Инкилоби фикри ва тахкими амнияти давлати аз нигохи Садриддин Айни

Инкилоби фикри ва тахкими амнияти давлати аз нигохи Садриддин Айни. Инқилоби фикрӣ ва таҳкими амнияти давлатӣ аз нигоҳи Садриддин Айнӣ


Устод Садриддин Айнӣ дар баробари гузоштани асос ба адабиёти давраи навини тоҷик ба баёни андешаҳо ва афкори маорифпарварона дар заминаи таълифи китобҳои арзишманди таърихӣ ва сиёсӣ ҳамчун мутафаккири давраи нави тоҷик эътироф гардидааст.

Асари маъруфи ӯ «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», ки ба таъбири муаллифи пешгуфтори он Камолиддин Айнӣ бештар аз чиҳил сол зиндонӣ буд, дар ҳақиқат фарогири муҳимтарин ақидаҳои сиёсии ин донишманд ва шахсияти барҷаста ба шумор меравад. Дар китоби мазкур дар баробари баёни ҳаводиси солҳои 20-уми асри бистум ва шарҳу тавзеҳи инқилоби Бухоро чанде аз ақидаҳои барҷастаи Айнӣ дар мавриди худи мафҳуми инқилоби фикрӣ, омилҳои таҳкими давлатдорӣ ва таъсири таассуби динӣ ва зиёдаравӣ дар афкори динӣ ба амнияти мардумӣ шарҳу тавзеҳ ёфтаанд.

Устод Айнӣ дар бахши махсусе аз ин китоб, ки «Фитнаи шиаву суннӣ» унвон дорад, нахуст ба таъсириноматлуби зиддиятҳои мазҳабӣ ба фазои ҷомеа аз ҷумла ҳаёти ҷории мардум таваҷҷӯҳ намуда, оқибатҳои фоҷиабори онро тавзеҳ медиҳад. Дар ин асари арзишманди устод Айнӣ аз ҷумла вобаста ба воқеаҳои мазкур омадааст: «Амир Абдулаҳадхон баъд аз таскини воқеаи шиаву суннӣ озими вилояти Русия шуда буд, дар ғаёби худ ба латоифулҳиял уламо ва Бурҳониддини раисро хотирхоҳӣ мекард, аммо ба муҳокимаи соиба медонист, ки сабаби аслии ин ҳама фитна уламои муттаасибанд ва сайрхайли эшон Бурҳониддини раис аст. Бинобар ин, ба муҷарради авдати худ аз Русия, Мир Бурҳониддини раисро азл карда, дар Кармина ба ҷивори мазори Қосимшайх истиқомат кунонд.

Бурҳониддини раис ба муҷарради маъзул шудан, тариқи мудоҳана ва чоплусиро пеш гирифт. Ба ҳар кас мегуфт, ки “Ман мутлақ дар фасодҳои эронию бухорӣ дахл надорам, дар мактаби усули савтия низ муқобил нестам. Дар ривоҷ додани мактаб хаёл доштам, аммо замон мусоидат накард. Ба худ аҳд кардам, ки агар бори дигар дар мансабҳои даруни Бухоро дохил шавам, ба ривоҷи мактаби ризои тараққихоҳон кӯшиш хоҳам кард”.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз ин мулоҳизот бармеояд, ки аллакай равшанфикрони Бухоро, чун худи Садриддин Айнӣ ва дигарон муқобили он қарор доштанд, ки аз усулҳои куҳани мактабдорӣ даст кашида, ба ривоҷи мактабҳои нав иқдом намоянд. Моҳияти инқилоби фикрӣ дар ҳамин нукта ифода ёфтааст, ки бояд ҷои мактабҳои куҳнаро мактабҳои нав бигиранд, зеро таҳсил ва таълим дар мадрасаҳо бисёр кӯркӯрона ва номатлуб ҷараён доштанд ва тафсири ин ҳолатро устод Айнӣ дар китоби дигари худ “Мактаби куҳна” низ баён доштааст.

Хомӯш гардидани фитнаҳои мазҳабӣ, ки боиси куштори зиёди мардум мегардид, ба ақидаи Устод Айнӣ барои ташаккули инқилоби фикрӣ роҳ кушод. Ин манзараро дар ҳамин қисмати китоби хеш чунин овардаанд:“Боре фақир ба рафоқати Ҳомидхоҷа Меҳрӣ ва мулло Абдулқодири Махдум – шариконам – дар Кармина ба ҳузури Мир Бурҳониддин ворид шуда будем. Мумоилайҳ биззот ба мо изҳори фавқро кард. Аммо касе, ба аҳволи рӯҳияи мазбур воқиф аст, то куҷоҳо самимият доштани ин калимотро ба хубӣ медонад. Чунончи воқеоти отиёт низ ба хубӣ ба сидқи ин тахмин шаҳодат дод. Чун Бурҳониддин аз раёсат маъзул гардида, аз шаҳр берун шуд, шаҳр аз фитнаву фасод як дараҷа халосӣ ёфт. Мардум аз ҳуҷуми фитнаҷӯён эмин шуда, ба осудагӣ мутолиаи ҷароид ва кутуби нофеа мекарданд. Кам-кам осори инқилоби фикрӣ ба мардум намудор шудан гирифт. Ба ҳама маълум аст, мутолиаи кутубу расоил ва кадом қисм, ки бошад, ба таври афкор хидмат мекунад. Асли дард дар ин ҷост, ки дар мадрасаҳои Бухоро ба эътибори умумият, ғайр аз китобати ҳавошӣ ва муҷодилае дар дебоча чизе намондааст. Ононе, ки ба даъвои иноният ва фарёди “Ано воҳидун фӣ-л-илм” мезананд, ҳамаи ҳимматашон масруфи дебоча ва ҳавошист”.

Бо изҳори назар дар бораи вазъи таълиму тадрис дар Бухоро устод Айнӣ воқеан ҳолати таҳсилу таълимро ба риштаи танқид кашида, эҳсос намуданд, ки аз таълими амалкунанда муҳассилин чизе дуруст аз бар намекунанд ва ин дар ҳақиқат ба бесаводии ҷомеа сабаб мешавад. Ҳолати кунунии мактабҳои динӣ дар андешаҳои устод Айнӣ хеле амиқ шарҳ ёфтааст, ки аксаран матолиби диниро танҳо ба зоҳир мехонанду ба мазмуни он сарфаҳам намераванд. Ҳамин вазъият сабаби аслии ба вуҷуд омадани таассуби динӣ ва зиддиятҳои мазҳабӣ мегардад, ки дар ҳақиқат онҳо ба ҷомеа ва афкори мардум таъсири манфӣ доранд. Вазъияти ноогоҳии мардумро, ки сабаби гирифтории таассуби динӣ ва дур мондан аз асли маърифати ислом гардидааст, устод Айнӣ ба таври амиқ чунин шарҳ додаанд: “Агар талабаҳои Бухоро ҳам мисли замони салаф, истифодаи кутуби муътабара мекарданд, ҳеҷ гоҳ аз дину дунё бехабар намемонданд. Агар сияри набиву аҳодиси шарифро истеъмол мекарданд, ба кадом сифат қобили варосати анбиё шуданро ба хубӣ медонистанд, бо сифоти ҳозира ба даъвои варосати набӣ ҷасорат намекарданд.

Аз таърихи исломро медонистанд ва ба мавриди нузули ояи каримаи “Фа бимо раҳматин мина-л-Лоҳи ланта лаҳум…” воқиф мешуданд, ин қадар ғализулқалб намегардиданд, ба бародарони муслимини худ ба мулоимат маишат мекарданд. Агар медонистанд ҳазрати Пайғамбари мо (с) ба вуҷуди яқин доштанашон ба аҳволи мунофиқин дар иқрори забонии онҳо бино монда, аз доираи исломият берун накарда буданд, ҳеҷ гоҳ ононеро, ки “абадан ан ҷаддин” мусулмонон омадаанд, ба хоҳиши кайфи худ такфир намекарданд. Ақаллан “Ақоиди Насафӣ”-ро то охир ба диққат мутолиа мекарданд, такфири аҳли қибла дуруст набуданашро дониста, ақаллан мусулмонони ҳаммазҳаби худашонро такфир намекарданд”.

Ҳатто устод Айнӣ дастур медиҳад, ки агар талабагони мадрасаҳо аз осори адибони гузашта сабабҳои интиқоди олимони беамал ва шайхҳои беилмро мутолиа мекарданд, ба мақолаҳои дар матбуот чопшаванда дар бораи танқиди чунин ашхос ба таври сатҳӣ баҳо намедоданд: “Агар расоили адабӣ ва давовини шуарои мутақаддимини форсиро истеъмол мекарданд ва танқидоти уламои беамалу машоихи беилмро дар он порчаҳои адабии ширин мутолиа менамуданд, ба тадқиқоте, ки дар ҳаққи уламо ва машох дар ҷароид нашр мешавад, “таҳқири уламо шуд” гуфта, оламро ба ҳам намезананд. Агар ба таърихи тарбияву таълим вуқуф пайдо мекарданд ва медонистанд, ки алифбои арабӣ дар асри саодати ҳазрати набавӣ ба чӣ нақш буд ва тариқи таълимаш ба чӣ тарз буд, “алиф бо лом забар – ал” дар он аҳд набуд ва аз мустаҳдасоти форсиён аст, китобҳое, ки ҳозир дар макотиби мо маъмул аст, ҳама ба тадриҷ сонӣ таълиф ёфтааст, ҳатто дар китобати Қуръони азимушшаън ин ҳама истилоҳ сонӣ пайдо шудааст, нақши хатти қуръонӣ дар аҳди аввал ба тарзи ҳозира набуд ва инчунин аломати эъроб ва соири аломат дар аҳдҳои сонӣ барои тасҳили тиловат эҷод кардаанд, ҳеҷ гоҳ таълими алифбо ба усули савтиро сабаб гардонида, фақиреро ало-рууси-л-ашҳод такфир намекарданд. Агар медонистанд, ки уламои мутақаддимин ба хунҳои ҷигар забони аҷонибро омӯхта, ҳама ҳикмати юнониёнро ба забони арабӣ тарҷума намудаанд, ба муҷарради омӯхтани забони русӣ касеро такфир намекарданд”.

Аз ин ҷо як нуктаи дигар равшан мешавад, ки вақте равшанфикрони Бухоро ба танқиди чунин уламои зоҳирпараст ва аз асли дину диёнат бехабар пардохтанд, гурӯҳе аз мутаассибон ин амали онҳоро гӯё кори гуноҳ ё амали нораво дониста, даст ба фитнаҳо заданд. Дар натиҷа, устод Айнӣ низ ба хулосае омад, ки мулоҳизаҳои хешро дар ин асараш бо далелҳои таърихӣ собит намояд, ки дар гузашта ҳам донишварону фозилон уламои бесаводро танқид менамуданд, чунки аз онҳо ба ҷомеа на фоида, балки зарар аст. Сабаби асосии нуфузи таассуби динӣ ва ноогоҳии маънавӣ маҳз чунин олимон мешаванд, ки ҷомеаро ба роҳи дуруст бурда наметавонанд.

Яке аз бахши муҳими ақидаҳои устод Айниро масъалаи таассуб дар пӯшидани либос ва ҳатто дурӣ аз ҳиҷоб ва таҷдиди назар ба либоси аҳли мусалмонон ташкил медиҳад. Ҳатто устод Айнӣ дар замони хеш аллакай дастур додааст, ки бояд аз пӯшидани ҷомеаҳои васеъи остиндарози зеҳкалон даст кашида, ба либосҳои наву замонавӣ руҷӯъ намояд. Набояд одамонро ба пӯшидани либосҳои нав гунаҳкор донист: “Агар дар асри саодат ба чӣ тарз будани либоси аҳли Исломро медонистанд, ин ҷомаҳои васеи алабойдоғи остиндарози зеҳкалонро лозими ғайримувофиқи мусулмонӣ напиндошта, ба сабаби пушидани либоси танги остинкӯтоҳ, мардумро аз доираи исломият берун намешумориданд. Агар тиҷорат кардани ҳазрати Пайғамбари мо алайҳиссаломро ва ба дастранҷи худ таъмини маишат намудани ҳазрати Умар аз ҳазрати Имоми Аъзам ва соири бузургони динро, разияллоҳу таъоло анҳум,медонистанд, ризқи худро мавқуфи авқоф ва тариқи таҳсили онро убудият ба дари қозихона гумон намекарданд”.

Дар идомаи ин мабоҳис устод Айнӣ ба масъалаи каммутолеагӣ ва ноогоҳии олимони замони хеш муроҷиат намуда, зимнан аз аслу моҳияти ҳадисҳои Паёмбар бехабар будани онҳо сухан мекунад ва ҳатто таъкид медорад, ки агар олимони замони мо аз “хуни ҷигар хӯрдани Имом Бухорӣ дар тайъини ҳадисҳои саҳеҳ бохабар мешуданду ҳадди ақал “даҳяк”-ро аз бар менамуданд, чунин вазъият ба миён намеомад. Ба ақидаи Айнӣ аксари онҳо танҳо бо ҳифз намудани ду се сарфасл аз “Даҳяк” худро муллову олимону шайх номидаанд: “Агар амсоли китоби “Эҳё ал-улум” ва “Кимиёи Саодат”-ро мутолиа карда, нишонаи уламои суъ аз ин ҳаштсад сол пешро аз забони мисли Имом Ғаззолӣ одами сиқа ёд мегирифтанд, дар ҳаққи худ ин ҳама ҳусни занн карда, фирефта намешуданд. Агар дар қурби асри саодат, барои тафриқаи ҳадиси саҳеҳ аз мавзуъ чӣ қадарҳо хуни ҷигар хӯрдани Имом Муҳаммад ибни Исмоили Бухориро мешуниданд, ҳар “қола-н-набӣ…”-и пушти китоберо ҳадис гуфта, иддао намекарданд. Агар шарофати Бухоро аз амсоли Имом Муҳаммад Исмоили Бухорӣ буданро медонистанд, дар (байни) 30 нафар “Саҳеҳ”-хони Арки Олӣ, ақаллан як нафар мутахассис дар “Саҳеҳи Бухорӣ”-ро ёфта қайд мекарданд. Агар ба қазияи “шарту-л-воқифи ка насси-ш-шореъ”, ки дар аксари маворид дастовези эшон аст, ҳақиқатан яқин медоштанд, барои истеҳқоқ пайдо кардан ба “Даҳяк” ба ҳифз кардани ду-се сатр, ду-се сарфасл ва боб иктифо намекарданд, ақаллан дар ин боб аз ришва додан ва ришва гирифтан ибо менамуданд”.

