Корхонаҳои давлатӣ ва корхонаҳои хусусӣ

Корхонаҳои давлатӣ, асосан, тибқи сирати низомҳои иқтисодӣ, моликият ва соҳибию истифода ташкил мегарданд.

Дар шароити иқтисоди амрӣ корхонаҳои давлатӣ ҳамчун моликияти умумихалкӣ таъсис ёфта, аз ҷониби ҳукумат, ташки-лотҳои давлатӣ, вазоратҳо баҳри иҷро кардани вазифаҳои нақ-шавии давлат истифода карда мешаванд. Фаъолияти истеҳсолӣ, хоҷагидории молиявӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, бурунмарзиашон аз ҷониби он ташкилотҳо ташкилу инкишоф дода мешаванд. Ҳавасмандӣ, манфиатҳои иқтисодӣ, фаъолияти озоди соҳибкорӣ дар ин ҷо нисбатан маҳдуд карда шудаанд ва коллектив ба натиҷаи ниҳоии он ҳавасманд нест.

Дар шароити капитализм, корхонаҳои давлатӣ дар мояи моликияти хусусӣ ва принсипи қисман ё пурра харида гирифтани корхонаҳои муфлисшуда ва аз нав сохтани корхонаҳо сурат мегиранд. Ба моликияти давлатӣ на соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ, балки қисми зиёди соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ, соҳаҳои зерсохти бозорӣ дохиланд. Аксар вақт онҳо дар асоси боз харида гирифтани корхонаҳо, аз нав таҷҳизонӣ, сармоягузории иловагӣ ва ба соҳибкорон баргардонда додани онҳо, ба мақсади адои фармоишҳои давлатӣ ва соҳибкорию ба даст овардани фоида ташкил карда мешаванд.

Баъзан корхонаҳои давлатӣ ҳамчун шакли корхонаҳои муштарак – моликияти давлат бо шаклҳои дигари моликият, (моликияти хусусӣ, моликияти давлатҳои хориҷӣ ва ғайра) таҳсис дода мешаванд. Онҳо дар асоси принсипи ҳисоби тиҷорат фаъолияти соҳибкории худро анҷом мепазиранд.

Корхонаҳои хусусӣ шакли оддитарини хоҷагидории инфи-родӣ (шахсӣ) ва оилавӣ дониста мешавад. Он, одатан дар шакли корхонаҳои хурду миёна дар соҳаҳои тавлиду тиҷорат, дар асоси моликияти шахсии фарди алоҳида ё худ оилаю гурӯҳи алоҳидаи соҳибкорон, қисми даромад ва молу амволи якҷояи онҳо ташкил карда мешавад. Тибқи қонунгузориҳои кунунӣ ҳар як фарди алоҳида ҳаққу ҳуқуқи моликияти давлатӣ ва мунисипиалиро харидан ва ба моликияти шахсӣ табдил додан дорад. Ҳадду ҳудуд, вазифа ва масъулияти ба дӯш доштаи корхона бо воситаи устави корхона ба қайд гирифта мешавад. Ба он иҷозат ба номгузорӣ ва иҷрои амалиётҳои ташкилию ҳуқуқӣ дода мешавад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

Бештар дар мавзӯи зерин маълумот оварда шудааст >> ТАФРИҚАСОЗИИ КОРХОНАҲО ВА МЕЪЁРИ ОНҲО


Корхонахои давлати ва корхонахои хусуси, корхонахои давлатии Точикистон.