ИСТИҚЛОЛИЯТИ СИЁСӢ

Дар таърихи афкори сиёсӣ андешаҳо дар мавриди хислат, мазмун, таркиб ва хусусиятҳои истиқлолият гуногунанд. Аммо ҷиҳатҳои умумие вуҷуд доранд, ки таълимоти донишмандонро ба ҳам наздик менамоянд. Аксари онҳо истиқлолияти кишварро дар ду навъи асосӣ: истиқлолияти дохилӣ ва истиқлолияти хориҷӣ тасниф намудаанд. Ба истиқлолияти дохилӣ ғояҳои халқ, конститутсия, қонун, парламент ва ғайраҳоро мансуб медонистанд. Яъне, мавҷудияти чунин институтҳои ҷамъиятию сиёсиро шарти зарурии воқеияти истиқлолият медонистанд. Ба сифати шарти зарурии истиқлолияти хориҷии кишвар ҳуқуқи комили давлатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ баромад мекунад.

  Бояд тазаккур дод, ки роҳи ба даст овардани соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз ҳарчанд ҳамвору яксон набуд, вале мардуми шарафманди мо ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи марзу бум ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ саъю талошҳои зиёде намудаанд. Ҳамин аст, ки гузаштагонамон дар масири таърих ҳамеша барои ба даст овардани он ҷонфидоиҳои зиёде намуда, ба хотири зиндагии пуршарафи наслҳои имрӯзу оянда хизматҳои шоёне кардаанд.

Бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба мо имконият дод, ки барои татбиқи барномаҳои бесобиқаи рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, ки имрӯз симои кишварамонро ба куллӣ дигаргун сохтаанд, талош намоем. Пешрафтҳои дар ин самт бадастовардаамон ҳама самараи истиқлолияти сиёсӣ мебошанд ва мо акнун вазифадорем, ки онро бо меҳнати фидокоронаю содиқона ба Ватани маҳбубамон, бо худшиносии баланди миллӣ ва зиракии сиёсии ҳамешагӣ боз ҳам афзунтару устувортар гардонем.

Аз ин рӯ, барои дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти сиёсӣ минбаъд ҳам оид ба ташаккули ифтихори ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ тамоми шаҳрвандони кишварамон бояд ҷидду ҷаҳд намоянд.

Яъне, фаҳмиши истиқлолият набояд танҳо як муколамаи расмии ҳукуматӣ бошад, балки он бояд ба як баҳси хеле амиқу дилчасп ва гуногунпаҳлу миёни мардум, аз ҷумла дар сатҳи илмӣ, табдил ёбад. Имрӯз дар бисёр мамлакатҳои тозаистиқлол мафҳуми «истиқлолият» маҳбубияти зиёде пайдо намудааст ва шаҳрвандон ба он бо эҳсосу самимияти хосса таваҷҷуҳ мекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

 Беҳуда нест, ки мафҳуми  «истиқлолият» дар амалия ҳамчун истиқлолияти олӣ ва истиқлолияти том истифода бурда мешаваду якеро эълон менамоянду дигарашонро эътироф мекунанд. То имрӯз истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро 147 кишвари ҷаҳон пазируфтааст, ки ин тақвияти эътирофи истиқлолияти давлатдории миллии мост. Яъне, маънои асосии истиқлолият волоияти ҳокимияти давлатӣ дар дохили мамлакат ва озод будани он аз тобеият ба давлатҳои дигар аст.

Истиқлолият на танҳо барои бақои давлату сарзамин, балки барои ҳифзи шараф ва таъмини амалии озодиҳои ҳар як шаҳрванд шароит фароҳам меорад.  Имрӯз ҳамаи мо вазифадорем, ки давра ба давра барои фароҳам овардани имконияти расидан ба қуллаҳои баланди истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ, фикрӣ, фарҳангӣ, таъмини шароит барои зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат ва амалӣ гардонидани нияту нақшаҳои неку созандаи ватандорӣ пайваста заҳмат кашему мардумро дар рӯҳияи ватанхоҳию ватанпарастӣ тарбия намоем.


Калидвожаҳо: реферат бо забони точики, реферати точики, кори курси, маводхои омузишии точики, сомонаи донишчу тч, донишҷӯ тҷ, donishju tj, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши, истиклолият, истиклолияти сиёси, истиқлоляити сиёсӣ, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси

ҚаблӣИдеологияҳои сиёсии замони муосир
БаъдӣИстиқлолият ҳамчун назарияи сиёсӣ