Китоби Марги Судхур (нашри нав, босифат) – Садриддин Айни

Марги Судхур Садриддин Айнӣ
Марги Судхур – Садриддин Айнӣ

Номи китоб: Марги судхӯр
Муаллиф: Садриддин Айнӣ
Нашри соли 2010 (босифат)

Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно pdf)


Қиссаи «Марги судхӯр» аз тарафи суханшиносони ватанию хориҷӣ чун қуллаи баландтарини ҳаҷви бадеӣ дар адабиёти дав- раи нави тоҷик эътироф шудааст. Ба гуфти адабиётшиноси маъруфи чех Иржи Бечка, «Садриддин Айнӣ дар «Марги судхӯр» дар тасвири олами рӯҳии судхӯрон ба комёбиҳои калон ноил гардид».

Ба тавассути ин қисса ҳаҷви С.Айнӣ ба тасвирҳои ҳаҷвии В.Шекспир, О.Балзак, А.С.Пушкин, Н.В.Гогол, С.Шедрин, Содиқ Ҳидоят барин нависандагони маъруфи дунё қиёс гардида, образи Қориисмат дар пояи образҳои барҷастаи ҳаҷвии адабиёти ҷаҳонӣ Шейлок, Гобсек, ритсари хасис – Плюшкин, Иудушка Головлев, Ҳоҷиоғо қарор мегирад.

Ин қисса дар як муддати кӯтоҳ ба алфози бонуфузи дунё, аз ҷумла забонҳои русӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чехӣ, лаҳистонӣ, маҷорӣ, руминӣ, украинӣ, литвонӣ, эстонӣ, қирғизӣ тарҷума ва чоп гардид.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Сабаби асосии чунин маъруфият дар он аст, ки «Марги судхӯр» аз тарафи нависанда борҳо таҳриру такмил дидааст ва агар аввалин мулоҳизаҳои адибро оид ба офаридани ин қисса ба эътибор гирем, таърихи эҷоди асар аз соли 1935 то соли 1953 давом кардааст. «Кори С.Айнӣ аз болои «Марги судхӯр» гувоҳ бар он аст, ки ин асар қариб бист сол ақлу дили нависандаро ба худ банд карда буд», – гуфтааст адабиётшиноси рус В.Панкина.

Ин асар ба забони тоҷикӣ борҳо бо ҳуруфоти лотинӣ, арабиасоси тоҷикӣ ва кириллӣ ба табъ расидааст ва табиист, ки дар матнҳои он хатоҳои хурду калони зиёд роҳ ёфтаанд. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки дар асоси тадқиқи матншиносии се нусхаи қаламӣ ва се нусхаи чопӣ матни илмӣ ва саҳеҳи қиссаро ба мута- хассисон ва оммаи васеи хонандагон пешкаш намоем.


Китобро боргирӣ кунед (скачать бесплатно pdf)


Иншо дар бораи Марги Судхур

Марги судхур Садриддин Айни марги судхур читать

ҚаблӣКитоби Мавлуди наби Мухаммад (с) – Мавлуд муборак!
БаъдӣМаърифати оиладорӣ – Муқаддима