаҳидии одамон дар рӯҳияи дӯстию ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, ҳифзи моликият ва амният таъмин карда мешавад. Чунки ҳукумат муҳофизи ҳуқуқҳои ҷамъиятӣ мебошад. Агар ҳукумат ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ҳифз карда натавонад, ин маънои онро дорад, ки вай боварии мардумро аз даст додааст ва минбаъд низ онҳоро барои тобеият ба ҳукумат бо мушкилӣ маҷбур менамояд.

Бояд гуфт, ки идеяи муқобилият бар зидди ҳокимияти деспотӣ дар идеология ва муборизаҳои сиёсии асрҳои XVII-XVIII мавқеи марказиро ишғол намудааст. Дар ин давра либералҳо диққати худро ба ҳокимияте равона месохтанд, ки он соҳиби салоҳиятҳои бемаҳдуд буд ва дар натиҷаи чунин муносибат роҳҳои мухталифи муқобилият бо онро низ пешниҳод намуда буданд. Дар маҷмӯъ, либерализм ҳуқуқи ташкили инқилоб бар зидди деспотизмро эътироф менамуд ва на танҳо инқилобҳои Англия ва Фаронсаро, балки ҷангеро, ки дар Амрико барои ба даст овардани истиқлолият шуда гузашт, ҳақ мешуморид.

Дар баробари он ки либерализм идораи ҷомеаро дар асоси ризоияти шаҳрвандон медонад, инчунин дар асоси қонун идора намудани ҷомеаро низ шарт ва зарур мешуморад. Таъмин намудани волоияти қонун вазифаи асосии давлат мебошад. Либерализми классикӣ баробарии шаҳрвандонро дар назди қонун хеле зарур мешуморад ва аз ин рӯ, доимо асосҳои ҳуқуқии демократия ва парламентаризмро ҳифз намудааст. Озодии баробар аз рӯйи қонунҳои умумӣ талаби қатъии либерализм барои таъмини ҳуқуқ мебошад.

Дар соҳаи иқтисодиёт либералҳо меъёрҳои зеринро ҳифз намудаанд: иқтисоди бозорӣ ва ё мубодилаи озоди бозорӣ, ташаббуси фардӣ оид ба соҳибкорӣ, рақобат, аз байн бурдани протексионизм[1], инкор кардани дахолати сиёсӣ ба соҳаи иқтисодиёт ва фаъолиятҳои иқтисодӣ. Намояндагони либерализми классикӣ вазифаҳои давлатро чунин муайян менамуданд: ҳифзи моликияти хусусӣ, ба роҳ мондан ва таъмин намудани рақобати озод, ҳифзи тартибот ва назорати риояи қонун, ҳифзи истиқлолияти мамлакат на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он. Ба ақидаи онҳо, давлат танҳо «посбони шабона» мебошад. Шиори «Анархия + констебл[2]» моҳияти таълимоти онҳоро ба хубӣ инъикос менамояд.

Консепсияи минбаъдаи демократияи либералӣ ва конститутсионализм аз ҷониби яке аз идеологҳои машҳури инқилоби буржуазии Амрико Т.Пейн ташаккул дода шудааст. Ба ақидаи ӯ, «давлат ҳар қадаре хурд бошад[3], барои ҷомеа ҳамон қадар фоидаи бештар дорад». Инсонҳои дорои ҳуқуқ ва озодӣ, ки ба онҳо ба таври баробар аз ҷониби табиат дода шудааст, давлатро дар гузашта, ҳозира ва оянда намояндагӣ менамоянд. Давлат дар он вақт қонунӣ ва мутамаддин дониста мешавад, ки агар он дар асоси ризоияти шаҳрвандон, меъёрҳои конститутсионӣ ва механизми намояндагии парлумонӣ ташаккул ёфта бошад. Чунин намояндагӣ ва чунин ҳукумат ҳеҷ ҳуқуқеро соҳиб нест, балки он танҳо дар назди шаҳрвандони худ соҳиби як қатор уҳдадориҳои муҳим мебошад.

Дар идоракунии намояндагие, ки дорои хусусияти демократӣ мебошад, либералҳо механизми самарбахши ҳифзи манфиатҳои фардӣ ва ҷомеаро мебинанд. Назариячиёни либерализм, махсусан Ҷон Локк ва пайрави ӯ – Шарл Луи Монтеске, меъёри тақсими ҳокимияти давлатӣ ба шохаҳои қонунгузор, иҷроия ва судиро асоснок менамуданд ва ба ақидаи онҳо шохаҳои ҳокимият бояд якдигарро дастгирӣ намуда, ҳамзамон онҳо баробарҳуқуқ бошанд ва мустақилият ва мухторияти худро нигоҳ дошта тавонанд.

Либералистон дар соҳаи маънавиёт бештар ба таҳаммулпазирӣ ва созиш такя менамоянд. Озодии сухан ва афкор барои либералҳо меъёри муҳимми фаъолияти ҳаётӣ мебошад.

Либерализм дар таназзул ва азбайнравии арзишҳои идеологии ҷомеаҳои анъанавӣ саҳми бениҳоят бузург гузоштааст. Либерализм барои боварҳо ва эътиқодоти одамон рамзҳо ва меъёрҳои нави демократиро ба вуҷуд овардааст, ки онҳоро ба таври зерин нишон додан мумкин аст:

  • индивидуализм. Ҷомеа ва давлат бояд барои дар амал татбиқ намудан ва ташаккул додани қобилиятҳои фардии инсон шароитҳои мусоид фароҳам оварад;
  • озодӣ. Давлат бояд озодиҳои фардиро дар доираи қонун таъмин намояд;
  • баробарӣ. Давлат бояд ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари ҳар як фардро таъмин намояд;
  • дӯстӣ. Давлат бояд ба одамон имкон диҳад, ки дар доираи ҷамъиятҳои мухталиф ҳамкориҳои худро ба роҳ монанд ва озодиеро, ки боиси поймол гардидани ҳуқуқҳои дигарон мешаванд, аз байн бубарад.

Неолиберализм (реформизми либералӣ). Идеологияи либерализми классикӣ дар ибтидои асри XIX марҳила ба марҳила ба тағйиротҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид. Либерализми классикӣ дар натиҷаи таҳаввулоти худ аз ҳама бештар ба реформизми либералӣ наздик гардид. Аз миёни либералистон Ҷон Стюарт Милл (1806-1877) аввалин шуда, зарурияти чунин тамоюлоти либералиро дарк намуда, пешниҳодҳои идеологӣ намуда буд. Ҷ.С.Милл барои давлат сиёсати иҷтимоии ҷиддиеро зарур мешуморид, ки ба воситаи он нобаробариҳое, ки тақдир беадолатона барои инсоният раво дидааст, бояд бартараф карда шаванд. Аммо ӯ таъкид бар он менамуд, ки чунин шакли ислоҳот бояд дар доираи арзишҳои буржуазӣ ва тартиботи мавҷудаи ҷамъиятӣ сурат бигирад. Ҷ.С.Милл сарҳади озодиҳоеро нишон медод, ки онҳо на танҳо аз ҷониби давлат, балки ба воситаи фаъолиятҳои мухталифи худи инсонҳо ва ҷомеа таъмин карда мешуданд. Дар чунин ҳолат давлат ва иқтисоди ҷамъиятӣ воситаи дар амал татбиқ намудани озодиҳо ба шумор меравад. Ҳадафи Милл аз он иборат буд, ки давлат бояд ба иқтисоди бозорӣ дахолат надошта бошад.

Тамоюли рушди ислоҳоти буржуазӣ аллакай дар солҳои 70-уми асри XIX хеле авҷ мегирад. Дар ин марҳила дар ИМА, Фаронса, Англия ва Олмон дар соҳаҳои системаҳои интихоботӣ, низоми ситонидани андоз, қонунгузории меҳнат ва ғ. ислоҳотҳои ҷиддӣ ба мушоҳида мерасанд. Дар ин давра танзими давлатии соҳаи иқтисод ва гузаронидани ислоҳоти соҳавӣ шароити муфид барои ташаккули ҷомеа ва ҳалли мухолифатҳои дохилии он дониста мешуд.

Бояд қайд намуд, ки дахолати давлат ба соҳаи иқтисод дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, махсусан дар солҳои «таназзули бузурги иқтисодӣ» -и солҳои 1929-1933, ки бо унвони буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ шинохта шудааст, хеле тезутунд мегардад.

Дар ташаккули доктринаи реформизми либералӣ иқтисодчии англис Ҷон Кейнс (1883-1946) саҳми беандоза дорад. Назарияи иқтисодии ӯ, ки бештар ба сиёсати иқтисодии давлат нигаронида шуда буд, дар зери таъсири буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ташаккул дода шудааст. Ба ақидаи Ҷ.Кейнс, давлат ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бояд таъсири ҷиддӣ дошта бошад ва дахолати фаъол намояд, харҷҳои давлатӣ бояд аз ҳама гуна харҷҳо бузургтар бошанд, корҳои ҷамъиятӣ бояд ба таври васеъ ба роҳ монда шаванд, сиёсати нав дар танзими беқурбшавии пул ба роҳ монда шавад, давра ба давра сиёсати давлатии ситонидани андоз тағйир дода шавад, тавозуни буҷаи давлат нигоҳ дошта шавад, тавозуни «дархост» ва «шуғли умумӣ» таъмин карда шавад. Ба ақидаи Ҷон Кейнс, реформизми либералӣ дар зери партави сиёсати оқилонаи президенти 32-юми ИМА Франклин Рузвелт (1882-1945) ба таври пурра ташаккул ёфтааст ва маҳз дар ин давра ИМА аз буҳрони иқтисодӣ раҳо ёфта, дар сохтмони ниҳодҳои иқтисодии ҷомеа ба муваффақиятҳои бузурге ноил гардидааст. Аммо давраи тиллоии реформизми либералӣ дар ИМА дар даврони ҳукмронии Ҷон Кенеди (1917-1963) ва Линдон Ҷонсон (1908-1973) буд.  Дар ин давра идеологҳои реформизми либералӣ консепсияи «давлати таъминкунандаи хайрияти умум»-ро пешниҳод намуданд, ки мувофиқи ин консепсия нақш ва вазифаҳои иҷтимоии давлат дар мамлакатҳои Ғарб хеле боло бурда мешуд. Ҳамин тариқ, дар ин марҳилаи рушди реформизми либералӣ сиёсати иҷтимоӣ дар давлатҳои капиталистӣ муҳимтарин соҳаи фаъолияти давлатӣ ба шумор рафта, аз ҷониби онҳо барои рушди соҳаи иҷтимоӣ ва қонеъ сохтани ниёзҳои иҷтимоии мардум маблағҳои хеле бузуруг ҷудо карда мешуд. Ҳадафҳо ва боварҳои оптимистонаи идеологҳо ва сиёсатмадорон, пеш аз ҳама, бо муваффақияти инқилобҳои илмӣ-техникӣ ва рушди соҳаи иқтисод алоқамандии зич доштанд.  Зеро замоне фаро расида буд, ки барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ бояд муносибатҳои илмӣ-техникӣ ба роҳ монда шаванд ва рушди иқтисодӣ бошад, имкон дод, ки сиёсати оқилонаи иҷтимоӣ барои аз байн бурдани камбизоатӣ хизмат намояд.

Либерализми иҷтимоӣ дар ҳақиқат як қатор масъалаҳоеро, ки хусусияти иҷтимоӣ доштанд, ҳал намуда тавонист. Аз ҷумла масъалаҳои таҳсилот ва маълумот, хизматрасониҳои тиббӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ, ҳуқуқи ақаллиятҳо, иштироки доираи васеи шаҳрвандон дар равандҳои сиёсӣ ва монанди инҳо. Аммо масъалаҳои бекорӣ ва камбизоатӣ то як андоза ҳанӯз ба мушоҳида мерасид ва ба таври пурра ҳалли худро пайдо накарда буд. Лекин дар муқоиса бо асри XIX дар самти барҳам задани бекорӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ муваффақиятҳои беназир ба мушоҳида мерасид. Баланд гардидани нуфузи сиёсати давлатӣ дар самти танзими масъалаҳои иҷтимоию ҷамъиятӣ боиси афзоиш ёфтани сохторҳои бюрократӣ ва бюрократизатсияи сиёсат гардид.

Ҳарчанд дар миёни либерализми классикӣ ва реформизми либералӣ фарқиятҳои ҷиддӣ ба мушоҳида расад ҳам, идеал ва арзишҳои ягона онҳоро бо ҳам алоқаманд мегардонид. Аз ҷумла реформизми либералӣ ба монанди либерализми классикӣ арзишҳоеро мисли озодии фардӣ, пешрафти иҷтимоӣ, плюрализми сиёсӣ ва демократияро идеалҳои марказии худ медонист.

Дар солҳои 70-уми асри ХХ ба хотири ҳимояи арзишҳои либерализми классикӣ ҷараёни нав бо номи либертаризм ба миён меояд. Намояндагони машҳури либертаризм Фон Хайек, Л. фон Мизес ва Роберт Нозик мебошанд. Масалан, Ф.Хайек дар асари худ «Роҳ ба сӯйи ғуломӣ» ва Р.Нозик дар асари худ «Анархия, давлат ва утопия» меъёрҳои либертаризмро ба таври зайл нишон додаанд: дилхоҳ банақшагирии иқтисодӣ ба диктатураи сиёсӣ бурда мерасонад, банақшагирӣ – рамзи диктатура ва рақобат рамзи озодӣ мебошад; меъёри фардгароӣ, моликияти хусусӣ ва бозори озод асоси рушду инкишофи ҷомеа ба шумор мераванд ва моҳияти «давлати минималӣ»-ро ташкил медиҳанд. Бояд гуфт, ки идеяҳои мазкур боиси ташаккулёбии неоконсерватизм гардидааст.

Дар солҳои 70-уми асри ХХ назариячии амрикоӣ Ҷон Роулс дар эҳёи идеологияи либерализм саҳми арзанда гузоштааст. Ӯ муаллифи «назарияи адолатнокӣ» мебошад. Ҷон Роулс кӯшиш намудааст, ки мувофиқати меъёрҳои озодӣ ва баробариро ба таври илмӣ асоснок намояд.

