Ҷумлаи амрӣ. Ҷумлаи хитобӣ

Ҷумлаи амрӣ (Чумлаи амри чист?)

Ҷумлае, ки даъвату фармон ва ё хоҳишу илтимосро ифода мекунад, ҷумлаи амрӣ ном дорад. Дар охири ҷумлаи амрӣ аломати нуқта гузошта мешавад.

Эҳ, хоҳар, ташвиши зиндагӣ ҳеҷ вақт тамомӣ надорад. Гиред, гиред, ин хел накунед. Ҳа, Ҷӯрабой, дуторро гирифта, барои хоҳарам Лола ягон суруд хон (М.Ҳакимова).

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,
Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ.
Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ
Киштие соз, то бад -он гузарӣ.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҷумлаи хитобӣ (Чумлаи хитоби чист?)

Ҷумлае, ки ҳаяҷон ва ҳиссиётро ифода менамояд, ҷумлаи хитобӣ ном дорад. Оҳанги талаффуз дар ҷумлаи хитобӣ баланд ва шиддатнок аст. Дар охири он аломати хитоб гузошта мешавад.

Ёдгори Айниву ин кӯҳсорон зинда бод!
Шеъри Турсунзодаву ин обшорон зинда бод!

Лоиқ

Восеъ! Аз тарафи Кангурт сарбози бисёре омада истодааст! (С.Улуғзода)


Чумла чумлаи амри чумлаи хитоби

Синтаксис (наҳв) ва аломатҳои китобат

ҚаблӣҶумлаи хабарӣ. Ҷумлаи саволӣ
БаъдӣЧӣ дар куҷо пайдо шудааст? (Ватани Тарбуз, Харбуза, Сабзӣ …)

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед