Коркарди бизнес-нақша оиди таъсисдодани хоҷагии деҳқонӣ (кори дипломӣ)

Кори курсӣ, кори дипломӣ, лоихаи хатм, рисолаи дипломи дар мавзӯи зерин:

Коркарди бизнес-накша оиди таъсисдодани хочагии дехкони барои истехсоли чормагзи зеризамини, ТАВСИФИ МУХТАСАРИ ЛОИХА, РЕЗЮМЕ, НАКШАИ МАРКЕТИНГИ, НАКШАИ ИСТЕХСОЛИ, НАКШАИ ТАШКИЛИ, НАКШАИ МОЛИЯВИ


Коркарди бизнес-нақша оиди таъсисдодани хоҷагии деҳқонӣ барои истеҳсоли чормағзи зеризаминӣ

МУНДАРИҶА

 МУҚАДДИМА

Давоми матн пас аз блоки реклама
  1. ТАВСИФИ МУХТАСАРИ ЛОИҲА
  2. РЕЗЮМЕ
  3. НАҚШАИ МАРКЕТИНГӢ
  4. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛӢ
  5. НАҚШАИ ТАШКИЛӢ
  6. НАҚШАИ МОЛИЯВӢ

ХУЛОСА

АДАБИЁТҲОИ  ИСТИФОДАШУДА


Кори дипломиро боргирӣ (скачать) кунед  


Банақшагирӣ – ин элементи ҳатмии ҳама гуна фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.

Ба комёбии устувор муваффақ гаштан дар бизнес бе мақсадиҳои аниқи фаъолияти худ, ҷамъоварии доимӣ ва таҳлили маълумот оиди ҳолати фурӯш дар бозор, мавқеи рақибон, имконият ва фаъолияти худ дар оянда имконнопазир аст. Дар мадди аввал комёбии ҳар як бизнес аз то чӣ андоза самаранок интихоб шудани соҳаи фаъолият, дурустии баҳо додани вазъи бозор, итихоби стратегия ва коркарди тактика амалӣ намудани он вобаста аст.

Бизнес-нақша ҳалли вазифаҳои стратегияии фаъолияти корхонаро ба назар мегирад:

– баҳодиҳии ташкилӣ-идоравӣ ва милиявӣ-иқтисодии ҳолати корхона;

– муайян намудани имкониятҳои потенсиалии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳлили ҷиҳатҳои қавӣ ва заифи он;

– банақшагирии тараққиёти иҷтимоии коллективи корхона;

– ташаккули мақсадҳои инвеститсионӣ дар давраи нақшавӣ.

Бизнес-нақша – ин асбоби махсуси идоракунӣ мебошад, ки қариб дар ҳамаи соҳаҳои муосири иқтисодиёти бозорӣ новобаста аз миқёс ва соҳаи фаъолияти корхона, шакли моликият васеъ истифода бурда мешавад

Вазифаи бизнес-нақша аз пурра ва бо тартиб баҳо додани ояндаи лоиҳаи инвеститсионӣ иборат мебошад.

Аз ин нуқтаи назар он ҳамчун шакли пешакии асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳои калон ва ё миёна дар банақшакашии расмӣ, ки амалӣ намудани он сатҳи баланди фаъолнокии тиҷоратии корхонаро таъмин менамояд, баромад мекунад.

Мутобиқан ба корхонаҳои хурд, бизнес – лоиҳаҳо ва лоиҳаҳои саноатӣ он бизнс-план ҳуҷҷате ба ҳисоб меравад, ки натиҷаҳои лоиҳаро пурра инъикос мекунад.

Бизнес-нақша истифода бурда мешавад:

Аз тарафи ҳайати коркунони идоракунандаи ширкат:

-барои муайян намудани доираи муаммоҳое, ки корхона ҳангоми амалӣ намудани мақсадҳои пешбинишуда дучор мегарданд;

– баҳо додани ҳолати молиявӣ ва рақобатпазирии корхона дар бозори мавҷудбуда ва нави мол ва хизматҳо;

– тивсия ва таъмин намудани ҳалли ин муаммоҳо.

Маблағгузорони потенсиалӣ ва ҳарифон:

– барои баҳо додани самаранокии иқтисодии бизнес-лоиҳаи аз тарафи ширкат пешбинишуда, реалӣ будани ба даст овардани фоида;

– ба кредиторон баргардонидани маблағҳои ба лоиҳа гузошта.


Кори дипломиро боргирӣ (скачать) кунед