Дар ин мақола имлои харфи и ва ӣ-и дароз оварда мешавад.
Садоноки и ду тарзи навишт дорад: и ва ӣ.
Ҳарфи и дар мавридҳои зерин навишта мешавад:
а) дар аввал ва мобайни калима: ин, илм, инсон, давидан, китоб, дирӯз, Амриддин, шоҳин;
б) дар охири пешоянд, пайвандак ва ҳиссачаҳо: ки, чи, аз сабаби, ҳангоми, мисли, балки, азбаски, кошки, вақте ки, зеро ки;
в) дар охири калимаи муайяншаванда чун бандаки изофӣ: забони модарӣ, китоби шавқовар, хонаи калон.
Бандаки изофӣ бе зада талаффуз мешавад.
Ҳарфи ӣ танҳо дар охири калима ва дар мавридҳои зерин навишта мешавад:
а)дар охири калимаҳои решагӣ: моҳӣ, тутӣ, олӣ, водӣ, шолӣ;
б)ҳамчун пасванд дар охири исмҳои сохта ва сифатҳои нисбӣ: некӣ, кӯҳӣ, бадӣ, зебоӣ;
в)ҳамчун бандакҳои феълӣ (рафтӣ, навиштӣ) ва хабарии шахси дуюми шумораи танҳо (рафтаӣ, гуфтаӣ).
Дар охири баъзе калимаҳо ҳарфи ӣ навишта шавад ҳам, зада намегиранд. Чунончи:
| Ту шоирӣ. | Шоирӣ ҳунари ҳар кас нест. |
| Ту деҳқонӣ. | Деҳқонӣ касби пурбаракат аст. |
Дар калимаҳои сутуни якум –ӣ ҳамчун бандаки хабарӣ бе зада талаффуз мешавад. Дар калимаҳои сутуни дуюм ӣ- пасванд аст ва заданок талаффуз мешавад.
Бандаки изофӣ (и) зада намегирад ва ба ҷойи он ҳарфи ӣ навиштан хатост. Ҳангоми калимасозӣ ӣ ба и иваз мешавад.
бозӣ –бозича
дӯстӣ – дӯстии ягона
бибӣ – бибиҷон
ҳавлӣ – ҳавлиамон
















