Тахлили таркиби калима

Таҳлили таркиби калима

Муайян кардани ҳиссаҳои калима: реша, пешванд, пасванд, асос ва бандак.

Калимаи сиёҳидонча ба чор ҳисса (морфема) ҷудо мешавад: сиёҳ-ӣ-дон-ча. Ҳар кадоми ин ҳиссаҳо маъно дорад: сиёҳ маънои луғавӣ дошта, рангро мефаҳмонад. Ҳиссаҳои дигар маънои граматикӣ доранд: -ӣ ҳамчун пасванд аз сифати сиёҳ исми сиёҳӣ сохтааст, -дон зарфият ва –ча хурд будани чизро мефаҳмонад.

Дар калимаи сиёҳидонча реша сиёҳ буда, аз ин реша бо ёрии пасвандҳо калимаҳои сиёҳӣ, сиёҳидон, сиёҳидонча сохта шудаанд. Дар ин калима се марҳилаи калимасозиро мушоҳида мекунем: 1) Сиёҳ + ӣ; сиёҳӣ + дон; сиёҳидон+ча.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣБандакҳои хабарӣ – Бандакхои хабари
БаъдӣБа вучуд омадани давлатхо дар Хиндустони кадим