Таъсири идеологияи либералӣ ба шуури ҷамъиятӣ ва фардӣ бо он асоснок карда мешавад, ки он сароғози ҳастиро аз шахсият ва фард вобаста медонад. Либерализм арзиши шахсии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ва демократияро хусусияти универсалӣ бахшидааст. Дар ҳақиқат, либерализм таҷрибаи сиёсӣ ва забони сиёсиро ба дигаргуниҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ намуд; шуури ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии навро ба миён гузошт; барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлати ҳуқуқӣ шароитҳои хеле мусоид фароҳам овард.

Ҳамин тариқ, идеологияи либералӣ ҳамчун низоми мукаммали идеявию назариявӣ дорои як қатор нишонаҳои мушаххас мебошад:

  • дар соҳаи иқтисод – асоснок намудани озодии иқтисодӣ ва ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ;
  • дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ – баробарии имкониятҳо ва ё таъмини имкониятҳои баробар;
  • дар соҳаи сиёсат – ҳифз ва ҳимояи демократияи намояндагӣ ва плюралистӣ;
  • дар соҳаи ҳаёти маънавӣ – озодии сухан ва афкор;
  • дар соҳаи ахлоқ – индивидуализм (фардгароӣ).

Идеологияи либерализми муосир ба монанди либерализми классикӣ ҷонибдори пешрафти иҷтимоии ҷомеа мебошад ва дар ин раванд нақши қаҳрамониҳо ва натиҷаи корнамоиҳои шахсони алоҳидаро дар мадди аввал мегузорад. Либерализм аз шахсони алоҳида талаб менамояд, ки қобилиятҳои худро ба таври пурра дар амал татбиқ намоянд, уҳдадориҳои тақдири худро бар дӯши худ гиранд. Меъёрҳои асосии либерализм дар Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мустаҳкам карда шудаанд. Дар замони муосир афзалиятҳои асосии либерализм ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мебошад.

Консерватизм. Консерватизм дар охири асри XVIII ҳамчун аксуламали Инқилоби бузурги Фаронса ба вуҷуд омадааст. Ҳарчанд консерватизм бо як қатор арзишҳои либералӣ мухолифат дошта бошад ҳам, як гурӯҳ муҳаққиқон онро ҳамчун идеологияи сиёсӣ эътироф наменамоянд. Аммо чунин нуқтаи назар барои ташаккули консерватизм садди роҳ шуда наметавонад ва он ҳамчун системаи ақидаҳои мукаммал аз аввалин лаҳзаи пайдоиш худро ҳамчун таълимоти мукаммал муаррифӣ намуда, бо дигаргуншавии ҷомеа то ба имрӯз худро бо арзишҳои ҷамъиятӣ мутобиқ намудааст. Ба ибораи дигар, идеологияи консервативӣ рақиби аслии либерализм ва радикализми инқилобӣ мебошад.

Аввалин маротиба анъанаҳои консервативӣ аз ҷониби олими англис Эдмунд Бёрк (1729-1797), олимони фаронсавӣ Ж.де Местер (1754-1821) ва Л. де Боналд (1754-1840) ташаккул дода шудаанд. Олимони мазкур асосгузорони консерватизми анъанавӣ мебошанд, ки дар таълимоти онҳо инқилоби асри XVIII Фаронса, демократияи буржуазӣ ва озодии шахсӣ ҳамчун падидаҳои манфӣ инкор мегарданд. Асосгузорони идеологияи консервативӣ манфиатҳои табақаи аристократияро ифода намуда, инчунин табақаҳоеро муҳофизат менамуданд, ки онҳо дар натиҷаи афзалият пайдо намудани капитализм вазъи иҷтимоии худро аз даст дода буданд.

Яке аз принсипҳои асосии консерватизм абсолютизми ахлоқӣ[4] мебошад. Яъне, эътироф намудани идеал ва арзишҳои ахлоқии устувор, ки дар ҷомеа тӯли асрҳои зиёд арзи ҳастӣ доранд. Чунин арзиш ва идеалҳои ахлоқии инсон бояд ба воситаи таъсиррасонии давлатӣ ва ҷамъиятӣ ташаккул дода шаванд ва маҳз бо ин роҳ пеши роҳи рафторҳои пуриштибоҳи одамон гирифта шавад. Ба ақидаи консерваторон дар чунин ҳолат ҳатто сиёсат аз ахлоқ ҷудо буда наметавонад ва тобеи ахлоқ мегардад.

Принсипи дигари идеологияи консервативӣ анъанагароӣ (традитсионализм) мебошад. Идеалҳои анъанавӣ, ба ақидаи назариячиёни ҷараёни консервативӣ, зербинои ҳар як ҷомеаи солим ба шумор мераванд. Ҳатто гузаронидани ислоҳоти ҷамъиятӣ низ бояд ба хотири зинда гардонидани арзиш ва анъанаҳои маънавии пештар мавҷудбуда анҷом дода шавад. Ба ақидаи Э.Бёрк, дар ҳар як ҷомеа масъулияти муштараки пешгузаштагон нигоҳдорӣ карда мешавад. Аз ин рӯ, ҳар як сиёсатмадоре, ки ба қабули қарорҳои сиёсӣ машғул аст, бояд ин масъулиятро на ин ки дар назди ҳамзамонони худ, балки гузаштагони худ низ анҷом диҳад.

Традитсионализми идеологияи консервативӣ бо реализми сиёсӣ алоқаи зич дорад. Чи гунае ки худи консерваторон қайд менамоянд, таҷрибаи сиёсӣ набояд ба ҷадвалҳои назариявии хушку холӣ такя намояд. Ислоҳоте, ки дар ҷомеа гузаронида мешавад, на ба ҷониби одамони абстрактӣ, балки бояд ба ҷониби одамони мушаххас равона карда шуда бошад. Зеро асоси зиндагӣ ва ҳаёти одамони мушаххасро анъана ва урфу одатҳое ташкил медиҳанд, ки яку якбора тағйир додани онҳо номумкин аст. Консерватизм таълимоти сиёсиро бо ҳиссу дарки таърих олуда намуда, дар марҳилаҳои инқилобӣ рушди таърихро таъмин намуда, қисмҳои муҳимми ҷомеаи пештар мавҷудбударо ҳифз намудааст.

Консерватизм идеяи баробарии одамон дар назди Худоро эътироф менамояд. Ба ақидаи онҳо, баробарӣ дар соҳаи ахлоқ дида мешавад ва ҳатто баробарии сиёсӣ низ имконпазир аст. Аммо ҳамаи консерваторон бар зидди баробарии иҷтимоӣ баромад менамоянд. Ба ақидаи онҳо, чунин шакли баробарӣ ғайриимкон аст. Ҳатто онҳо бар зидди назарияи ҷомеаҳои эгалитарӣ[5] баромад менамоянд, ки чунин нуқтаи назар таълимоти зиддиэгалитарии онҳоро ташкил медиҳад. Консерваторон бар он ақидаанд, ки эгалитаризм иерархияи иҷтимоиеро, ки бо устувории иҷтимоӣ асос меёбад, аз байн мебарад. Аммо таълимоти антиэгалитаристии консерваторон ҳеҷ гоҳ маънои онро надорад, ки гӯё онҳо ҷонибдори сохтори дағали ҷомеаи дар шакли пирамида ташаккулёфта нестанд. Зеро таркиби амудӣ ва уфуқии табақаҳои мухталифи ҷомеа асоси пешрафти он мегарданд. Ҳанӯз дар охири асри XVIII Э.Бёрк принсипи меритократияро[6] ташаккул дода буд, ки дар асоси чунин таълимот ҳокимият бояд дар дасти шахсони арзанда боқӣ бимонад. Бо гузашти марҳилаи муайян консерваторон демократияи сиёсиро қабул намуда, аз демократияи элитарӣ ҷонибдорӣ менамуданд ва интизор аз он буданд, ки чунин шакли демократия элитаи касбиро ташаккул медиҳад ва ҳокимиятро дар дасти шахсони арзанда нигоҳ медорад.

Дар ибтидои асри ХХ ҷаҳонбинии консервативӣ хусусиятҳои худро каме тағйир дода, доираи фарогирии масъалаҳои худро васеъ менамояд. Масалан, дар ин марҳилаи рушду инкишоф идеологияи консервативӣ бар зидди сиёсикунонии одамон ва ба ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ҷалб намудани онҳо баромад менамуд. Ба ақидаи онҳо, манфиатҳои хусусии омма аз сиёсат низ болотар меистад ва аз ин рӯ, сиёсат хосси омма нест. Сиёсат соҳаи фаъолияти касбии элитаи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, иштироки оммаи мардум дар сиёсат бояд маҳдуд карда шавад ва рафтори онҳо аз ҷониби элитаи сиёсӣ зери назорат қарор гирад.

Консерватизм аслан ба арзишҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ такя менамояд. Ба ақидаи онҳо, ҷомеа аз фардҳои алоҳидаи пароканда иборат намебошад, балки ба умумияти мукаммал нигаронида шудааст. Ташаккули он аз сатҳи маҳал оғоз меёбад: аз оила, ҷамоат, ҷамъиятҳо ва иттиҳодияҳои мухталиф, ниҳодҳои маҳаллии ҳокимият ва монанди инҳо. Умумияти иҷтимоӣ дар дараҷаи маҳал сарчашмаи устуворӣ, тарбия, нигоҳдории анъанаҳо ва ташаккули ватандӯстӣ маҳсуб меёбад.

Консерватизм дар охири асри XIX батадриҷ як қатор арзишҳои идеологияи либералиро, аз ҷумла арзишҳои сиёсии онро қабул менамояд. Аммо каме дертар, яъне дар асри ХХ консерватизм дар зери таъсири арзишҳои либерализми классикӣ дар шакли нав ташаккул меёбад. Дар ин марҳила дар ИМА консерватизми иқтисодӣ ташаккул меёбад, ки мувофиқи таълимоти онҳо танзими давлатии иқтисод ба воситаи анъанаҳои либералии тамаддуни Ғарб «роҳ ба сӯйи ғуломӣ» ва тоталитаризм мебошад. Ҳамин тариқ, то солҳои 70-уми асри ХХ консерватизм дар муносибат бо реформизми либералӣ ва назарияҳои сотсиал-демократӣ афзалиятҳои худро аз даст дода буд. Аммо баъди солҳои 70-ум ва махсусан 80-уми асри ХХ, вақте ки дар як қатор мамлакатҳои Ғарб қувваҳои сиёсӣ идеологияи неоконсерватизмро яроқи сиёсии худ қарор доданд, рушду инкишофи он дубора идома ёфт.

Неоконсерватизм. Сабаби асосии пайдоиши неоконсерватизм буҳрони сохтории иқтисоди капиталистӣ мебошад. Воситаҳои пештарае, ки барои баромадан аз вазъияти буҳронӣ аз ҷониби реформистони либералӣ истифода мегардиданд, корношоям гардиданд. Барои буҳронҳои навин воситаҳои радикалӣ ва қавӣ лозим шуморида мешуд. Ҳатто пешрафти илмӣ-техникӣ дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ қудрати худро аз даст дода буд. Барои нигоҳ доштани устувории ҷомеа асосҳои ахлоқӣ ва воситаҳои дигари легитимикунонии ҳокимият зарур гардид. Истифодаи неоконсерватизм дар ин марҳилаи буҳронӣ барои баромадан аз вазъияти буҳронии тамаддуни илмӣ-техникӣ ва заиф гардонидани заминаҳои маънавию ахлоқии ин гуна тамаддун ба миён омад. Дар чунин ҳолат неоконсерватизм нисбат ба дигар идеологияҳо афзалияти бештар пайдо намуд. Ҳамин тариқ, идеологияи консервативӣ дастовардҳои фардиро ҷонибдорӣ намуда, сиёсати неоконсервативӣ бошад, яке аз воситаҳои самараноки ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ шуморида шуд.

Мувофиқи ҷаҳонбинии неоконсервативӣ принсипи озодӣ нисбат ба принсипи баробарӣ афзалияти бештар дорад. Ба ақидаи неоконсерваторон, баробарӣ дар он вақт имконпазир аст, ки агар баробарии имкониятҳо дар назар дошта шавад. Аммо баробарии шарту шароит ва баробарии натиҷаҳо ғайриимкон мебошад. Тартиботи иҷтимоӣ низ ба воситаи ташаккули иерархияи ҷамъиятӣ нигоҳ дошта мешавад, ки он на ба таври сунъӣ, балки бояд ба таври табиӣ ташаккул ёбад. Неоконсерватизм идеяи озодӣ ва ҳуқуқи инсонро ҳимоя намуда, уҳдадориҳои инсонро дар назди ҷомеа ва дар назди худи ӯ зарур мешуморад. Ҳуқуқи инсон танҳо дар ҳолати бошуурона дарк намудани уҳдадориҳои худ мавқеи инсонро метавонад таъмин намояд.

Неоконсерватизм ҳамчун идеологияи сиёсӣ инчунин ба соҳаи иқтисодии ҳаёти ҷамъиятӣ низ дахолат менамояд. Ба ақидаи ҷонибдорони неоконсерватизм дахолати давлат ба иқтисоди бозорӣ бояд маҳдуд карда шавад. Давлат набояд бар зидди ташаббусҳои хусусӣ мубориза барад, балки онҳоро бояд дастгирӣ намояд. Чунин дастгирии давлат ба хотири таъмини талаботи бозор дар шакли имтиёзҳои супоридани андоз ва дастгирии сармояҳои хусусӣ бояд зоҳир гардад. Неоконсерваторон бар зидди танзими бавоситаи соҳаи иқтисод баромад намуда, нақши фардҳои алоҳидаро дар раванди танзими иқтисод хеле боло мегузоранд. Масалан, ташаббуси шахсӣ, таваҷҷуҳи шахсӣ, имконият ва уҳдадориҳои шахсӣ яке аз воситаҳои муҳим ва самараноки танзими соҳаи иқтисод мебошанд.

Сиёсати иҷтимоии неоконсерваторон бо сиёсати иқтисодии онҳо алоқаи зич дорад. Моҳияти доктринаи иҷтимоии неоконсерваторонро се принсипи асосӣ ташкил медиҳад:

  • масъулияти муштарак ва ё ҳамфикрӣ – тасаввуроти дуруст дар бораи моликият ва меҳнати ягона;
  • адолатнокӣ – тасаввуроти дуруст дар бораи адолатнокии тақсими даромад ва моликият; адолатнокии пардохти музди меҳнат, сиёсати боадолатона дар соҳаи андоз ва монанди инҳо;
  • ёрии моддӣ – кумак барои ташаббусҳои шахсӣ ва сармояҳои хусусӣ.

Ба ақидаи неоконсерваторон, мувофиқи принсипҳои мазкур гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ масъалаҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодии худро ба воситаи ташаббусҳои худ бояд ҳал намоянд ва барои давлат ҳалли он масъалаҳое вогузор гарданд, ки бартараф намудани онҳо ба воситаи принсипҳои дар боло номбаршуда ғайриимкон аст. Моҳияти сиёсати иҷтимоию иқтисодии неоконсерваторон дар он ифода меёбад, ки онҳо мехоҳанд шароитҳоеро ба вуҷуд оваранд, ки дар чунин шароит коргарон пасандоз карда тавонанд, моликият ба даст оваранд, мустақилияти молиявии худро ташаккул диҳанд ва вобастаи ғамхориҳои моддии давлат набошанд.

Неоконсерваторон барои онҳое, ки талаботҳои худро шахсан қонеъ сохта наметавонанд, хизматрасониҳои иҷтимоии бепулро пешниҳод менамоянд. Шаҳрвандони боқимонда то дараҷаи зарурӣ ҳаққи хизматрасониҳоро бояд пардохт намоянд ва интихоби сатҳу сифати хизматрасонӣ аз имкониятҳои молиявии онҳо вобаста бошад.

Ҳамин тариқ, хоҷагидории бозорию иҷтимоӣ формулаи асосии неоконсерваторон ба шумор меравад. Ба ақидаи онҳо, хоҷагидории бозорию иҷтимоӣ на танҳо барои мулкдорон, балки барои шаҳрвандони қаторӣ низ иқтисоди самарабахш маҳсуб меёбад.

Неоконсерваторон ба анъанаҳои куҳнаи консерваторон такя намуда, демократияи вертикалӣ ва элитариро зарур мешуморанд. Барои онҳо фаъолияти сиёсӣ имтиёз ва ё монополияи ягон гурӯҳи иҷтимоӣ маҳсуб наёфта, балки касбе мебошад, ки бояд ба ҳамаи шаҳрвандон дастрас гардонида шавад. Аммо дастрасии фаъолияти сиёсӣ танҳо дар ҳолате бояд имконпазир гардонида шавад, ки шаҳрванд агар аз қобилиятҳои махсус бархӯрдор бошад ва маълумоти зарурии соҳаи сиёсатро дошта бошад. Ҳамзамон, неоконсерваторон ақида доранд, ки ба сиёсат ҳама метавонанд таваҷҷуҳ дошта бошанд ва дар шароити муосир бояд ин корро анҷом диҳанд, зеро сиёсат ба ҳамаи одамон таъсир расонида, инчунин ба ҳамаи одамон тааллуқ дорад. Аммо танҳо мутахассисони касбӣ метавонанд ба фаъолияти сиёсӣ машғул гарданд ва ё сиёсатмадор бошанд. Чунки чунин шакли муносибати сиёсӣ имкон медиҳад, ки барои ҳалли масъалаҳои мухталифи ҷамъиятӣ қарорҳои оқилона қабул гарданд ва дилетантизм[7] аз раванди қабули қарор дур карда шуда, худи сиёсат аз тамоюлоти охлократӣ[8] наҷот ёбад.

Ҳамин тариқ, неоконсерватизм принсипҳои асосии либерализми классикиро аз худ намуда, пеш аз ҳама, ба озодии фардӣ афзалияти бештар медиҳад. Ҳамзамон неоконсерватизм тавонист, ки принсипҳои либерализмро бо арзишҳои анъанавӣ алоқаманд гардонад. Дар доираи ҷаҳонбинии неоконсервативӣ чунин арзишҳои анъанавӣ, аз қабили оила, қонун, тартибот, дин, озодии иқтисодӣ ва худидоракунӣ, гуногунрангии фарҳангҳо ва монанди инҳо бо принсипҳои асосии либерализм алоқаманд гардонида шудаанд.

Сотсиализм. Идеологияи сотсиалистӣ таърихи хеле дуру дароз дорад. Аммо худи мафҳуми «сотсиализм» дар илмҳои ҷомеашиносӣ дар солҳои 30-юми асри XIX бори аввал мавриди истифода қарор дода мешавад. Аниқтараш бори аввал ин мафҳумро соли 1834 назариячии фаронсавӣ Пер Лер дар мақолаи худ «Дар бораи индивидуализм ва сотсиализм» истифода намудааст. Андешаҳое, ки дар асри XIX ҳамчун таълимоти сотсиалистӣ муаррифӣ мегардиданд, ҳанӯз дар асри XVI пайдо гардида буданд. Андешаҳои мазкур дар марҳилаи аввали ташаккули капитализм эътирози табақаи истисморшудаи ҷомеаро ифода менамуд. Назарияҳои сотсиалистӣ сохтори ҷамъиятиеро тарғиб менамуданд, ки он бо табиати инсон мувофиқ аст ва истисморро барҳам зада, моликияти хусусиро инкор менамояд ва сатҳи зиндагии табақаи поёнии ҷомеаро боло мебардорад. Чунин шакли таълимот дар аввал сотсиализми утопиявӣ номида мешуд. Асосгузорони сотсиализми утопиявӣ назариячии англис Томас Мор (1478-1535) ва назариячии италиявӣ Томмазо Кампанелла (1568-1639) мебошанд. Томас Мор дар асари худ «Утопия» ва Т.Кампанелла дар асари худ «Шаҳри Офтоб» паҳлуҳои мухталифи сотсиализми утопиявиро таҳлил намуда, ташаккул додаанд. Ба ақидаи онҳо, маҳз моликияти ҷамъиятӣ метавонад адолати иҷтимоӣ, баробарӣ, сатҳи хуби зиндагӣ ва сулҳи иҷтимоиро таъмин намояд. Баробарии иҷтимоӣ дар таълимоти онҳо ҳамчун арзиши олӣ ҳам барои инсон ва ҳам барои ҷомеа дониста шудааст.

Дар тӯли асрҳои XVII-XIX аксари назариячиён кӯшиш намудаанд, ки таълимоти мукаммале барои ҷомеаи идеалӣ ба вуҷуд оваранд. Зеро капитализм манзараи нави сиёсиро ба вуҷуд оварда, сарватмандон ва камбизоатонро дар муқобили якдигар қарор дода буд. Дар ташаккули консепсияҳои сотсиалистии минбаъда, ки хусусияти утопиявии худро нигоҳ медоштанд, саҳми назариячиёни франсавӣ Сен-Симон (1760-1825), Шарл Фурйе (1772-1837) ва назариячии англис Роберт Оуэн (1771-1858) хеле назаррас мебошад. Таълимоти онҳо дар зери таъсири Инқилоби бузурги Фаронса ва рушди бемайлони капитализми саноатӣ ташаккул ёфтааст. Ақидаҳои назариячиёни сотсиализми утопиявӣ роҷеъ ба масъалаҳои мухталиф аз ҳамдигар баъзан тафовут доштанд, аммо ҳамаи онҳо ақидаеро пайгирӣ менамуданд, ки мувофиқи он дар ҷомеа аллакай барои гузаронидани ислоҳоти сохтори ҷамъиятӣ ва ба вуҷуд овардани адолатнокӣ шароит фароҳам омадааст. Ин ислоҳот бояд нобаробарӣ, камбизоатӣ ва бадбахтиҳои мавҷударо барҳам мезад. Ташаббус барои ба роҳ мондани тағйирот бояд аз боло ба поён, яъне аз синфи доро оғоз мегардид. Зеро онҳо барои дастгирӣ намудани камбизоатон ва хушбахт гардонидани онҳо вазифадор буданд. Ҳамин тариқ, идеологияи сотсиалистӣ манфиатҳои синфи заҳматкаш ва пешрафти иҷтимоиро ҳимоя намуда, ба ояндаи дурахшони инсоният эътиқодманд буд.

Маҳз дар ҳамин марҳила шакли канории сотсиализм бо номи идеологияи коммунизм ба вуҷуд меояд. Идеологияи коммунистӣ идомаи мантиқии сотсиализми утопиявӣ буда, ба воситаи ҷамъиятӣ гардонидани моликият мехост ҷомеаи дар асоси принсипи баробарӣ ташаккулёфтаро ба вуҷуд оварад.

Назариячиёни сотсиализми утопиявӣ принсипҳои асосии ҷомеаи адолатноки дар оянда бавуҷудояндаро ба таври зерин ташаккул дода буданд: ҳар як инсон мувофиқи қобилияти худ амал намояд; ҳар як қобилият барои кори муайян сафарбар карда шавад; рушду инкишофи шахсият ҳаматарафа ва зина ба зина таъмин карда шавад; барҳам задани тафриқа миёни шаҳрҳо ва деҳаҳо; гуногунрангӣ ва марҳила ба марҳила иваз намудани меҳнати фикрӣ ва ҷисмонӣ; ба таври озод рушд ёфтани шахс ҳамчун шароит барои ба таври озод рушд ёфтани дигарон. Ба ақидаи сотсиалистони утопиявӣ, дар ҷомеа ё ҳама хушбахт бошанд ё ҳеҷ кас. Сохтори сотсиалистии ҷомеа бояд имкониятҳои воқеиеро ба вуҷуд оварад, ки мувофиқи он ҳар як шахс хушбахтии худро таъмин карда тавонад.

Бояд гуфт, ки намояндагони машҳури сотсиализм ва коммунизми утопиявӣ барои дар амал татбиқ намудани идеяҳои худ роҳҳои мухталифро нишон медоданд. Масалан, ба ақидаи Сен-Симон ва Фурйе роҳи асосии амалӣ намудани идеяҳои утопистӣ ислоҳот мебошад, ки ҳам барои камбағалон ва ҳам барои сарватмандон амри зарурист. Аммо Мабли, Мелйе ва Бабеф бошанд, синфи заҳматкашро ба инқилоб даъват менамуданд.

Марксизм ҳамчун идеологияи пролетариат. Дар солҳои 40-уми асри XIX марксизм ҳамчун ҷанбаи назариявии ҷараёни пролетариат ба вуҷуд меояд. Карл Маркс (1818-1883) ва Фридрих Энгелс (1820-1895) назарияи фалсафӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсиеро ба вуҷуд оварданд, ки дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри ХХ ба таърихи инсоният таъсири амиқ расонидааст.

Ба ақидаи марксистон ҷомеаи коммунистӣ натиҷаи пешрафти тамаддунҳо мебошад. Зеро капитализм ва ташаккули тамаддуни капиталистӣ барои ба вуҷуд омадани инқилобҳои иҷтимоӣ, барҳам задании моликияти хусусӣ ва гузариш ба ҷомеаи сотсиалистӣ заминаҳои зарурӣ фароҳам меоварад. Мухолифатҳои асосие, ки капитализмро аз дохили худ ба таркиш водор менамояд, ин тафриқаҳо дар меҳнати ҷамъиятӣ мебошад, ки дар заминаи ташаккули муносибатҳои саноатӣ, бозорӣ ва мавҷудияти моликияти хусусӣ ба миён меояд. Ба ақидаи марксистон, душмани ашаддии капитализм пролетариат мебошад. Озод гардидани пролетариат инқилобҳои иҷтимоии такрориро тақозо менамояд. Пролетариат дар раванди озод намудани худ, инчунин дигаронро низ аз истисмор озод менамояд. Дар амал татбиқ намудани сотсиализм танҳо дар ҳолате имконпазир аст, ки агар инқилоби пролетарӣ амалӣ карда шуда, дар ҷомеа диктатураи пролетариат барқарор карда шавад. Марксистон барои мубориза бо истисморгарон шиори «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед»-ро ба вуҷуд оварда буданд. Марксизм ҳамчун идеология сотсиализмро ҳамчун яроқи мубориза ташаккул дода, миллионҳо нафарро барои мубориза сафарбар намуда буд ва дар давоми якчанд даҳсола идеологияи мазкур яроқи маънавии табақаи ҷабрдида ва истисморгашта маҳсуб меёфт.

Ба ақидаи К.Маркс ва Ф.Энгелс, рушду инкишофи форматсияи коммунистӣ якчанд марҳиларо дар бар мегирад: давраи гузариш, марҳилаи аввал ва марҳилаи олӣ. Раванди мазкур дуру дароз буда, арзишҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси арзишҳои гуманистӣ мубаддал мегардонад. Дар чунин ҳолат инсон барои инсони дигар мавҷудоти олӣ маҳсуб меёбад. Коммунизми дар шакли олӣ тараққикарда ҷомеаи заҳматкашони озод ва инсонҳои бофаҳм мебошад, ки дар чунин ҷомеа худидораи ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада, давлат аз байн меравад. Дар чунин ҷомеа синфҳо аз байн мераванд ва баробарии иҷтимоӣ дар шакли «ҳар як шахс мувофиқи қобилияти худ амал менамояд ва ҳар кас мувофиқи талаботи худ» умр ба сар мебарад. Коммунизми марксистӣ рушди инсон ва озодии ӯро дар шароити барҳам задани истисмор таъмин менамояд. Коммунизм ин ибтидои таърихи аслии инсоният мебошад. Зеро дар он ҳаёти нав бо арзишҳои нотакрор оғоз мегардад.

Бояд гуфт, ки таълимоти марксизм дар бораи инқилоб танҳо дар назария ва амалияи ленинизм (болшевизм) ба мушоҳида мерасад, ки он асоси назариявии инқилоби пролетарии Русия ва сохтани ҷомеаҳои сотсиалистии собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ташкил медод. Новобаста аз он, ки коммунизми марксистӣ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва барҳам хӯрдани блоки давлатҳои сотсиалистии Шарқ шикаст хӯрда бошад ҳам, аммо таъсири худро ҳанӯз дар гурӯҳҳои иҷтимоӣ нигоҳ медорад. Айни замон дар аксари давлатҳои пасошӯравӣ ҳизбҳои коммунистӣ амал менамоянд, ки пайравони хеле зиёд доранд. Аммо пайравони коммунизм рӯз то рӯз бо пиршавии электорати ҳизби коммунистӣ кам гашта истодааст, ки ин аз заволи коммунизми марксистӣ дарак медиҳад. Аз сабаби он, ки коммунизми марксистӣ тарғибгари баробарии иҷтимоӣ, адолатнокӣ, кафолатҳои иҷтимоӣ, маълумоти бепул, хизматрасониҳои бепул ва манзили истиқоматии бепул мебошад, дар оянда низ пайравони худро пайдо хоҳад кард. Аммо дар баробари рӯҳияи инқилобии афкори сотсиалистӣ ҷараёни дигаре пайдо гардидааст, ки он низ ба таълимоти марксистӣ такя намуда, дар замони муосир худро на бо роҳи ташкили инқилоб, балки гузаронидани ислоҳотҳои воқеӣ мутобиқ гардонидааст. Ин равияро дар асри ХХ идеологияи сотсиал-демократӣ меноманд ва онро дар муқобили идеологияи коммунистӣ қарор медиҳанд.

Сотсиализми демократӣ. Идеологияи сотсиал-демократии замони муосир аз се ҷараёни иҷтимоию сиёсӣ сарчашма мегирад:

  • ҷараёни идеявию сиёсӣ ва реформистии Интернатсионали II (1889-1914), ки аз ҷониби назариячиён Э.Бернштейн, Вандервелд, Фолмар, Жорес ва дигарон пешниҳод шуда буд;
  • таълимоти назаричиёни Интернатсионали сотсиалистии синфи заҳматкаш, ки дар марҳилаи ҷангӣ арзи ҳастӣ менамуд;
  • консепсияҳои реформизми либералӣ, ки дар миёни онҳо консепсияи Ҷ.Кейнс мавқеи махсусро ишғол менамояд.

Бояд гуфт, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ гузаронидани ислоҳот, ба таври дуруст танзим ва тақсим намудани даромадҳо ва бо ин роҳ асоснок намудани соҳаи сиёсат хусусиятҳои муҳимми идеологияи сотсиал-демократиро ташкил медиҳанд. Яке аз назариячиёни машҳури Интернатсионали II Э.Бернштейн баръакси коммунистон оғози ташаккули сотсиализмро аз заволи капитализм вобаста намедонист. Ба ақидаи ӯ, сотсиализм моликияти хусусиро бояд ба моликияти ҷамъиятӣ табдил надиҳад. Ҷустуҷӯи шаклҳои истеҳсолоти муштарак ва дӯстона дар шароити рушди иқтисоди капиталистӣ ва демократияи сиёсӣ роҳи ягона барои расидан ба сотсиализм мебошад. Шиори сотсиализми реформистӣ дар шакли зерин садо медод: «Ҳадафи ниҳоӣ ҳеҷ чиз нест, аммо амал намудан ҳама чиз аст».

Консепсияи муосири сотсиализми демократӣ дар солҳои 50-уми асри ХХ дар натиҷаи қабули Декларатсияи принсипҳои Интернатсионали сотсиалистӣ, ки дар конференсияи байналхалқии ҳизбҳои сотсиалистӣ дар шаҳри Франкфурт баргузор гардида буд, ба вуҷуд оварда шудааст. Мувофиқи Декларатсияи дар конфронси Франкфурт қабулгардида ва дигар ҳуҷҷатҳои барномавии идеологияи мазкур сотсиал-демократизм роҳе мебошад, ки ҳам аз капитализм ва ҳам аз «сотсиализми воқеӣ» тафовути ҷиддӣ дорад. Ба ақидаи сотсиал-демократҳо, капитализм қувваҳои истеҳсолии бузургеро рушду инкишоф додааст, аммо ҳуқуқ ба моликияти хусусиро аз ҳуқуқҳои муқаррарии инсон болотар мегузорад. Ба андешаи онҳо, коммунистон баъди ба сари қудрат омадан, озодиро барҳам заданд, ҷомеаи нави синфӣ ва иқтисодиёти бесамарро ба вуҷуд оварданд, ки ба меҳнати иҷборӣ асос ёфта буд.

Сотсиал-демократҳо дар навбати худ ҳам ба принсипи озодӣ ва ҳам ба принсипи адолатнокӣ муносибати якхела доранд. Ба ақидаи сотсиал-демократҳо формулаи «Сотсиализм+умумигардонии моликият+ иқтисоди пешакӣ ба нақша гирифташуда» бояд аз байн бардошта шавад. Шаклҳои ташаккули иқтисод меъёри муайянкунандаи фарқияти капитализм аз сотсиализм намебошад, балки мавқеи инсон дар ҷомеа ба сифати ин меъёр баромад мекунад. Масалан, озодии инсон, ҳуқуқ барои иштирок дар қабули қарорҳои муҳимми давлатӣ, фароҳам будани имконият барои дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои худ дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ ва монанди инҳо.

Ҳамин тариқ, демократияи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ қисмҳои таркибии консепсияи «сотсиал-демократӣ»-ро ташкил медиҳанд.

Идеяи демократияи сиёсии сотсиал-демократҳо ба принсипҳои озодӣ ва баробарӣ асос меёбад. Сотсиал-демократҳо мавҷудияти шаклҳои мухталифи демократияро эътироф менамоянд, аммо ба ақидаи онҳо демократияи сиёсӣ бояд аз чунин арзишҳо ташкил ёфта бошад:

  • дар ҷомеа мавҷуд будани интихоботи озод ва шаффоф;
  • барои шаҳрвандон пешкаш намудани интихоботи воқеӣ, то ки онҳо тавонанд аз миёни алтернативаҳои сиёсӣ барномаи сиёсии арзандаро интихоб намоянд;
  • имконпазир будани ивазшавии ҳукумат бо роҳи осоишта;
  • кафолати ҳуқуқи шахс ва ақаллиятҳои мухталиф;
  • мавҷуд будани системаи судии мустақил, ки асоси онро принсипи волоияти қонун ташкил дода бошад.

Сотсиал-демократҳо дар зери мафҳуми демократия арзишҳои умумиеро мефаҳманд, ки онҳо аз арзишҳои синфӣ боло меистанд. Ба ақидаи онҳо, дар шароити мавҷудияти демократияи воқеӣ давлат институти олии иҷтимоие мебошад, ки дар доираи фаъолияти худ, пеш аз ҳама, манфиатҳои иҷтимоиро танзим ва бо ҳам наздик мегардонад. Дар чунин ҳолат, давлат ба сифати сарчашмаи асосии тағйиротҳои ҷамъиятӣ ва пешрафти иҷтимоӣ баромад менамояд.

