Хаёт ва фаъолияти Абулкосим Фирдавси

Хаёт ва фаъолияти Абулкосим Фирдавси, Хаёт ва Эчодиёти Абулкосим Фирдавси. Зиндагиномаи Абулқосим Фирдавсӣ, Абулкосим Фирдавси тарчумаи хол / биография


Хаёт ва фаъолияти Абулкосим Фирдавси

Абулқосими Фирдавсӣ (940 – байни солҳои 1009-1015). Абулқосими Фирдавсӣ гӯяндаи номитарин ҳамосаи миллии қавмҳои эронинажод “Шоҳнома” аз рӯйи тадқиқоте, ки ба гуфтаҳои худи шоир ва сарчашмаҳои қадимӣ ва боэътимод такя доранд, дар соли 940 мелодӣ дар деҳаи Пожи Тӯс, дар наздикиҳои шаҳри Машҳади имрӯза (Эрон) як сол пеш аз марги поягузори адабиёти форсии тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба дунё омада, дар соли вафоти аввалин сарояндаи “Шоҳнома”-и манзум Дақиқӣ сиву ҳашт сол дошт.

Фирдавсӣ аз деҳқонзодагони замонаш буд. Дар он аср калони русто ё раиси заминдоронро “деҳқон” мегуфтанд. Маънии имрӯзаи “деҳқон” ҳамчун барзгар ва кишоварз нав мебошад. Деҳқонон табақаи наҷибзодагон буда, нигоҳбонони суннатҳои бостонӣ буданд. Фирдавсӣ айёми кӯдакию навҷавониро бо иззату сарфарозӣ гузаронида, бо фарҳанги деҳқонон тарбият ёфта буд. Шоир мисли ҳамаи деҳқонзодагон таълими лозимро фаро гирифт ва илова бар забони форсии дарӣ бо забони арабӣ, ки забони хилофати аср буд ва бо забони паҳлавӣ, ки забони ниёгон ва сарчашмаи адабу фарҳангу таърихи гузаштагон буд, ошноӣ дошт. Ӯ гувоҳӣ медиҳад:

Басе ранҷ бурдам, басе нома хондам
Зи гуфтори тозию аз паҳлавонӣ.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Калимаҳои “паҳлавонӣ» ва «паҳлавӣ” дар “Шоҳнома” зиёд истифода шудааст ва ҳама муродифи забони паҳлавист. Дар байти боло Фирдавсӣ бо забонҳои паҳлавӣ ва арабӣ (тозӣ) номаҳои зиёд хонданашро таъкид намудааст. Ҷавонии шоир ба солҳое рост омад, ки бо сиёсати мудороҷӯиву озодандешиву фарҳангдӯстии Сомониён озодии тафаккур барқарор буд ва пайравони ҳар андешаву оине ба осоиш мезистанд. Ҳамчунин айёме буд, ки замзамаи мухолифат бо фарҳанг ва мероси эронӣ рӯ ба густариш буд ва ниёз ба якпорчагии ҳамагонӣ барои ҳифзи дастовардҳои фарҳангӣ ва бақои таърих ва қавмияти Эрон беш аз пеш эҳсос мешуд.

Ҳангоме ки бо ирода ва кӯшиши хирадманди деҳқоннажод ва амири фарҳангдӯст Абӯмансур Муҳаммад ибни Абдурраззоқи Тӯсӣ дар соли 957 “Шоҳномаи мансур” фароҳам омад, Фирдавсӣ ҷавони ҳабдаҳсола буд. Пас аз бист сол онро Дақиқӣ бо фармони Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ ба назм дароварданӣ мешавад. Гумони яқин он аст, ки ошноӣ бо “Шоҳнома”-и Абӯмансурӣ ва ҳазор байти маснавии нотамоми Дақиқӣ дар дили Фирдавсӣ, ки нигарони сарнавишти Эрон ва таъриху фарҳанги он буд, шавқи эҷоди “Шоҳнома”-ро парвариш доданд.

Фирдавсӣ дар чилсолагӣ ба навиштани “Шоҳнома” бар асоси дафтари мансури Абӯмансурӣ оғоз намуда, онро баъд аз сӣ сол, яъне дар ҳафтодсолагиаш, дар соли 1010 ба поён расонидааст:

Басе ранҷ бурдам дар ин соли сӣ,
Аҷам зинда кардам бадин порсӣ.

Пухтагию якдастӣ, устуворӣ ва зебоии сухани Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” далолат бар он медиҳад, ки ӯ пеш аз гуфтани асари бузургаш дар шоирӣ табъозмоиҳо кардаву варзидагии бисёр доштааст, вагарна ҳамшаҳри меҳрубонаш, ба қавле Амираки Мансур писари амир Абӯмансур Муҳаммад ибни Абдурраззоқи Тӯсӣ, ба вай чунин намегуфт:

Гушода забону ҷавонит ҳаст,
Сухан гуфтани паҳлавонит ҳаст.

Тасаввур кардан метавон, ки шоир дар ҷавониаш баъзе достонҳои куҳанро, ки миёни мардум ривоят мешуданд ва ё китобат шуда буданд, ба назм даровардааст ва онҳоро дар таҳрири нахустини “Шоҳнома” ҷой додааст.

Таҳрири нахустини “Шоҳнома”-ро Фирдавсӣ дар панҷоҳупанҷсолагиаш, дар соли 384 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 994-995 мелодӣ ба охир расонида будааст ва он бештар достонҳои паҳлавониро дар бар дошта, қисмати таърихӣ дар он ба ихтисор баён шуда буд. Ин таҳрир ба номи ҳеч подшоҳе тақдим нашуда буд, зеро каси сазоворе ёфт нашуд, ки шоир онро ба номи ӯ кунад.

Таҳрири нахустин рангу бӯйи фазои фикрии асри Сомониро дошт. Пас аз таҳрири нахустин Фирдавсӣ наздик ба бист соли дигар дар такмилу тасҳеҳи он кӯшидааст. Ба сухани дигар, ӯ тамоми умри худро ба шоҳномасароӣ гузаронидааст. Вай умед дошт, ки рӯзи пирӣ ҳосили ранҷҳои тӯлониаш бар хоҳад дод, бузургиву динору афсар хоҳад дод:

Бипайвастам ин номаи бостон
Писандида аз дафтари ростон,
Ки то рӯзи пирӣ маро бар диҳад,
Бузургию динору афсар диҳад.

Мутаассифона, ҳамаи ин умедҳои Фирдавсӣ барбод рафтанд, зеро ӯ таълифи «Шоҳнома»-ро вақте ба охир расонд, ки давлати Сомониён ба сабабҳои нофармонии сардорон ва ҷангҳо миёни онон, радду бадали пайдарпайи амирони сомонӣ, ҳамлаҳои туркони қарохонӣ, нохушнудии хилофати аббосӣ аз вазъи иҷтимоӣ ва фарҳангии қаламрави Сомониён ва ихтилофандозиҳои он миёни хонадонҳои ҳоким, хиёнат ва носипосии низомиёни туркнажоде, мисли Сабуктегин ва писараш Маҳмуди Ғазнавӣ, ки онро ба мақоми сарлашкарӣ расонида буданд ва ғ. дар ҳоли суқут буд ва ниҳоят дар соли 999 бо истилои Қарохониён дар Бухоро аз миён рафт.

Фирдавсӣ чанд сол мунтазири падид омадани марди саховатпешае мешавад, то ба ин восита аз дарвешию зиндагонии баранҷи хеш дар пиронсолагиаш раҳоӣ ёбад:

Бипайвастам ин номаи бостон,
Писандида аз дафтари ростон.
Ҳамедоштам, то ки ояд падид
Ҷаводе, ки ҷудаш нахоҳад калид.
Чунин сол бигзоштам шасту панҷ
Ба дарвешию зиндагонӣ ба ранҷ.

Дар ниҳоят умед ба султон Маҳмуд баст, ки соли 999 аз халифат маншури (санади) ҳукуматро гирифта буд ва аз баркашидагони подшоҳони Сомонӣ буд, тарбияти эронӣ дошт ва худро ҳаводори суннатҳову фарҳанги эронӣ вонамуд мекард ва дам аз эрондӯстӣ, ҳимояти аҳли донишу адаб мезад ва даъво мекард, ки насабаш ба Яздгирди Сосонӣ мерасад. Шоир тасмим мегирад, ки «Шоҳнома»-ро ба номи султон Маҳмуд кунад:

Ман ин ном фаррух гирифтам ба фол,
Ҳаме ранҷ бурдам ба бисёр сол.
Ҷаҳондор Маҳмуди бофарру ҷуд,
Ки ӯро кунад моҳу кайвон суҷуд,
Биёмад, нишаст аз бари тахти дод,
Ҷаҳондор чун ӯ надорад ба ёд.
Сари номаро номи ӯ тоҷ гашт,
Ба фарраш дили тира чун оҷ гашт .
Бипайвастам ин нома бар номи ӯй,
Ҳама меҳтарӣ бод фарҷоми ӯй,
Ки бошад ба пирӣ маро дастгир,
Худованди шамшеру тоҷу сарир.
Ҳамехоҳам аз Кирдгори баланд,
Ки чанде бимонад танам бегазанд,
Ки ин нома бар номи шоҳи ҷаҳон
Бигӯям, намонам сухан дар ниҳон.

Фирдавсӣ пас аз тасмими бахшидани «Шоҳнома» ба номи султон Маҳмуд боз шаш сол онро, ки шаҳрири дувум мебошад, ба сурати қобили писанди шоҳ дароварда, дар соли 1000 ё 1001 ба вай ҳадя намудааст.

Ҳамегуфтам ин нома, то чанд гоҳ
Ниҳон буд зи Кайвону Хуршеду Моҳ.
Чу тоҷи сухан номи Маҳмуд гашт,
Ситоиш ба офоқ мавҷуд гашт.

«Шоҳнома» ба дарбори Ғазна расид, вале султон Маҳмуд, ки шоири пир умед ба ӯ баста буд, онро қадр накард.

