Шароитҳои иҷтимоӣ ва заминаҳои назариявии пайдоиши сотсиология

Шароитхои ичтимои ва заминахои назариявии пайдоиши сотсиология


Қобили зикр аст, ки ҳамон шароитҳои иҷтимоие, ки дар пайдоиши фалсафаи марксистӣ хидмат намудаанд, дар пайдоиши сотсиология низ хидмат кардаанд. Яъне, дар миёнаҳои асри XIX дар Аврупо як вазъияти аз ҷиҳати иҷтимоӣ ноорому пурталотум ҳукмфармо буд. Шӯриши бофандагони Лион дар Фаронса, шӯриши бофандагони Силез дар Германия, ҳаракати чартистӣ дар Англия ва баъдан инқилоби 1848 дар Фаронса аз тезутундшавии буҳрони ҷамъиятӣ шаҳодат медоданд.

Дар чунин шароит аҳли ҷомеа дар бораи ояндаи ҷомеа ва самтҳои рушди он саволҳо мегузоштанд ва ба он посухи илмӣ меҷӯстанд. Яъне, мардуми Аврупо дар чунин шароит ба ин ё он назарияе, ки битавонад ҷомеаро аз буҳрон бираҳонаду аҳли ҷомеаро аз қафои худ барад, эҳтиёҷ доштанд.

Чуноне, ки маълум аст, К.Маркс ва Ф.Энгелс маҳз дар ҳамин шароит ба фаъолият оғоз намуда, роҳи инқилоби иҷтимоиро ҳамчун василаи раҳоӣ аз буҳрон пешниҳод карда буданд. Аммо асосгузорони сотсиология О.Конт, Г.Спенсер, Э.Дюркгейм, М.Вебер на роҳи инқилоб, балки роҳи ислоҳро дар растан аз буҳрон пешниҳод намуданд. Яъне, онҳо бар он ақида буданд, ки мушкилоти ҷомеа бо роҳи гузаронидани ислоҳот ҳалли худро ёбаду пеши роҳи ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шавад.

Ба қавли дигар, онҳо ба даст овардани якдилию ризоияти ҳамдигариро беҳтарин василаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ арзёбӣ мекарданд. Аз ин нуқтаи назар, ба андешаи онҳо сотсиология бояд маҳз ҳамин вазифаро, яъне вазифаи маърифати ҷомеа ва коркарди тавсияҳоро барои ислоҳи он иҷро намояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Зарурат ба таъкид аст, ки дар пайдоиш ва ташаккули илми сотсиология ғайр аз шароитҳои иҷтимоӣ боз заминаҳои назариявӣ низ зарур буданд. Кашфиётҳое, ки дар ин давра дар соҳаи илмҳои дақиқ рух медиҳанд, ба сифати заминаҳои назариявии идеологияҳои фавқуззикр хидмат менамоянд. Чуноне ки маълум аст, яке аз кашфиётҳои боризи ин давра аз тарафи олимони немис Шлейден ва Шванн (1838-1839) кашф шудани ҳуҷайра мебошад, ки дар асоси он назарияи ҳуҷайрагии сохти мавҷудоти зинда пайдо шуд. Албатта кашфиёти дигари машҳури ин давра аз тарафи Ч.Дарвин ба вуҷуд оварда шудани назарияи пайдоиши намудҳо мебошад.

Барои К.Маркс ва Ф.Энгелс назарияҳои мазкур ба сифати заминаҳои илмӣ-табиии ба вуҷуд оовардани материализми диалектикӣ, ки унсури асосии он таълимот дар бораи диалектика маҳсуб мегардад, хидмат намуданд. Аммо барои О.Конт, Г.Спенсер ва Э.Дюркгейм бошад, кашфиётҳои мазкур барои ба вуҷуд овардани чунин таълимоте дар бораи ҷомеа- «назарияи органикии инкишофи ҷомеа» хидмат менамоянд, ки ба принсипҳои биология – асос ёфтаанд.

Вақте дар бораи заминаҳои назариявии пайдоиши илми сотсиология сухан меронем, бояд ба инобат гирем, ки дар Аврупо аллакай то он замон асосҳои эмпирикии сотсиология ва методҳои маърифати он гузошта шуда буданд. Аллаккай дар асрҳои XVII-XVIII аз тарафи Ҷон Граунт ва Эдмунт Галлей методҳои тадқиқоти миқдории равандҳои иҷтимоӣ коркард шуда буданд. Аз ҷумла, Ҷ. Граунт ин методҳоро соли 1662 зимни таҳлили дараҷаи фавт истифода бурда буд. Аммо асари физик ва математики машҳур Лаплас «Очеркҳои фалсафии эҳтимолият» дар асоси тавсифи миқдории ғунҷоиши аҳолӣ бунёд ёфта буд. Рушди босуръати капитализм ба он оварда мерасонад, ки баъдтар дар Аврупо бо ҳамин усул асарҳои зиёде офарида мешаванд, ки ба проблемаҳои иҷтимоии рушди ҷомеа бахшида шуда буданд.

Дар байни онҳо асари «Тавсифи омории Шотландия»-и Ҷон Сиклер дар 21 ҷилд, «Вазъияти синфи коргар дрр Англия»-и Ф.Энгелс, «Ҳаёт ва меҳнати одамон дар Лондон»-и Чарлз Бутта, «Маълумоти ҳолати ҷисмонӣ ва ахлоқии коргарон дар корхонаҳои коғазбарорӣ, пашмбарорӣ ва шоҳибарорӣ»-и Луи Виллерм, «Очерки омори ахлоқии Фаронса»-и Андре Гери ва «Коргарони авррупоӣ»-и Фредерик Ле Плеро дар шаш ҷилд метавон ёдовар шуд.Барои коркарди методология ва методикаи гузаронидани тадқиқотҳои эмпирикии сотсиологӣ асари яке аз бузургтарин оморшиносони асри XIX Адолф Кетле «Дар бораи инсон ва рушди қобилиятҳо, ё таҷрибаи ҳаёти иҷтимоӣ» (1835) аҳамияти калон дошт.Ва ҳатто баъзе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки замони пайдоиши илми сотсиологияро маҳз аз ҳамин асар бояд оғоз намуд.

ҚаблӣТашаккулёбӣ ва марҳилаҳои асосии инкишофи таърихии сотсиология
БаъдӣНавъи классикии илмияти сотсиология. Таълимот дар бораи методи Э.Дюркгейм