Ҳунар омӯзед, чунки…

Андар фурӯтанӣ ва афзунии ҳунар

Бидон ва огоҳ бош, ки мардуми беҳунар мудом бесуд бошад чун муғелон (буттаи хори биёбон, ки беҳосил аст), ки тан дораду соя надорад, на худро суд кунад ва на ғайри худро. Ва мардуми асилу насиб агарчи беҳунар бувад аз рӯйи аслу насаб аз ҳурмат доштани мардум бебаҳра набошад ва бадтар он бувад, ки на гавҳар дораду на ҳунар. Аммо ҷахд кун, ки агарчи асилу гавҳарӣ бошӣ, гавҳари тан низ дорӣ, ки гавҳари тан аз гавҳари асл беҳтар, чунонки гуфтаанд: «Аш-шарафу бил-ақли вал-адабу бил-аслӣ ван-насаби» (яъне: шарафу бузургӣ дар хираду адаб аст на дар насабу нажод), ки бузургӣ хираду донишрост, на гавҳару тухмаро (асл, нажод ва авлод).

Ва бад-он ном, ки туро падару модар ниҳанд, ҳамдостон мабош, ки он ном нишоне бошад. Ном он бошад, ки ту ба ҳунар бар хештан ниҳӣ…

Агар мардумро бо гавҳари асл гавҳари ҳунар набошад, суҳбати ҳеҷ касро ба кор наёяд ва дар ҳар кӣ ин ду гавҳар ёбӣ, чанг дар вай зан ва аз даст магзор, ки вай ҳама касро ба кор ояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ва бидон, ки аз ҳама ҳунарҳо беҳтарин ҳунар сухан гуфтан аст… Одамӣ фузунӣ ёфт бар дигар ҷонварон ба даҳ дараҷа, ки дар тани ӯст, панҷ аз дарун ва панҷ аз берун. Аммо ба панҷи ниҳонӣ (яъне дарунӣ) чун андеша ва ёд гирифтан ва нигоҳ доштан ва тахайюл кардан ва тамйиз (фарқ кардан) ва гуфтор ва панҷи зоҳир чун самъ (шунавоӣ) ба басар (биноӣ) ва шам (бӯидан) ва ламс (совидан чизеро ба даст) ва завқ ва аз ин ҷумла он чӣ дигар ҷонваронро ҳаст, на бар ин ҷумла ки одамирост. Пас одамӣ бад–ин сабаб подшоҳ ва комгор шуд бар дигар ҷонварон. Ва чун ин бидонистӣ, зуфонро (забонро) ба хубиву ҳунар омӯхта кун ва ҷуз хубӣ гуфтан зуфонро одат макун, ки зуфони ту доим ҳамон гӯяд, ки ту ӯро бар он дошта бошӣ ва одат кунӣ, ки гуфтаанд: «Ҳар кӣ зуфони ӯ хуштар, ҳавохоҳони ӯ бештар». Ва бо ҳама ҳунарҳо ҷаҳд кун то сухан ба ҷойгоҳ гӯйӣ, ки сухан на бар ҷойгоҳ агарчи хуб бошад, зишт намояд ва аз сухани бефоида дурӣ гузин, ки сухани бесуд ҳама зиён бошад ва сухан, ки аз вай бӯйи дурӯғ ояд ва бӯйи ҳунар наояд, ногуфта беҳтар…

Аммо сухан напурсида магӯй ва аз гуфтори хира парҳез кун ва чун боз пурсанд, ҷуз рост магӯй.

Ва то нахоҳад, касро насиҳат макун ва панд мадеҳ, хосса он касро, ки панд нашунавад. Ва бар сари мало (дар байни мардум) ҳеҷ касро панд мадеҳ, ки гуфтаанд: «Ан-нусҳу байн-ал-малоӣ тақреъун» (Насиҳат кардан дар байни мардум сарзаниш аст)…

Ва ба зиёну ба ғами мардумон шодӣ макун, то мардумон ба зиёну ғами ту шодӣ накунанд.

Дод бидеҳ, то дод ёбӣ ва хуб гӯй, то хуб шунавӣ.

Аммо некӣ аз сазовори некӣ дареғ мадор ва некиомӯз бош… Ва бар некӣ кардан пушаймон мабош, ки ҷазои неку бад ҳам дар ин ҷаҳон ба ту расад, пеш аз он ки ба ҷойи дигар равӣ. Ва чун ту бо касе хубӣ кунӣ, бинигар ки андар вақти хубӣ кардан ҳам чандон роҳат, ки бад-он кас расад, дар дили ту хушиву роҳат падид ояд. Ва агар ба касе бадӣ кунӣ чандоне ки ранҷ бар вай расад, бар дили ту заҷрату (ғаму андӯҳ) гаронӣ расида бошад…

Аз “Қобуснома”-и Унсурмаолии Кайковус


Хунар омузед, чунки…, Андар фурутани ва афзунии хунар, Аз “Кобуснома”-и Унсурмаолии Кайковус, омухтани хунар, мард хунар омузад.

ҚаблӣУнсурулмаолии Кайковус
БаъдӣИлми ботаника (Ботаника чист?)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед