Структураи кори шабака. Шабака, интернет ва протокол

Шабакаҳои муосир дар асоси принсипи бисёрсатҳӣ ташкил шудаанд.

Барои таъмини алоқаи ду компютер, қабл аз ҳама тартибдиҳии маҷмўи қоидаҳои алоқаи байниҳамдигарии онҳо, муайян намудани забони мулоқот, яъне муайян намудани маънои ишораҳо ва сигналҳое, ки онҳо ба ҳамдигар ирсол менамоянд ва ғ. лозим аст. Чунин қоидаҳоро протокол меноманд.

Барои кори мӯътадили шабака маҷмӯи протоколҳои гуногун зарур мебошанд: масалан, протоколҳои идоракунии алоқаи физикӣ, ба вуҷуд овардани алоқа дар шабака, дастрасшавӣ ба захираҳои гуногун ва ғ.

Структураи бисёрсатҳӣ бо максади ба тартиб овардан ва нисбатан оддӣ намудани чунин маҷмўи васеи протоколҳо ва муносибатҳо пешбинӣ шудааст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Шабака ва протокол

Агар доир ба шабакаҳо андеша намоем, мушоҳида кардан мумкин аст, ки ҳоло ҳаёти ҳаррўзаи моро шабакаҳои гуногуни иттилоотӣ босуръат фаро гирифта истодаанд. Шахсоне ҳастанд, ки шояд аз чунин нуқтаи назар фикр накардаанд ва ё ба он аҳамият намедиҳанд, вале, чунин паҳн шудани шабакаҳо барои мо имкониятҳои нав ба навро пешкаш намуда истодааст. Шояд, баъзан ақидае баён карда шавад, ки «Ман вақти ба чунин мафҳумҳои техникӣ сарфаҳм рафтанро надорам, монед манро…». Албатта, ҳар як намуди фаъолият ҳадду канори худро дорад, вале биёед мақоми шабакаро барои ҳолати имрўза каме таҳлил намоем.

Аён аст, ки дар ояндаи наздик тамоми намудҳои мавҷудбудаи воситаҳои алоқа ва коркарди иттилоот ҳаёти моро бештару бештар фаро мегиранд. Масалан, 4-5 сол қабл миқдори шахсоне, ки бо худ телефонҳои мобилӣ доштанд хеле кам буда, ҳоло баръакс шуда истодааст. Инчунин, якчанд сол пештар компютерҳои фардӣ дороии танҳо корхонаҳо ва муассисаҳои таълимии махсус буданд ва ҳоло бошад нафароне, ки дар хонаи худ компютери шахсӣ доранд кам нестанд. Қисме аз онҳо ба шабакаи Интернет низ пайваст мебошанд. Бо чунин суръат, дере нагузашта компютерикунонии глобалии ҷомеа ба таври табиӣ ба вуҷуд меояд, зеро саҳеҳ ва самаранок истифода бурдани технологияҳои иттилоотӣ ва шабакаҳо талаботи муҳимтарини ҳаёти имрўзаи мо шуда истодаанд.

Солҳои охир, вобаста ба шабакаҳо миқдори зиёди мафҳумҳо ва стандартҳои нав пайдо шуда истодаанд ва боиси баҳсу мунозираҳои гуногун мешаванд. Барои ташкил намудани шабакаҳои худ ва ё самаранок истифода бурдани шабакаҳои мавҷудбуда, ақаллан, доир ба асосҳои кори шабакаҳо тасаввурот доштан зарур аст.

ҚаблӣИнформатика ва технологияи иттилооти коммуникатсиони
БаъдӣДубайтиҳо – шеърхо аз Гулрухсор Саифиева