Китоби Мавлуди наби Мухаммад (с) – Мавлуд муборак!

Номи китоб: Мавлуди Набӣ (с)
Муаллиф: Мулло Йулдош Тўрабой ўғли Хилватӣ
Таҳияи Р. Қурбониён

Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно)


Mo толиби Худоем,
Бар дини Мустафоем,
Бар даргаҳаш гадоем,
Султони мо Муҳаммад


Наъти Набӣ (саллаллоҳу ъалайҳи васаллам)

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Он Муҳаммад, ки Расулуллоҳ буд,
Сарвари ҷумла гадову шоҳ буд.

Андалеб аст гулшани лавлокро
Дурри поки баҳри қурби Кибриё.

Мазҳари ҷумла халоиқ нури ӯ,
Мабдаи ҷумла ҳақоиқ нури ӯ.

Маҳрами хилватсарои товуҳо,
Борёби боргоҳи Кибриё.

Сарвари ҷумла набӣ маҳбуби Ҳақ,
Раҳбари ҷумла валӣ марғуби Ҳақ.

Шоҳбози қудси қурбатошён,
Булбули гулзори боғи ломакон.

Ҳам чароғи ҳар ду ъолам зоти ӯ,
Ояти Ҳақ дар сифоти зоти ӯ.

Он ки Оллоҳ восифи авсофи ӯст,
Ояташ дар мадҳи зоти поки ӯст.

Мадҳи ӯро кай башар иҷро кунад,
Қуфли мадҳашро забон кай во кунад?

Дини ӯ мансух карда ҷумла дин,
Худ биёмад раҳматтанлилъоламин.


Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно)

ҚаблӣКитоби Зарбулмасалу мақолҳои ҷаҳон – зарбулмасалхои точики
БаъдӣКитоби Марги Судхур (нашри нав, босифат) – Садриддин Айни