Ҷумлаи хабарӣ. Ҷумлаи саволӣ

Ҷумлаи хабарӣ (Чумлаи хабари чист?)

Ҷумлае, ки дар он фикр ба тариқи хабар ифода меёбад, ҷумлаи хабарӣ ном дорад. Оҳанг дар охири ҷумлаи хабарӣ пастрав аст. Дар охири он аломати нуқта гузошта мешавад:

Шаҳрчаи Ғарм дафъаи гузашта ҳам ба ман хеле маъқул шуда буд. Ин ҷо ҳатто, аз Навобод ҳам ба ман маъқултар аст. Шаҳрчаи сердарахт, боғзор ва хушманзара аст.

Ҷ.Икромӣ, А.Одинсов.


Ҷумлаи саволӣ (Чумлаи саволи чист?)

Ҷумлае, ки пурсишро мефаҳмонад, ҷумлаи саволӣ ном дорад. Оҳанг дар охири ҷумлаи саволӣ баланд мешавад. Дар охири ҷумлаи саволӣ аломати савол (?) гузошта мешавад:

Чаро кишоварзони мисрӣ заминро мепарас-тиданд? («Таърихи дунёи қадим») Магар онҳо ба ин кори ту розӣ мешаванд? (С.Айнӣ) Ба меҳмон кӣ хизмат мекунад? (Ф. Муҳаммадиев)

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

 Ҷумлаҳои саволӣ ҳиссиёту ҳаяҷонро ҳам ифода мекунанд. Дар ин маврид дар охири ҷумла ҳам аломати савол ва ҳам аломати хитоб гузошта мешавад:

Ин чӣ хел шӯхӣ, ҷаноб?! Оё бо ин хел коғазҳо шӯхӣ кардан мумкин аст? (Ю.Акобиров)

Ин чӣ найранг аст, ки дар зери боғи дилписанд, Дар халиҷи Бомбай байроқи Амрико баланд?!

М.Турсунзода

Ибора (дар забони тоҷикӣ)

ҚаблӣҶумлаи сода (грамматикаи забони тоҷикӣ)
БаъдӣҶумлаи амрӣ. Ҷумлаи хитобӣ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед