Функсияи идеология

Идеология ниходи иҷтимоӣ аст, ки барои огоҳӣ ёфтани  гурӯҳҳои  ҷомеа аз ниёзу манфиатҳои  худ  ба вуҷуд оварда мешавад. Ҳар идеология аз паи як дарки хоси воқеият мебошад. Муққарароти ҷамъиятии идеологӣ дар он аст, ки он тамоюли шуури гурӯҳҳои ҷамъиятиро ба манфиати худ равона намуда, арзишҳо ва ормонҳоеро тавсия менамояд, ки онҳо ҳам барои ёфтани роҳи зиндагӣ ва ҳам барои амалӣ шудани ин манфиатҳо ёрӣ мерасонанд.

Идеология усулҳои аниқи ҳалли мушкилиҳоро, ки дар фарҳанг, иқтисодиёт, муносибатҳои байналхалқӣ, маориф ва маданият ва дигар ҷабҳаҳои ҳаёти иҷтимоии  мардум меистанд, пешниҳод менамояд. Ин роли идеология дар вазифаҳои  асосии зерин инъикос мешаванд:

  1. Ҳар як идеология кӯшиш менамояд, ки вобаста ба манфиатҳои муайяни иҷтимоии умум дарки муайянеро кор карда барорад. Бо ин восита идеологияҳо талаботи инсонро ба чунин муносибатҳо ба ҳақиқат амалӣ мегардонанд, то ки ба одам ва ба гурӯҳҳои иҷтимоӣ барои беҳтар  тасавур намудани мавқеъ ва  вазъияти  худ, босамар намудани фаъолияти худ аз нуқтаи назари амалӣ гардонидани мақсаду ормонҳои худ ба одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ ёрӣ расонанд.   Ин хислати идеология дар манзараи идеологии олам ба василаи  шаклҳои хоси  шуури ҷамъиятӣ  — арзишҳо ва ормонҳо ифода меёбад.Арзишҳо монанди адолат ва беадолатӣ, баробарӣ ва нобаробарӣ дар ҷанбаи иҷтимоӣ, озодӣ ва ноозодӣ, тоталитаризм ва демократия дар сиёсат, зебоӣ ва зиштӣ дар зебоишиносӣ, хубу бад дар заминаи ахлоқ  хусусиятҳои ашёю падидаҳои аслие, ки худи онҳо доранд, инъикос  наменамоянд.  Муайянии  худро ин арзишҳо дар раванди падидаҳои ҳастии иҷтимоӣ пайдо менамоянд. Онҳо баёнгари равобити иҷтимоӣ,  баҳои иҷтимоии падидаҳоянд, ки ба мардум барои фаъолият бурдан дар  шароити муайяни иҷтимои хидмат мекунанд. Дар  баробари ин арзишҳо ба шакли меъёр  ба одамон барои дарёфтани самт ва роҳи воқеияти иҷтимоӣ фарқ кардани неку бад, мусбату манфӣ хидмат мекунад.

Ормон дар асл аз арзиш ҳеҷ тафовуте надорад, он як навъи  дуюми тасвири зеҳнии мақсадҳои мардум ва гурӯҳҳои иҷтимоии дар як воқеияту вазъияти мушобеҳ муттаҳидшуда мебошанд, ки дар он мушкилот, тазодҳо ва даргириҳои дар зиндагии мардум воқеъан сурат гирифта, ба назар мерасанд. Ормон сохтори зеҳнии тасвири оянда, воқеияти ҷадиди ҳануз нарасида, ки аз рӯи уммеду орзуҳои умумияти иҷтимоии муайян сохта шудааст, ки мардумро ҷамъ намуда, фаъолнокии онҳоро бо ҳавасмандкунӣ сӯи дурнамои  хубу гуворо сафарбар мекунад.

Заминаи маънавие, ки барои коркарди идеологияҳои миллӣ зарур аст, аз берун воридшуда наметавонад. Ҳар як идеологияи миллӣ бояд дар асоси фарҳанги миллии худ, ки аз таҷрибаи бою мукаммали ватанӣ ва ҷаҳонӣ бархурдор мегардад, ташаккул ёбад. Ҳар як идеология кӯшиш мекунад, ки ба рафтори пешбарандаи одамон  тавассути  таъсиррасонй ба тафаккури осонад. Ба ин мақсад шӯъбадабозӣ, қаллобӣ ва дигар шаклҳои таъсиррасониро ба тафаккуру шуури одамон васеъ истифода мебарад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Барои он ки  идеология функцияи таъсиррасониро ба шууру тафаккури мардум (манипулятсияи  шуур) иҷро намояд, бояд он якчанд шароитҳоро фароҳам оварад. Идеология бояд қудрати талқинкунандагӣ дошта бошад, нерӯи талқинкунандагӣ на фақат ба  ақлу идрок, балки ба эҳсосот низ вобастагӣ дорад. Яъне вазифаи идеология дар ин маврид таъсиррасонӣ  ба ҳиссиёт ва дилҷӯӣ аз мардум вобастагӣ дорад. Бо вуҷуди ин таҷрибаи таърихи инсоният нишон  медиҳад, ки омили иррратсионалӣ  афзалиятнок нест. Раванди таърихӣ  ва пешрафти ҷамъиятӣ куллан ба ақлу идрок ва хирад такя мекунад.

Бо мурури замон натиҷабахшии идеологияҳои муайян қуввати худро гум мекунанд. Нақши тамоюлбахшанда, мутаҳидсозандагӣ, сафарбаркунандагии он  суст мешавад. Ин ҳодиса аз он сар мезанад, идеология дурустӣ ва  равандҳои худро  гум мекунад, яне он акнун ба  тағёйиротҳои кулии тез ба вуқуъ омада истода аз воқеият  канда шуда дур меафтад.  Идеология  аз арсаи таърих меафтад ва ба ҳаёти  кишварҳо ва ҷомеахо таъсир мерасонад.

ҚаблӣРавобити мутақобилаи идеология бо фалсафа ва илм
БаъдӣШаклҳои идеологияи муосир