Духтари Наврӯз атлас ба тан аст (шеър)

Духтари Тоҷик, Таджикская девушка, Tajik girl

Духтари Наврӯз атлас ба тан аст,
Нармгуфтору фариштасухан аст.

Ба назокат, ба малоҳат, бахудо
Бебаҳо мисли ақиқи Яман аст.

Оламе маҳви тамошои рухаш,
Хандааш рашки гули сад чаман аст.

На либоси урупоӣ, на ҳарир,
Зеби ҳар духтари тоҷик чакан аст.

Медурахшад ба ҳазор ишваю ноз,
Маҳфилорои ҳама анҷуман аст!

Тоқии зар ба сараш мезебад,
Аз азал хушқаду гулпираҳан аст!

Аз қудумаш ҳама ҷо гул резад,
Рамзи ободиву фахри Ватан аст!

Адрасу атласу шоҳиву чакан,
Зеби ҳар духтари аҷдоди ман аст!

6.04.2022 Илҳом Эшонзодаи Насафӣ

ҚаблӣДоро шудаӣ, эй дил, ғамҳот муборак бод! (шеър)
БаъдӣҲамсадои дил (шеъри бачагона)