Вазифаҳои асосии ҳаёти рустаниҳо

Рустанӣ – организми зинда. Растани – организми зинда. Вазифахои асосии хаёти растанихо

Ҳамаи рустаниҳо сохти ҳуҷайрагӣ доранд ва онҳо бо ҳамдигар алоқаманданд. Аз ин ҷост, ки вайроншавии сохт ва фаъолияти ҳаётии як узв ба фаъолияти ҳаётии дигар узв бетаъсир нест.

Шумо акнун ба бисёр хусусиятҳои муҳимми дохилӣ ва берунии рустаниҳои гулдор ва ба вазифаю хосиятҳои узвҳо ва бофтаҳое, ки дар равандҳои гуногуни фаъолияти ҳаётии онҳо ширкат меварзанд, шинос шудед. Дар байни ин аломату хосиятҳо кадоме аз ин равандҳоро ба сифати аломатҳои фавқулода муҳим ва фақат ба организмҳои зинда хос номгӯй кардан мумкин аст?

Аввало, рустаниҳо ғизо мегиранд, яъне онҳо аз муҳити беруна моддаҳои муайянро меҷаббанд, онро ҳазм карда, ба моддаҳои ба ҷисмашон хосбуда табдил медиҳанд.

Дуюм, рустаниҳо нафас мекашанд, яъне аз ҳаво (атмосфера) оксигенро (газ) қабул карда, ба берун гази карбонатро хориҷ мекунанд, чӣ тавре ки ин раванд дар одамон ва ҳайвонот мегузарад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сеюм, рустаниҳо месабзанд, қад мекашанд, яъне  батадриҷ аз ҷиҳати андоза калон мешаванд, узвҳои нав ба нав ҳосил (96) мекунанд. Рустаниҳо инкишоф меёбанд: яъне, узвҳои нав ба нави ҳосилшудаи он узвҳоеро, ки пештар ба вуҷуд омада буданд, айнан дар як қиёс такрор намекунанд. Бо гузашти синну сол (пиршавӣ) шакли барг ва дигар аломатҳо тағйир меёбанд ва аз ҳама асосаш рустаниҳои гулдор ба ҷуз узвҳои нашвӣ, инчунин узвҳои афзоишӣ (репродуктивӣ) низ ташаккул меёбанд.

Расми 96. Баландии қиёсии рустаниҳо
Расми 96. Баландии қиёсии рустаниҳо

Чорум, рустаниҳо афзоиш мекунанд, яъне монанди дигар организмҳои зинда насл мегузоранд.

Панҷум, рустаниҳо қобилияти ба таъсири шароити муҳити беруна ҷавоб гардондан ва ба онҳо худро мутобиқ карданро доро мебошанд. Масалан, дар шароити камобӣ онҳо масомаҳояшонро маҳкам мекунанд ё ин ки бо наздикшавии фасли зимистон баргҳояшонро мепартоянд ва ғайраҳо. Баъзе рустаниҳои дигар бошанд, ба шароити фавқулода номусоиди биёбону даштҳои беоб, минтақаҳои хунуки тундра, баландкӯҳҳо ва ғайра мутобиқат пайдо кардаанд.

ҚаблӣЧаро ҳасиб (колбаса) хатарнок аст?
БаъдӣРеклама: кай ва дар куҷо пайдо шуд?