Ҳамин андеша ва чунин муносибату рафтор нисбат ба дини мубини ислом сабаб шудааст, ки дар рӯзгори ӯ аксари муллотарошу олимони дин ба ҷои ҳидояти мардум даст ба ришвахорӣ, харидуфурӯши моли мадрасаву масҷид даст зада, бар асари чунин ҷаҳолати хеш даст ба айшу нӯш мезаданд. Ҳатто китобхонаҳоро ба ҷои айшу нӯш табдил додаанд, ки ин боиси коҳиш ёфтани маърифати ҷомеа ва заиф гардидани сутунҳои давлатдорӣ гардидааст: “Агар ояи каримаи “Фа ман баддалаҳу…”-ро бадиққат тиловат мекарданд, ҳуҷҷатҳои мадрасаҳои вақфро мисли мулки холиси худ хариду фурӯш намекарданд; ё дар ҷавоби касе, ки эшонро аз ин байъу широи шанеъ манъ карда, ба тарафи ҳукми ояи каримаи мазкура даъват мекунад, мазмуни ояи каримаи: “Ҳасбуно мо ваҷадно алайҳи обоано” ва “Инно лафӣ шаккин миммо тадъунано илайҳи мурибин” намегуфтанд. Ақаллан бешармона иддаои ҷавози шаръии ин феълро наменамуданд. Хулоса, агар талабаи Бухоро ба мутолиа шавқ медоштанд, осори нафиси қадимаро аз китобхонаҳои Бухоро, ки алъон аксараш ҷои айшу нӯши махдумон аст, парешон шуда, ба китобхонаҳои Фарангистон намерафт, ё ба сандуқи касоне, ки феҳристи ин китобҳоро намехонанд, ё хонда наметавонанд, маҳбус монда, аз истифодаи толибон маҳрум намегардид. Ва ало ҳоза-л-қиёс..”

Дар ниҳояти баррасии ин масъала устод Айнӣ дар муроҷиат ба чунин мулоёни зоҳирбин ва мутаассиб бонги изтироб мезанад ва таъкид менамояд, ки ба обруи дини ислом латма ворид накунед. Дар канори ин, бо фитнаву таассуботи хеш чанд нафароне, ки онҳо баръакс аз дину асолати ислом хабар доранд, бо ҳар баҳона аз исломият берун нафикананд. Чунин рафтор накунед, ки ҳамаи аҳкоми шариат ва динро гӯё танҳо Шумо ҳаллу фасл менамоед. “Эй муллоёне, ки лофи шариатмадорӣ мезанед! Эй муллоёне, ки ба даъвои диндорӣ ба обрӯву ҳаёти чанд нафар таарруз мекунед! Ҳатто фирқаи мусулмониро, ки ба ҳар ҳол бо камоли нуқсон лоақал аз ҳусни ният холӣ нестанд, аз доираи исломият берун меафканед! Гӯё, ки калиди ҷаннат ба дасти шумо бошад, ҷомеаро дӯзахӣ ҳукм мекунед! Имрӯз бинед, баҳақ хидмат карда будед ё ноҳақ! Имрӯз бинед ба манфиати худ хидмат карда будед ё ба кайфи чанд нафар маълумулҳоли соҳибғараз!”.

Дар ниҳоят, Устод Айнӣ сӯиистифода аз аҳкоми шариатро ба манфиати худяке аз омилҳои хатар ба давлату миллат унвон карда, ҳушдор медиҳанд, ки аз тартиби муайян надоштани ҳукумат сӯйистифода нанамоед, зеро ҳеҷ гоҳ ин мақому иззату шаъни Шумо дар амон нест ва имрӯз ё фардо бо сабабе он аз миён хоҳад рафт: “Агар мамлакат ислоҳ меёфт, агар ҳукуматдорӣ ба тартиби муайяне медаромад, агар ҳар маъмур вазифашинос мешуд, агар амонатро ба аҳлаш месупоридед, ба иборати дигар, агар шарти муқаддаса ба ағрози дигарон хилт наёфта, иҷро меёфт, ҳароина, на шумо фирқаеро “кофир” гуфта, ба молу ҷону имомашон таарруз карда метавонистед, на як фирқа аз ҳаммаслакони шумо ва аз муфтиёти шумо ва аз қозикалони шумо ба ин таҳқирот гирифтор мегардид. Хотирҷамъ бошед, модом, ки ҳукумат тартиби муайян надорад, модом ки шариатро суиистеъмол мекунанд, модом ки вазифаи худро намешиносанд, модом ки ба номи шариат ба ҳуқуқи ғайр таҷовуз мекунанд, ҳеҷ гоҳ ҷоҳу мансаб, ҷону мол, шарафу номус, иззату ҳашмати шумо дар амон нест, имрӯз ё фардо ба баҳонае дар маърази тороҷу талаф хоҳад афтод.