Чунин шаҳрёрею бахшандае,
Ба гетӣ зи шоҳон дурахшандае
Накард андар ин достонҳо нигоҳ,
Зи бадгӯву бахти бад омад гуноҳ.
Ҳасад бурд бадгӯй бар кори ман,
Табаҳ шуд бари шоҳ бозори ман.
Чу солори шоҳ ин суханҳои нағз
Бихонад, бибинад ба покиза мағз,
Зи ганҷаш ман эдар шавам шодмон,
К-аз ӯ дур бодо бади бадгумон!
В-аз он пас кунад ёд бар шаҳрёр,
Магар тухми ранҷи ман ояд ба бор.

Фаридуддини Аттор аз қавли Шайхи акобир Абдулқосим дар мадҳи габракон умр ба сар бурдани Фирдавсиро низ далел овардааст:

Чунин гуфт ӯ, ки: «Фирдавсӣ басе гуфт,
Ҳама дар мадҳи габре, нокасе гуфт.
Ба мадҳи габракон умре ба сар бурд,
Чу вақти мурдан омад, бехабар мурд».

Сабаби ин на «рафзу илҳоду қарматигарӣ ва мадҳи габракон», на ҳасад ва бадгӯйии Ҳасани Маймандии вазир, балки рӯҳияи эрондӯстию озодандешию хирадгаройии Фирдавсӣ ва нафраташ аз хилофати арабии Бағдод буд. Маҳз ҳамин дорои рӯҳу тафаккури фарҳанги эронӣ будани «Шоҳнома» боиси он мегардад, ки султон Маҳмуд онро, бо вуҷуди он ки дар муддати шаш сол ба табъу завқ ва эътиқодоти мазҳабии ин подшоҳи мутаассиб мувофиқ гардонида буд, рад намояд.

Ақидаи меросӣ ва нажодӣ будани тахти шоҳӣ ҳам, ки аз оғоз то анҷоми «Шоҳнома» талқин ва таъкид мешавад, наметавонист ба султон Маҳмуди Ғазнавӣ хушоянд бошад.

Султон Маҳмуд пас аз тақвияти салтанати хеш рӯ ба халифат овард, сиёсати худро ба куллӣ дигар кард. Ӯ вазири эронии хеш Ҳасанаки Майколро ба гуноҳи қарматӣ бо исрори халифа ба дор овехт, дар иҷрои сиёсати халифа ва ба қасди ғаниматғундорӣ борҳо ба Ҳинд лашкар кашид. Забони расмии идориро аз форсии тоҷикӣ ба арабӣ гардонид. Султон Маҳмуд барои хушомади дастгоҳи хилофат вонамуд ба диндорӣ кард. Завқи ӯ ба шунидани мадҳ мувофиқ гардида буд, на ба ҳамосаи миллие чун «Шоҳнома». Бинобар ин ҳам шоирони мадҳиясарои дарбори ғазнавиён, аз он ҷумла Фаррухӣ ба шоҳномаситезӣ оғоз намуда, достони безаволи Фирдавсӣ ва қаҳрамонон ва корнамоиҳояшонро паст мезаданд ва беқадр мешумориданд. Чунончи Фаррухӣ мегӯяд:

Махон қиссаи Рустами Зовулиро
Аз ин пас дигар, кон ҳадисест мункар.
Аз ин пеш будаст Зовулситонро
Ба Соми Ялу Рустами Зол мафхар.
Валекин кунун ор дорад зи Рустам,
Ки дорад чу ту шаҳрёре диловар.
Зи ҷое, ки чун ту малик мард хезад,
Кас он ҷо сухан гӯяд аз Рустами Зар?

Метавон гуфт, ки охири асри Х поёни давраи офариниши «Шоҳнома» ва асри андешаву фарҳанг ва оғози асри ҷаҳлу таассуб буд.

Абулқосим Фирдавсӣ пас аз барбод рафтани ранҷи сиюпанҷсолааш дар эҷоди “Шоҳнома” ва қадрношиносии замона ва зимомдорони он, марги писари сию ҳафтсолааш дар соли 1004 умедашро ба якборагӣ аз зиндагӣ меканад ва дар танҳоию нодорию ранҷ умрашро ба поён мерасонад.

Чу бар бод доданд ранҷи маро
Набуд ҳосиле сию панҷи маро.
Кунун умр наздики ҳаштод шуд,
Умедам ба якбора барбод шуд.

Соли вафоти ӯро як-ду сол пас аз соли 1009 ва ё пеш аз соли 1015 ва 1020 тахмин менамуданд. Ҷанозаи Фирдавсиро дар қабристони мусулмонон бо баҳонаи рофизӣ будани ӯ роҳ надодаанд. Ӯро дар боғи падараш гӯронидаанд. Низомии Арӯзии Самарқандӣ соҳиби «Чаҳор мақола» онро дар соли 1117 зиёрат кардааст.


ҚаблӣХаёт ва эчодиёти Дакики. Шохномаи Дакики
БаъдӣШохномаи Фирдавси