Сотсиал-демократҳо дар ҳуҷҷатҳои расмии худ моликияти ҷамъиятиро дар шакли иқтисоди омехта ҷонибдорӣ намуда, бо ин роҳ демократияи иқтисодии худро асоснок намудаанд. Моликияти хусусӣ танҳо дар қисме аз соҳаҳои иқтисод метавонад арзи ҳастӣ намояд. Гуногунрангии шаклҳои моликият бояд самаранокии истеҳсолотро таъмин намояд. Моликияти дастаҷамъӣ ҳамчун арзиши иқтисодӣ шуморида намешавад, аммо он бояд барои беҳтар гардидани некуаҳволии мардум хизмат намояд.

Сотсиал-демократҳо дар стратегияҳои иқтисодии худ ба муносибатҳои бозорӣ афзалияти бештар медиҳанд. Ба андешаи онҳо, давлат бояд бозорро танзим намояд. Давлат бояд имкон надиҳад, ки тиҷорати бузург дар муносибатҳои бозорӣ ҳукмрони мутлақ гардад ва ҳама вақт бояд кӯшиш намояд, ки технологияҳои нави истеҳсолӣ ва бозорӣ барои некуаҳволии мардум хизмат намоянд.

Дастовардҳои демократияи иқтисодӣ бо иштироки намояндагони синфи заҳматкаш дар корхонаҳои капиталистӣ ва инчунин бо рушди механизмҳои худидоракунӣ алоқаманд гардонида мешавад. Дар маҷмӯъ соҳаи иқтисод бояд ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа дастрас бошад ва аз ҷониби ҷомеа назорат карда шавад. Аммо дар ин раванд иқтисоди бозорӣ ва самаранокии он бояд моҳияти худро аз даст надиҳад.

Сотсиал-демократҳо ба воситаи мафҳуми «демократияи иҷтимоӣ» сатҳу сифати беҳтари ҳаёти одамонро ифода намуда, маҷмӯи арзишҳои иҷтимоиро (аз қабили, озодиҳои иҷтимоии инсон, шарту шароитҳои фаъолияти меҳнатии ӯ, ба одамон дастрас будани низоми таҳсилот ва арзишҳои маънавӣ, вазъияти хуби муҳити атроф, мавҷудияти шароитҳои хуби маишӣ ва ғ.) ташаккул додаанд. Мубориза барои демократияи иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, мубориза барои ҳаёти арзанда мебошад.

Дар давлатҳои Ғарб сотсиал-демократҳо аз ҳама бештар ба масъалаи демократикунонии ҷомеа ва мустаҳкам намудани ҳуқуқ ва озодиҳои меҳнаткашон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудаанд. Сиёсати воқеии онҳо бо таҷрибаи реформизми либералӣ хеле наздик аст, аммо дар ин ҷо афзалияти арзишҳои иҷтимоӣ ва мубориза барои адолати иҷтимоӣ дар мадди аввал қарор дода шудааст. Ҳамин тариқ, сотсиал-демократҳо доимо дар ҷустуҷӯи тавозун миёни озодӣ ва адолати иҷтимоӣ мебошанд ва барои ташаккули давлати иҷтимоӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳанд.

Ҳамин тариқ, ҳамаи идеологияҳои замони муосир бархӯрдҳои иҷтимоию сиёсиро дар худ инъикос намуда, марҳила ба марҳила рушду инкишоф меёбанд. Идеологияҳо дар раванди хубтару беҳтар сафарбар намудани одамон то андозае арзишҳои ҳамдигарро қабул намуда, шаклҳои худро иваз менамоянд. Ин аст, ки имрӯз либерализм каме сотсиалистӣ ва сотсиализм то андозае либералӣ гардидаанд. Дар идеологияҳои сиёсӣ манфиатҳои иҷтимоӣ ва ҷустуҷӯи барномаҳои рушди ҷамъиятӣ дида шуда, мавқеи онҳоро дар ҷомеа боз ҳам мустаҳкамтар менамояд. Рақобати неруҳои сиёсие, ки барои ба даст овардани ҳокимият мубориза мебаранд, ҳамчун рақобати идеологӣ асоси муносибатҳои сиёсиро ташкил намуда, маҳаки асосии рушди сиёсӣ ва меъёри муҳимми самаранокии системаи сиёсӣ дониста мешавад.


[1] Протексионизм (лот. protection – муҳофизат, пуштибонӣ) – яке аз самтҳои сиёсати иқтисодии давлат, ки бо мақсади баланд бардоштани маҷмўи маҳсулоти дохилӣ коҳиш додани маҳсулоти воридотӣ ва дар дохили мамлакат ба роҳ мондани истеҳсоли онро зарур мешуморад.

[2] Констебл мансабҳои зинаи поёнии мақомотҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ИМА, Британияи Кабир, Канада ва Зеландияи Нав.

[3] Либералҳо, махсусан либертаристон ва коммунитаристон дар зери ибораи «давлати хурд» давлатеро мефаҳманд, ки он салоҳиятҳои камтареро дар назди худ нигоҳ медорад ва ҳуқуқи монополиаш камтар аст.

[4] Абсолютизми ахлоқӣ ҳолате мебошад, ки мувофиқи он дар ҷомеа мавҷудияти ахлоқи ягона ва меъёрҳои ягонаи маънавӣ ташаккул дода мешаванд.

[5] Эгалитаризм, пеш аз ҳама, назарияи сиёсиест, ки дар антропологияи сиёсӣ ҷомеаҳои дар асоси принсипи баробарӣ ташаккулёфтаро ифода менамояд. Дар таълимоти антропологҳои сиёсӣ, ки нисбат ба политогенез гуфта шудааст, дар таҳаввулоти ҷомеаҳо марҳилаеро мушоҳида намудан мумкин аст, ки онро марҳилаи эгалитарӣ меноманд.

[6] Меритократия (лот. meritus – арзанда ва юн. kratos – ҳокимият) – ҳокимияти шахсони арзанда. Яке аз меъёрҳои идоракуние мебошад, ки мувофиқи он мансабҳои давлатӣ новобаста аз мавқеи иҷтимоию иқтисодии инсон ба шахсони арзанда ва уҳдабаро дода шаванд.

[7] Дилентантизм як навъ падидаи ҷамъиятӣ буда, маънояш бе дониши казоӣ ва омодагии касбӣ ба фаъолият машѓул шудан мебошад.

   [8] Охлократия (юн. ochlos – издиҳом ва kratos – ҳокимият) – ҳокимияти издиҳом ва ё беҳокимиятӣ.


Калидвожаҳо: реферат бо забони точики, реферати точики, кори курси, маводхои омузишии точики, сомонаи донишчу тч, донишҷӯ тҷ, donishju tj, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши, идеология, идеологияи сиёси, идеологияи сиёсӣ, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси

ҚаблӣВазифаҳои идеологияи сиёсӣ
БаъдӣИСТИҚЛОЛИЯТИ СИЁСӢ