Ташхис дар адабиёт ва шеър

Ташхис дар луғат ба маънои чизи ҷомид ва беҷонро шахс қарор додан омадааст. Ҳамчун истилоҳ санъати бадеии маънавиест, ки дар адабиёт ба наботот, ҷамодот, ҳайвонот, парандагон, ҷирмҳои осмонӣ ва ғайра сифатҳои шахсро нисбат медиҳанд ва ба онҳо хитоб менамоянд. Монанди он ки Ҳофизи Шерозӣ кардааст:

Субҳдам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт:
Ноз кам кун, ки дар ин боғ басе чун ту шукуфт.
Гул бихандид, ки аз рост наранҷем, вале
Ҳеч ошиқ сухани талх ба маъшуқ нагуфт.

Дар ин шеър мисли шахс сухан гуфтани мурғи чаман бо гули навхоста ва хандидану суҳбат кардани гул дар ҷавоб ташхис аст.

Ташхисро адибони пешин бештар аз ҳама дар масал, яъне дар асарҳои тамсилӣ ё рамзӣ ба кор доштаанд. Чунончи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абулмаолии Насруллоҳ дар “Калила ва Димна”, Фаридуддини Аттор дар “Мантиқ-ут-тайр” ва ғ. Бо вуҷуди он дар бораи санъати ташхис бадеъшиносони гузашта зикре накардаанд. Аз ташхис ҳамчун санъати бадеӣ танҳо донишмандони муосир баҳс оғоз намудаанд. Онҳо ташхисро якҷо бо санъати интоқ овардаанд. Бинобар гуфтаи онҳо ташхис аксар бо интоқ якҷо меояд ва интоқ аз забони ҳоли чизҳои беҷон ҷавоб гуфтан аст. Чунонки Саъдии Шерозӣ дар ин қитъаи машҳури худ кардааст:

Гиле хушбӯй дар ҳаммом рӯзе
Расид аз дасти маҳбубе ба дастам.
Бад-ӯ гуфтам, ки:”Мушкӣ ё абирӣ,
Ки аз бӯйи диловези ту мастам?”
Бигуфто:”Ман гиле ночиз будам,
Валекин муддате бо гул нишастам.
Камоли ҳамнишин бар ман асар кард,
В-агарна ман ҳамон хокам, ки ҳастам”.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз ташхис шоирони пешина барои барҷастагии маънӣ ва наздик гардонидани он ба зеҳни хонанда ва шунаванда истифода мекарданд. Барои адибони муосир ташхис як воситаи мувофиқи баёни ҳолатҳои гуногуни равонӣ мебошад. Барои мисол, шоире бо истифода аз ташхис андуҳ ва дарди хешро ба ин тариқ баён намудааст:

Эй обшор, навҳагар аз баҳри чистӣ?
Чин бар ҷабин фиканда дар андуҳи кистӣ?
Дардат чӣ дард буд, ки чун ман тамоми шаб
Сарро ба санг мезадию мегиристӣ?

ҚаблӣШухрати чахонии Шохнома
БаъдӣЧи тавр бояд ба имтихон (экзамен) тайёр шуд?