Ҳунари шоирии Фирдавсӣ. Хунари шоирии Абулкосим Фирдавси
“Шоҳнома” намунаи барҷастаи адабиёти бадеии асрҳои миёна мебошад ва мувофиқи қонунмандиҳои офаринишии ин давра суруда шудааст. Яке аз он қонунмандиҳои маълум дар адабиёти асрҳои миёна гароиши фавқулода ба риояти қолаб буд.
Қолабгароӣ дар “Шоҳнома” аз оғоз то анҷоми он зуҳури тамом дорад, аз он ҷумла дар риояти бахшҳои суннатии “Ҳамд”, “Наът”, “Мадҳ” ва “Дар сабаби назм”, дар маснависароӣ, дар баёни ҳамгуни оини шоҳӣ (“оини тахту кулоҳ”): маросими бартахтнишастанҳои шоҳон, тоҷгузориҳои онон, озмуну ҳунарнамуданҳои онҳо ва паҳлавононашон дар чустучолокӣ, зӯрозмоиҳо ва дар салоҳияти ақлонию рӯҳонӣ, маросими пазироӣ ва гусели ояндагон ба наздашон, дар оростани хон, тартиби маҷлисҳои маю базм, дар доду диҳиш, дар иншои нома ва фиристодани фиристодаҳо (“расулон”), дар оростани лашкар ва одоби ҷанг, дар шарҳи ҳолатҳои гуногуни рӯҳонии шахсиятҳои адабӣ, аз қабили ғам, хорию зорӣ, ночорию дармондагӣ, хушию мастӣ, дар корбурди санъатҳои бадеӣ ( монанди ташбеҳу муболиға ва ғ.), қофия, маънию мазмунҳои шоирона ва ғ. Чунончи ҳам шоҳон ва ҳам паҳлавонон ва ҳам шахсиятҳои дигари “Шоҳнома” ғолибан, қабл аз он ки ба коре даст зананд, ба таври ҳатмӣ рӯ ба “бихрадону мубадону ситорашиносон” меоранд, фол мебинанд, аз сарнавишти баъдиашон огоҳ мешаванд ва сипас огоҳона амал мекунанд. Ё ин ки чун қоида ба Худо ниёиш менамоянд, то ки тавфиқ биёбанд дар корҳояшон. Дар “Шоҳнома” табдили шабу рӯз, дамиданҳои хуршед, зикри ададҳои ҳафту ҳашт ва сею чор низ дар доираи қолаб сурат мегирад.
Риояти қолаб дар мавридҳое, ки зикрашон рафт, иборат аз он аст, ки шоир дар ҳамаи ин мавридҳо, сарфи назар аз он ки чанд бор такрор хоҳанд шуд, моҳиятан як хел ва аз рӯйи як қолаб сухан мекунад. Барои мисол, ҳар боре, ки Фирдавсиро зарурати тасвири корзор пеш меояд, аввал суханро аз оростани лашкар дар паҳндаште ё ҳомуне шурӯъ менамояд. Ва аз танзим намудани талоя (гурӯҳи пешрав, иктишофӣ), чапу рост (майсараву маймана) ва қалб (миёна, марказ)-и лашкар ва мушаххас сохтани сарони онҳо маълумот медиҳад. Ҳамон тавре ки худи шоир гуфтааст:
Чапу росту қалбу ҷаноҳи сипоҳ,
Чу боист лашкар, биёрост шоҳ.
Ҷанг мувофиқи қолаби маъмул дар “Шоҳнома” аз бархӯрди қисми талояи ду лашкар ва задани карной ғолибан миёни ду паҳлавон ва гоҳе ҳам байни ду шоҳ ё шоҳзодае сурат мегирад ва то мағлуб шудани яке аз тарафҳо давом меёбад. Вақти ин ҷангҳо аз дамидани субҳ (“чоки рӯзи сапед”) то фаро расидани торикӣ, яъне, шаб муқаррар шудааст. Баъди бархӯрди тарафҳои даргир ва муайян гардидани он, ки кадоме аз паҳлавонон ё шоҳу шоҳзодагон майдондароӣ хоҳанд кард, онҳо дар размгоҳ рӯ ба рӯйи ҳам меоянд ва одатан корро аз “муноқишоти лафзӣ” ё ба таъбири дигар аз “суханҷанг” сар мекунанд. Ва танҳо баъд аз ин ҳама ва разми паҳлавонон ё шоҳону шоҳзодагон ҷанги тан ба тани лашкариён оғоз мегардад.
Қолабгароӣ, ки ҳосили ниҳоии он такрор аст, дар адабиёти муосир ҳусн нест, қубҳ аст. Аммо дар асрҳои миёна риояти қолаб ҳусн буд, на қубҳ. Барои ҳамин асари бадеӣ ҳар чи бештар суннатӣ мебуд, ба ҳамон андоза мақбултар ба шумор мерафт. Такрор ба такрор дар тӯли қарнҳои зиёд достони ишқи Лайлию Маҷнун, Юсуфу Зулайхо, Ширину Хусрав, Вомиқу Азро, қиссаи Искандари Мақдунӣ, Баҳроми Чӯбина гуфтанҳо, аз шахсиятҳои шиносу маълуме, мисли Бузургмеҳри Ҳаким, Луқмони Ҳаким, Нӯшервони одил, Хизри фаррухпай ёдкарданҳо, шоҳномахониҳо, тазмину татаббӯъ намуданҳои Фирдавсию Низомӣ ва дигарон ҳамин маъниро дошт.
Барои хонандаи асрҳои миёна мавзӯъ ва мазмуни ошно, ҳикояту ривояти ошно, шахсиятҳои ошно, вазну қофияи ошно, сабки ошно воситаи боэътимоди шинохти адиби нав ва асари нави ӯ ба шумор мерафт.
Тозагӣ, ибтикору ихтирои адабӣ дар адабиёти асрҳои миёна, қабл аз ҳама, дар таъбиру таъвили нави он мавзӯъ ва муҳтавои ба ҳама маълум, тобиши нави вазну қофияҳои ошно, сабки ошно, маъниву мазмунҳои маълум аз тарафи адиби баъдина, дар иловаи ҷузъиёти нав, дар назари тозаи ӯ, дар ҳадафу паёми вай иборат буд.
Тозагии “Шоҳнома” ҳам дар ҳадафу паёмҳои Фирдавсӣ, дар тафсир, дар назари ӯ, дар пуштибонии вай аз некӣ, покӣ, ростӣ, дод, меҳр, мардумӣ, дин, фарри эзадӣ, фарри кайӣ, хирад, дониш ва ҳунар бар зидди бадӣ, нопокӣ, норостию кажжӣ, бедодӣ, кин, номардумӣ, бединӣ, ҷодуӣ, аҳриманӣ, бехирадӣ, бедонишӣ ва беҳунарӣ, дар нияти пок намудани ҷаҳон аз бадиҳо ба рой, равону тани одамӣ аз тирагиҳову олудагиҳо, полудану ситондани гетӣ аз нобихрадон, ба дин оварондани дили кинаварон, пеш гирифтани раҳи эзадӣ ва печидан аз роҳи бад, дар азми қавии зинда кардани Аҷам, дар ҳимояти Эронзамину саодати ҷовидонаи ӯ буд.