Дар ниҳояти андешаҳои хеш ҳатто устод Айнӣ ба ин гуна муллотарошон муроҷиат намуда, ононро огоҳ мекунонад, ки агарҳатто дар суратибо ҳамин ҳолат аз дунё рафтани Шумо аз хотир фаромӯш накунед, ки фардо рӯзи қиёмат ба маҷмӯи амалҳои хеш посух хоҳед гуфт ва бар онҳо таъкид мекунад, ки : “Фарз кардем, агар яке аз шумо аз ин дунё эмин рафт, дар рӯзи қиёмат ба маҳкамаи Илоҳӣ масъул хоҳад буд. Азбаски даъвои мусулмонӣ мекунед ва ҳатто лофи шариатмадорӣ доред, албатта бояд, кирӯзи қиёмат ва суолоти он маҳкамаи куброро яқин донед. Бояд дар ин низ яқин дошта бошед, ки Аҳкамулҳокимин ҳуқуқи ғайрро авф нахоҳад кард. Ҳар авфе, ки ваъда шудааст, ба гуноҳи шахсӣ ваҳуқуқи илоҳист”.

Дар маҷмӯъ, аз баҳсу баррасии андешаҳои сиёсии устод Айнӣ оид ба низоми давлатдорӣ ва зарурати инқилоби фикрӣ дар Бухоро метавон бар ин натиҷа расид, ки ҳанӯз дар айёми хеш ин равшанфикри бузург таассуби динӣ, истифода аз номи дину диёнатро яке аз омилҳои муҳимтарини хатарзо ба амнияти ҷомеа унвон кардааст, ки ҳатто сабаби ба вуҷуд омадани инқилоб дар Бухоро ва ҳам инқилоби фикрӣ гардидааст. Дар доираи ин баҳсҳо устод Айнӣ мехоҳад миёни шахсияти рӯҳонии асил ва муллотарошу шайхи беилм фарқ гузошта, хатари чунин муллонамоҳоро ба ҷомеа равшан нишон диҳад, ки сабабгори сар задани ҳар гуна фитнаҳо миёни мардум ва баҳсҳои мазҳабиву динӣ мегарданд. Ҳамзамон, ҳанӯз дар ҳамин айёни хеш устод Айнӣ аввалин бор аҳли динро ҳушдор додааст, ки бояд дар пӯшиши либоси мусулмонӣ низ ислоҳот ворид намуда, аз куҳнагароӣ ва афкори иртиҷоӣ даст кашанд.Ин андешаҳои устод Айнӣ дар ҷомеаи мо ҳам дорои аҳамийяти баланди фикрӣ ва сиёсӣ мебошанд, зеро таваҷҷӯҳ ба зуҳури падидаҳои номатлуб, пайдоши ҳизбу ҳаракатҳои характери динӣ дошта, собит мекунад, ки дар шароити имрӯза низ сабаби аслии гирифтории ҷавонон ба чунин ҳаракатҳо надоштани саводи казоии динӣ ба шумор меравад. Дар баробари ин, аксари дастгоҳҳои таблиғотии мазкур низ асосан аз қувваи дин ҳамчун восита барои расидан ба мақсадҳои хеш истифода намудаанд. Агар ба ақида ва андешаҳои онон таваҷҷӯҳ намоем, пайванде ба исломи ноб надоранд. Ҳадафи аслии устод Садриддин Айнӣ ҳам ба рӯзгори хеш ҳамин буд, ки дар заминаи ба вуҷуд овардани инқилоби фикрӣ низоми таҳсилот дар мадрасаҳоро дигаргун намуда, мардумро ба моҳияти аслии дини ислом ошно созанд, то аз фиребу риёи муллоҳои сохтаву аз асли дин бехабар онҳо наҷот пайдо намоянд.

Усмонов А.

ҚаблӣХусусият ва омилҳои муайянкунандаи инфлятсия, сиёсати зидиинфлятсионӣ
БаъдӣТалошхои Устод Айни барои исботи миллати точик