Тарбияи эстетикӣ дар ҷараёни таълим

Тарбияи эстетики дар чараёни таълим.


Раванди педагогӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти кӯдаконро фаро мегирад ва барои он ки ҳамаи сифатҳои тарбивии онҳо дуруст сурат гирад, бо таъсири ягонаи системаи таълимӣ-тарбиявӣ, ки танҳо дар образҳои асарҳои санъат, инчунин дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти шахсии кӯдакон зебоӣ бояд зуҳУр ёбад. Онҳоро дар таълим, меҳнат, ҳаёти ҳамарӯзаи пай дар пай ба дидан, ҳис кардан ва зебо гардондан бояд омӯхт.

 Дар тарбия ва инкишофи эстетики кӯдакон нақши дарсҳои забони модраӣ, мусиқию суруд, санъати миллӣ вам еҳнат бағоят калон аст. Ногуфта намонад, ки ҳоло ба ҷои Фанҳои ба таври сунъӣ ва ҳамдигар ҷудоӣ пештара: «Алифбо», «Хониш», «Грамматика ва имло», «Инкишофи нутК», «Хониши берун аз синф» вағайра як фанни муштараки бо ҳам алоқаманд «Забони модарӣ» ҳамгиро карда шудааст. Чунин ҳамгиросозӣ талабагонро аз сарборӣ Раҳо намуда, тамоми қисматҳои таркибии болоро комилан дарбар мегирад ва ҳамгиро омӯзонида мешавад.[1]

 Дар дарсҳои забони модарӣ кӯдакон на фақат зебоӣ ва қувваи латофатию ҷозибадории ифодаёбии забон, ҳамчунин бо ёрии калимаҳо эҷодкуниро низ меомӯзонад. Мактаббачагони хурдсол дар инкишоф додани нутқ бо кӯмаки муаллим ба рамсҳо нигоҳ карда, ҳикояҳо тартиб медиҳанд, образҳои нав эҷод мекунанд. Кӯдакон бо ёрии калимаҳо роҳҳои эҷодкуниро ёд мегиранд. Онҳо образнок нақлкунӣ, хондан, образҳои асарҳои бадеиро дар тасаввуроти фаҳмишӣ худ эҷод намуда, нозукиҳои рфтори одамонро таҳлил менамоянд. Ба қувваи эҷодии кӯдакон бовар карда, дараҷаи тарбияи эстетики онҳоро ба таври мустақилдона бояд баланд бардошт.

 Дар мусиқӣ яке аз воситаҳои муҳими тарбияи эстетикӣ ба шумор мераванд. Онҳо дар дили кӯдакон эҳсосоти гуногун, аз оддитарин фараҳмандӣ то ба ҳаловати чуқури ахлоқии масъулияти беҳад инсонпарварӣ вам уҳаббати бепоён ватандӯстиро бедор мекунанд. Мусиқӣ ба ташакулдиҳии идеалҳо мадад мерасонад ва ба рафтори кӯдакон таъсир мекунад. Мусиқӣ ва суруд дар тарбияи маънавии кӯдакон бевосита аҳамияти калон дошта, онҳо дар якҷоягӣ ба муттаҳидшавии онҳо саҳми муайян мегузоранд. Аз ин рӯ, дар тавзеҳоти барномаи фанни мусиқии синфҳои ибтидоӣ омадааст: «ҳадафи асосии дарсҳои мусиқӣ ақлу хиради баланд, ахлоқи ҳамида, виҷдони пок, инсони ғамхору накукор, ватандӯсту сулҳҷӯ, далеру бебок, ҷавнмарду шикебо».[2]

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

 Барномаи мусиқӣ инкишофи мусиқидонӣ дарку фаҳми мусиқӣ ва асосии ҳамаи дигар (сурудхонӣ, рақсидан, маърифати мусиқӣ пайдо кардан ва ғ.) ташкил медиҳад. Ба муаллимони синфҳои ибтидоӣ лозим аст, ки ба дарсҳои мусиқӣ иштирок карда, дар ҳамкорӣ бо муаллими мусиқӣ дар корҳоиберуназсинфи роҷеъ ба моҳияти мусиқӣ дар ҳаёти одамон, созхсиқии халқӣ, суннатҳои бобоӣ ва маросимҳои анъанавии ниёгон, парвариши завқу ҳавас, рушду нумӯъи дарки зебоӣ ва салиқаи бадеӣ ва ғайра бояд сӯҳбату чорабиниҳо ташкил кунанд.

 Дарсҳои санъати миллӣ ва меҳнат ҳам дар тарбия ва ташаккули эстетики талабагон аҳамияти калон доранд. Ин фанни муштарак, чун забони модарӣ қисматҳои тасвирӣ ва таълими меҳнатро, ки бо ҳам алоқамандӣ доранд,ҳамгиро карда шудаанд. Дар рафти таълими ин фан шогирдон дар ҳиссаи аввал аз як тараф расм мекашанд ва дар ҳиссаи дигар, дар заминаи ашёи кашидаашон аз пластилин онро месозанд ва ё баръакс. Агар ҳаҷми кор зиёд бошад, муаллим метавонад як дарси пурраро ё ба меҳнат ва ё ба расмкашӣ бахшад.

 Дар санъати рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, кандакорӣ, наққошӣ, санъати меъморӣ вам еҳнат зебоии ҳаёт, табиат ва ҷомеа ифода меёбад. Асарҳои санъати тасвирӣ одамонро ба нафосат рафтори қадркунии меҳнату санъати воло ҳидоят мекунад. Қобилияти нозукфаҳмии зебоӣ дар санъати тасвирӣ вам еҳнат дар кӯдакони алоҳида зимни фаъолияти шахсии рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва наққошон ба вуқуъ мепайвандад. Муаллими синфҳои ибтидоӣ ба дарсҳои санъати тасвирӣ вам еҳнат эътибори ҷиддӣ дода, шогирдонро ҳамеша ба расмкашӣ ва наққошӣ рӯҳбаланд карда меистад.

 Дар дарси таълими меҳнат талабагон аз рӯи расмҳои кашидаи худ, чунончи пиёла, чойник, бозичаҳо шакли онҳоро аз пластилин месозанд ва бо рангу бор зиннат медиҳанд. Таълими меҳнат дар тарбияи эстетикӣ ҳамто надорад, чунки тамоми зебоиҳои зиндагӣ тавассути меҳнавт офарида шудааст.

Ҳамин тавр, дарсҳои забони модарию адабиёт, мусиқӣ, санъати тасвирӣ заминаи аваллини шиносоӣ нисбати мафҳумҳои эстетикӣ ва ахлоқӣ мебошанд. Вале ин чунин маъно надорад, ки фақат ҳамин фанҳои ба тарбияи эстетикӣ муносибият доранду бас. Ин тавр пиндоштани хатои маҳз аст. Тарбияи эстетикӣ ҳамаи ҷабҳаҳои ҳаётро фаро мегирад, ба таълими ҳамаи фанҳо ва тамоми корҳои берунаазсинфӣ тааллуқ дорад. фан ва дарсе нест, ки бевосита ва бавосита зебоии муҳити зист ва хулқи накӯи одамонро васфу тараннум накунад. Дар «Ахлоқӣ Муҳсинӣ»-и ҳусайн Воизи Кошифӣ омада: «Мурод аз хулқ хуш хӯист ва ғараз аз рафқ нармиву дилҷӯ ва яке аз созгорӣ бошад, ба мулотифат (нармӣ) ва яке корсозӣ ба мадоро ва мулоимат ва аммо хулқ некутарин неъмате ва зеботарин хислатест…

Ман надидам дар ҷаҳони ҷустуҷӯ, ҳеҷ аҳлият беҳ аз хулқи накӯ…»[3].

 Аз синни бармаҳали кӯдакӣ ёд додани дарки зебоишиносӣ ва рафтори накӯ ниҳоят зарур аст. Ба ин мақсад дар коллективҳои мактабиён корҳои гуногун бурда мешавад. Барои дар хонандагон тақвият додани рафтори шоиста бахусус завқи эстетикӣ, муаллимон бояд аз панду ҳикматҳои ниёгон, маводҳои рӯзнома, радио, тлевизион васеъ истифода баранд. Дар ҳузури коллектив ба муаллимон лозим аст, ки некукори ва рафторҳои муносиби кӯдаконро мунтазам қадр карда, онҳоро дар кӯдакони сини хурди мактабӣ кам нестанд: интизомнокӣ, меҳнатдӯстӣ, сарфакорӣ нисбати моликияти давлатӣ, ватандӯстӣ, далерӣ, инсондӯстӣ, ҳисси коллективизм, ғамхорӣ ба одамони яккадаст ва амсоли инҳо. ҳамаи ҳаловатбариҳои эстетикӣ дар дарс, раванди фаъолияти меҳнатӣ ва хушнудиҳои ҳаёти ҳамарӯза, алалхусус дида тавонистан, дарк кардан, қадр намудани зебоии муҳити атроф қобилияти зебошиносии кӯдаконро инкишоф медиҳад. Хусусан таассуротҳои гуворои ҳаёт қобилияти чуқуртар дарккунии забони санъатро дар мактабиёни хурдсол инкишоф дода, дар онҳо ташаккули пешакии таҷрибаи ҳаёти воқеии эстетикиро таъмин мегардонад.


  • [1] ниг.Шарифов Ф. Назария ва амалияи таълими ҳамгиро дар маарҳилаи ибтидоии мактаби миёна. Душанбе, 1997. с.29.
  • [2] Ниг.Шарифов Ф. Назария ва амалияи таълими ҳамгиро дар марҳилаи ибтидоии мактаби миёна. Душанбе, 1997. с.29.
  • [3] Ҳусайн Воизи Кошифӣ. «Ахлоқи Мӯҳсинӣ» Душанбе, 1991. с.157.

 Мавзӯи пурра >> Тарбияии эстетики хонандагон

ҚаблӣНақши тасаввуроти эстетикӣ дар тарбияи мактабиёни хурдсол
БаъдӣТарбияи эстетикӣ дар корҳои берун аз синф