Шархи хол ва осори Абдурахмони Чоми (иншо)

Шархи хол ва осори Абдурахмони Чоми Шарҳи ҳол ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ (иншо)


Шарҳи ҳол ва осори Абдурраҳмони Ҷомӣ

Нақша:

Муқаддима

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Мухтасари тарҷумаи ҳоли шоир
  2. Мероси адабии шоир
  3. Мавқеи панду ахлоқ дар эҷодиёти Абдуррахмони Ҷомӣ

Хулоса

Абдурраҳмони Ҷомӣ 7-уми ноябри соли 1414 дар деҳаи Харҷурди вилояти Ҷоми Хуросон ба дунё омадааст. Ҷоми яке аз намояндагони бузурги илму адаби форсу тоҷик маҳсуб мешавад. Шоир таҳсилоти ибтидоиро дар назди падари худ гирифта, инчунин забони арабиро то андозае аз худ кардааст. Тавре худи Ҷомӣ мегӯяд: «Мо дар ҳақиқат шогирди падари худ ҳастем, ки илм аз вай омӯхтем». Ҷомии хӯрдсол аз овони кӯдакӣ зеҳни бурро, ақлу фаросату одобу ахлоқи аҷоибе дошт. Ҳанӯз аз кӯдакӣ ба шеъру шоирӣ шавқу ҳаваси зиёде доштааст. Бинобар ин, фаъолияти эҷодии худро хеле барвақт оғоз намудааст. Ҷомӣ барои такмил додани илму дониши хеш ба шаҳрҳои Ҳироту Самарканд, Қазвину Ҳамадон, Курдистону Бағдод сафарҳо кардааст. Дар охир ба Ҳирот баргашта, боқии умри худро дар шаҳри Ҳирот гузаронидааст. Абдурраҳмони Ҷомиро дар Ҳирот ҳама арбобони давлату аҳли илму адабиёт бо эҳтиром ва гамхории ҳаматарафа қадрдонӣ мекарданд. Ҷомӣ соли 1492 дар шаҳри Ҳирот вафот кардааст. Маросими дафни Ҷомӣ ба маъракаи бузурге табдил ёфт. Аксарияти шоирони Ҳирот, аз ҷумла наздикону пайвандони ӯ, дар ҳаққи эшон марсияҳо навиштаанд. Оромгохи Ҷомӣ дар шаҳри Ҳирот зиёратгоҳи оламиён гаштааст.

Мероси адабии шоир аз асарҳои манзуму мансур иборат аст. Асарҳои бузургтарини шоир «Баҳористон» ва достони «Ҳафт авранг», ки аз ҳафт достони манзум иборат аст, ба ҳисоб мераванд. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар пайравии хамсасароёни гузашта: Низомӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ достони «Ҳафт авранг»-и худро таълиф намуд. Ҷомӣ дар бораи «Ҳафт авранг » ва мавқеи он сухан ронда, достонҳои худро ба ситораи ҳафтбародарон монанд мекунад:

Ин ҳафт сафина дар сухан ҳамранганд,
В-ин ҳафт хазина дар гуҳар ҳамсанганд.
Чун ҳафт бародарон бар ин чархи баланд,
Номӣ шуда бар замин ба «Ҳафт авранг»-анд.

 Достон ва маснавиҳои «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ дар замонҳои гуногун эҷод шуда, аз се маснавӣ ва чор достон иборат мебошанд.

Яке аз асарҳои машҳури насрии ӯ «Баҳористон» мебошад. Ин асар дар пайравии «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ эҷод шудааст ва аз ҳашт боб иборат аст. Ҳар як боби он аз ҳикоятҳои пандуахлоқӣ таркиб ёфтааст.

Қисми дигари эҷодиёти шоирро девони газалиёти ӯ ташкил медиҳад, ки ба мавзӯъҳои мухталиф бахшида шудааст. Осори Абдурраҳмони Ҷомӣ гуногунмавзӯъ мебошанд. Дар ҳама асархои ӯ мавқеи панду ахлоқ хеле назаррас буда, дар тарбияи маънавии хонандагон нақши бузург мегузоранд. Тарбияи фа рзанд ва ахлоқи ӯ аз назари шоир хеле муҳим аст. Бинобар ин, Ҷомӣ дар бобати одобу ахлоқ ва фазилати фарзанд сухан ронда, ифтихор ва пайдории ному насаби авлод ва оиларо дар ҷомеа, бахуеус, қайд менамояд:

Ҳеҷ неъмат беҳтар аз фарзанд нест,
Ҷуз ба ҷон фарзандро пайваид нест.
Ҳосил аз фарзанд гардад коми мард,
Зинда аз фарзанд монад номи мард.

Ҷомӣ бо чунин васила фарзандонро аз якдигар фарқ карда, дар бораи фарзанди нохалаф сухан ронда, таъкид менамояд, ки на ҳамаи фарзандон ба шаъну шараф ва иззату эҳтиром сазоворанд.

Мавзӯи дигари пандуахлоқии эҷодиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ тарғиби илму дониш мебошад. Шоир илму донишро муқаддас шуморида, инсонҳоро ба омухтани он даъват менамояд. Қадри китобро низ аз ин ҷиҳат баланд меҳисобад:

Аниси кунҷӣ танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
Дарунаш ҳамчун ғунча аз варақ пур,
Ба қимат ҳар варақ з-он як табақ дурр.

Ё дар ҷойи дигаре чунин фикру андешаи худро тақвият дода, мегӯяд:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гушаи танҳоӣ
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Ҳамин тариқ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ҳамчун олим, шоир, якс аз адибони намоёни адабиёти кдассикии форсу тоҷик дар осмони илму адабӣ асри XV чун ситораи дурахшон ҷилвагар гардидааст Ӯ дар сурудани газал ба шоирони бузурги гузашта Саъдиву Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Ҳофизу Камоли Хуҷандӣ пайравӣ намудааст.

ҚаблӣҚобилият / Кобилият (реферат, кори мустакилона)
БаъдӣКоркарди бизнес-нақша оиди таъсисдодани хоҷагии деҳқонӣ (кори дипломӣ)