Китоби Зарбулмасалу мақолҳои ҷаҳон – зарбулмасалхои точики

Зарбулмасалхои халки точик. Зарбулмасали точики. Зарбулмасал ва мақолҳои тоҷикӣ. Зарбулмасал бо забони точики. Китоби зарбулмасалхо

Зарбулмасалхои точики

Номи китоб: Китоби Гулчини зарбулмасалу мақолҳои халқҳои ҷаҳон
Таҳияи Дилшод Раҳимов
Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно) 


Маълумот дар бораи китоб

Дар ин маҷмӯа беҳтарин зарбулмасалу мақолҳои 33 халқи ҷаҳон гирд омадаанд, мураттиб онҳоро аз маҷмӯаҳои гуногун, аз забонҳои русию англисӣ ва ғайра ба забони тоҷикӣ тарҷума намудааст.

Инчунин бахше бо унвони афоризмҳо ё суханҳои бузургон дар охири китоб илова гаштааст, ки аз ҷиҳати мазмун як навъ идомаи зарбулмасалҳо мебошад. Дар мундариҷаи зарбулмасалу мақолҳо ва афоризмҳо афкору таҷриба, маишату муносибот ва арзишҳои моддию маънавии мардумон бозтоб гаштаанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Маҷмӯа ба фолклоршиносону адабиётшиносон, омӯзгорону донишҷӯён ва умуман, кулли дӯстдорони фарҳанги мардум ва панду ҳикмат пешкаш мешавад.


Зарбулмасал яке аз густурдатарин жанрҳои хурд дар фолклори халқҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Он жанрест, ки дар ҳамаи давру замонҳо, дар ҳар гуна контекстҳои иҷтимоӣ дар лафзу баёни мардум, дар эҷоди осори манзуму насрӣ, дар таълифи матолиби илмию оммавӣ ва иттилоотӣ корбурди назаррасу нишонрас дорад.

Бузургон «Зарбулмасал дар сухан асал» гуфтаанд, ки бемуболиға аст ва воқеан ҳам он чун шаҳду асал гуфторро ширину дилкаш мегардонад ва ҳамсуҳбатро азизу арҷманд.

Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно) 


Зарбулмасалу мақолҳои амрикоӣ

1. Кореро, ки худат наметавонӣ, маслиҳат мадеҳ.

2. Маслиҳати хуб дершавӣ надорад.

3. Хашм бо аблаҳӣ сар мешавад ва бо дуо ба анҷом мерасад.

4. Хашм бехудшавии кӯтоҳ аст.

5. Хӯроки нав – иштиҳои тоза.

6. Рӯзе як себ хӯрдан беҳ аз дидори табиб.

7. Ҳавои бад атеистро дар як лаҳза ба Худо мегардонад.

8. Ҳамраҳи бад занҷири шайтон аст.

9. Рӯзи бад ҳеҷ гоҳ шаби нек надорад.

10. Сартарош сартароширо дар сари аблаҳон машқ мекунад.


Зарбулмасалу мақолҳои ҳиндӣ

1. Тухм бошад, чӯҷа ҳам мешавад.

2. Кори бошитоб натиҷаи хуб намедиҳад.

3. Қувва дар ягонагист.

4. Камбағалро ҳама дурӯғгӯй, нобакор ва аҳмақ мехонанд.

5. Дарахтро аз мевааш мешиносанд.

6. Зарфи чӯбинро танҳо як бор ба рӯи оташ мегузоранд.

7. Ҳар кас бо пӯсти худаш фахр мекунад.

8. Роҷа чи гуна, тобеонаш ҳамон гуна.

9. Мор чи гуна, морбачааш ҳамон гуна.

10. Гов вазнинии шохашро ҳис намекунад


Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно) 


Дигар мақолаҳои вобаста:

ҚаблӣАндешахои тарбиявию ахлокии Абулкосим Фирдавси дар «Шохнома»
БаъдӣКитоби Мавлуди наби Мухаммад (с) – Мавлуд муборак!